Маъсумаи Турфа: Ташаккури зиёд, оқои Давлаталӣ Давлатов. Албатта, барои ҳама равшан аст, ки номзади Ҳизби Халқи Демукрот ҷаноби Раҳмонов аст ва медонем, ки аз бисёр шаҳру навоҳии дигар ҳам эшонро пешниҳод кардаанд ва касе ҳеҷ интизори дигаре ҳам надорад албатта. Вале муқаддаматан мехостам аз шумо суол бикунам, ки оё афроди дигаре ҳам дар дохили ҳизби шумо ҳастанд, ки мумкин аст, номи худашонро пешниҳод кунанд дар марҳилаи қабл аз интихоби номзад?
Давлаталӣ Давлатов: Ягона номзаде, ки имрӯз дар созмонҳои шаҳриву ноҳияии Ҳизби халқӣ - демократӣ аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ пешбарӣ гардидааст барои он номзадро дар анҷумани ҳизб баррасӣ кардан, ин номзадии ҷаноби оқои Раҳмонов мебошад. Ва то имрӯз аз миёни аъзои дигари ҳизби мо, ки шуморашон беш аз сад ҳазор нафар аст, касе номзадии худро пешбарӣ накардааст.
Маъсумаи Турфа: Албатта, Ҳизби Халқи Демукрот солҳои зиёд ба раҳбарии ҷаноби оқои Раҳмонов дар ҳукумат аст. Ва мехоҳам суол бикунам, ки имсол бо чӣ фикрҳо ва истротежии ҷадид вориди интихоботи ҷадид мешавед?
Давлаталӣ Давлатов: Пеш аз ҳама идомаи бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон, бунёди ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, сохтани иқтисоди муқтадире дар кишвари мо, ки тавонад, шароити зиндагии осударо барои мардуми Тоҷикистон фароҳам биоварад. Ин аст асоси стратегияи Ҳизби халқӣ-демократӣ дар марҳилаи тайёрӣ ба интихобот. Ва гуфтан лозим аст, ки имрӯз мо дар ин ҷода ба як қатор дастовардҳо ҳам ноил гардидем, пеш аз ҳама ин дар соҳаи иқтисод. Дар соҳаи иқтисод Тоҷикистон дар ним соли 2006 ва дар ҷамъбасти соли 2005 ба дастовардҳои калоне ноил гардид, Ман дар бораи он рақамҳо чизе гуфтанӣ нестам, ин ба ҳама маълум аст. Он корҳои реалие, ки имрӯз дар Тоҷикистон анҷом шуда истодаанд, махсусан бунёди роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, он объектҳои муқтадире, ки имрӯз дар Тоҷикистон шурӯъ шуда истодаанд, ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки барномаи иқтисодии Тоҷикистон, он чизе, ки ҷаноби олӣ дар паёмашон гуфта буданд ва он чизе, ки дар барномаи Ҳизби халқӣ-демократӣ омадааст, иҷро шуда истодааст. Дар марҳилаи оянда пеш аз ҳама мо мехоҳем, ки Тоҷикистон ба як кишвари мутамаддин ва муосир мубаддал гардад, ки дар он пеш аз ҳама демократия асос ёбад ва дар асоси меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мо зиндагӣ кунем.
Маъсумаи Турфа: Ман имрӯзҳо бо теъдоде аз раҳбарони мухолифон, раҳбарони аҳзоби мухталифи Тоҷикистон (набояд гуфт мухолифон) суҳбат мекардам ва онҳо нукотеро матраҳ мекарданд, ки ман ҳам бо ҷаноби шумо матраҳ хоҳам кард. Албатта, онҳо ҳам хостори демукросӣ ҳастанд ва ба иқтисод ҳам таваҷҷуҳ доранд. Яке аз масоиле, ки фикр мекунанд он раҳбарон метавонад, монеъе дар эҷоди ҷомеъаи демукросӣ ва солим бошад, ин аст, ки мегӯянд, фасоди зиёде ҳаст ва маҳалгароӣ ҳаст дар ҷараёни корҳои давлатӣ. Ман мехостам посухи шуморо бишнавам ба ин интиқодоте, ки мешунавем.
Давлаталӣ Давлатов: Ман дар бораи ин интиқодҳое, ки аз ҷониби мухолифин, гуфтан мумкин аст, мешавад, мо хабар дорем, медонем. Гуфтан даркор аст, ки баъзан дар ҷомеъаи мо унсурҳои коррупсия (фасод), ришвахорӣ ҳам вуҷуд дорад, ҳамчун дар ҳар як ҷомеъаи рӯ ба пешрафт. Ва бо он дар сатҳи давлатӣ мубориза бурда мешавад. Як барномае ҳам, ки барномаи мубориза бо коррупсия аст ва аз ҷониби раҳбари мо пешниҳод шуда буд, дар асоси он корҳои амалие дар атрофи ин мавзӯъ шуда истодааст, дар баъзе соҳаҳо дастовардҳое ҳам ҳаст, вале мутаассифона, имрӯз на ҳамаи коррупсия дар Тоҷикистон барҳам дода шудааст.
Маъсумаи Турфа: Як масъалаи дигаре, ки ҳамчунин ҳамеша нисбаташ аз тарафи Ҳизби Халқи Демукрот таваҷҷуҳ шудааст, масъалаи маҳалгароист, ки барои он ҳам шумо барномае доред. Ин ҳам яке аз мавзӯъҳое буд, ки аҳзоби дигар матраҳ мекарданд. Дар мавриди ин чӣ пешрафтҳое шудааст?
Давлаталӣ Давлатов: Ман инро гуфта метавонам, ки имрӯз асоси сиёсати кадрии раҳбари давлати Тоҷикистон ва раҳбари ҳизби мо ин шудааст, ки талаботи он кас шахси ихтисосманд, яъне мутахассиси ҳамон соҳа бояд, ки сарвари ҳамон коргоҳ бошаду бо он кор машғул бошад. Ин талаботи асосии раҳбари ҳизби мо мебошад ва ба ин талабот он кас собитанд. Дар аксар мавридҳо он кадрҳое, ки имрӯз дар Тоҷикистон кору фаъолият карда истодаанд ва ба ивази кадрҳои куҳна омадаанд, онҳо соҳиби ихтисоси баланд ва мутахассиси соҳаи худанд.
Маъсумаи Турфа: Яке аз нигарониҳои аҳзоби дигаре, ки эҳтимолан номзадҳои дигареро барои интихобот пешбарӣ хоҳанд кард, ин аст, ки кумисюни марказии интихобот вуҷуд дорад, вале онҳо мегӯянд, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ гоҳе вақтҳо барои ҷамъоварии имзоҳо ва ё барои пешбарии номзадии худашон бо мушкил рубарӯ мешаванд; онҳое, ки дар маҳалҳо кор мекунанд. Оё шумо барномаи мушаххасе доред, ки онҳоро бештар таҳти назар дошта бошед нисбат ба солҳои гузашта?
Давлаталӣ Давлатов: Имрӯз мо дар асоси қонуни нави интихобот ба интихобот омодагӣ гирифта истодаем. На танҳо мо, балки ҳамаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон. Қонуни нави интихобот дар навбати худ дар асоси он дигаргуниҳое, ки ба Сарқонуни Тоҷикистон ду сол пеш ворид шуда буданд ва пеш аз ҳама он аносири демократиро дар назар доштанд, дар ҳамон асос тағйирот ва иловаҳо гирифт қонуне, ки ҳоло дар дасти мо аст. Ва ин қонун ба ҳар як ҳизби сиёсӣ имконият медиҳад, ки дар асоси баробарӣ, шаффофият ва назорат аз болои органҳои назоратӣ дар интихобот иштирок кунанд. Ҳамчунин, қонун имкон медиҳад, ки ҳар як ҳизб мушоҳидони худро дошта бошад ва ба воситаи намояндагони худ дар ҳавзаҳои интихоботӣ, чӣ тавре шумо гуфтед, намояндаҳои худро дошта бошад ва бо ҳамин баробарҳуқуқии ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ҳамаи иштирокчиёни интихобот таъмин карда мешавад. Он чизе, ки имрӯз аз он хавф мебаранд, асос надорад. Чунки намояндаи мо дар ҳамон ҷо, дар баробари дигар аҳзоби сиёсӣ иштирок мекунад, ин имконият медиҳад, ки ҳама дар асоси баробарҳуқуқӣ кор кунанд.
Маъсумаи Турфа: Аз саҳнаи сиёсӣ, аз аҳзоб ва матлабҳои сиёсӣ каме дур биравем. Мардуми Тоҷикистон як мушкиле, ки.. Бибахшед, ки ман фақат аз мушкилҳо суҳбат мекунам, вале бояд дар чунин шароит ин тавр кард. Фақр. Ва медонам, ки дар мубориза бо фақр давлат ҳам корҳои зиёде карда ва созмонҳои байнулмилалӣ ҳам пули зиёде додаанд. То чӣ ҳад коста шудааст шиддати фақр дар Тоҷикистон?
Давлаталӣ Давлатов: Он маълумоти расмие, ки дар дасти ҳамагон ҳаст имрӯз дар давоми ин панҷ соли охир хатти фақр аз 85 ба 64 фаромад, яъне беш аз бист фоиз коҳиш ёфт. Ва дар ояндаи наздиктарин имкон дорад, ки он боз сӣ фоизи дигар кам шавад. Ин ҳама дар барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон оварда шудааст, дар он барномаҳое, ки ҳамчунин бо Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи Барномаи рушди ҳазорсола таҳия шудаанд, ин чиз ифода шудааст ва давлат ҳам кӯшиш карда истодааст, ки ба ҳамин ҳад расад. Ва инро мо дар ҳаёти воқеъии мардуми Тоҷикистон дида истодаем, ки сол ба сол ва рӯз ба рӯз дар зиндагии мардум беҳбудиҳо дида мешавад.
АЗ ҲАМИН РИШТАГУФТУГӮҲО:
Раҳматулло Валиев: "Яке аз номзадҳо ман ҳастам"
Раҳматулло Зойиров: "Агар сиҳатиам иҷоза диҳад, номзадиамро пешбарӣ мекунам"
Муҳиддин Кабирӣ: "Дастикам 50 нафар метавонанд кондиди раёсати ҷумҳурӣ бошанд"
Маъсумаи Турфа: Як мушкили дигаре, ки мардум доранд, мушкили гоз аст ва ҳукумат ҳам ҳушдор додааст, ки имсол зимистон ҳам мумкин аст мушкил бошад ва мо медонем, ки решаи ин мушкилот дар равобит бо Узбакистон аст. Ман мехостам бипурсам, ки равобит бо Узбакистонро чи гуна мешавад беҳтар кард. Баъзе аз ин аҳзоби мухолиф мегуфтанд, ки мо об ва гозро ба ҳам таъвиз бикунем ва агар ҳар дуи онро додаҳои табиъӣ бидонем, мешавад инҳоро бо ҳам иваз кард. Барномаи шумо дар ин масъала ва дар мавзӯъи беҳбуди равобит бо Узбакистон чи гуна аст?
Давлаталӣ Давлатов: Нуқтаи назари мо дар ин масъала ин аст, ки мо бояд пеш аз ҳама ба имкониятҳои дохилии кишварамон эътимод дошта бошем. Яъне аз он имкониятҳое, ки мо дорем дар дохили кишварамон, яъне ангиштсанг, қувваи барқ, ки арзонтарин қувваи барқ дар дунё ба ҳисоб мешавад, ва ҳамчунин аз манбаъҳои гази табиӣ дар худи Тоҷикистон истифода барем ва на ба умеди ҳамсояҳо, давлатҳои дигар шавем. Дар Тоҷикистон захираҳои хеле ғании гази табиӣ вуҷуд дорад, барои коркарди он бо Русия ҳам якчанд созишномаҳо ба имзо расидаанд, ва умед аст, ки дар вақтҳои наздик дар ҳамкорӣ бо Русия мо метавонем, ки ба кофтукоби он гази табиӣ шурӯъ кунем.
Маъсумаи Турфа: Оқои Раҳмонов ҳамеша гуфтаанд, ки кишвари аслие, ки мавриди таваҷҷуҳи кишвараш аст, Русия аст ва мо дидем, ки равобит бо ҳамаи кишварҳои дигар ҳам хуб буда ин ҳама вақт. Мешавад, аз шумо хоҳиш бикунам, ки бигӯед, нигоҳи худи шумо ба ин равобити байнулмилалӣ чи гуна аст ва усулан, кадом кишварҳоро тарҷеҳ медиҳед, кадом созмонҳоро тарҷеҳ медиҳед барои манофеъи Тоҷикистон?
Давлаталӣ Давлатов: Сиёсати хориҷии кишвари мо - ин дар паёми президент (раисиҷумҳурӣ) ба Маҷлиси Олӣ бисёр хуб оварда шудааст, ки мо дар кадом асос имрӯз сиёсати хориҷиро пеш мебарем ва ба кадом манфиъатҳо бештар диққат медиҳем ва бори дигар такрор шавад ҳам ман ин ҷо гуфта метавонам, ки барои роҳбарияти Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон имрӯз аз ҳимояи манфиатҳои Тоҷикистон дида бештар чизе вуҷуд надорад. Яъне, ҳар чизе, ки имрӯз ба манфиъати Тоҷикистон аст, он асоси сиёсати хориҷии кишвари мо мешавад.
Маъсумаи Турфа: Бо интихобот оғоз кардем, бо он анҷом медиҳем. Суоли охир. Нигаронии аҳзоби дигар ин аст, ки дар давраи пеш аз интихобот ба расонаҳои хабарӣ, родю, телевизюн, матбуъот ба андозаи ҷаноби оқои Раҳмонов дастрасӣ надошта бошанд. Албатта, дар қонуни интихобот ҳаст, ки ин имконот ба вуҷуд хоҳад омад, аммо мешавад фикри худатонро дар ин мавзӯъ бигӯед?
Давлаталӣ Давлатов: Баробарӣ дар давраи тарғиботи интихоботӣ, албатта, хоҳад буд, лекин ҳанӯз дар мо на рӯзи интихобот муъайян шудааст ва на пешбарии номзадҳо. Барои ҳамин ҳам имрӯз, ҳар чизе ки ба воситаи васоити ахбори омма меравад, ин тарғиботи раҳбари давлати Тоҷикистон аст, президенти Тоҷикистон аст, на номзади ягон ҳизб. Дар давраи интихобот бошад, ман бовари комил дорам ва гуфта ҳам метавонам, ки танҳо дар асоси қонун ҳамаи тарғибот пеш бурда хоҳад шуд.
Маъсумаи Турфа: Ташаккури бисёр барои суҳбат.