Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи осорхонаи таърихшиносӣ дар вилояти Суғд (Аксҳо)


Осорхонаи нав дар гӯшае аз қалъаи қадимии шаҳр, ки ба давраи Темурмалик мансуб дониста мешавад, аз буҷаи давлат ва захираи раёсатҷумҳурӣ бунёд шудааст. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар расми кушодани ин осорхона гуфт, таърих барои мардуми тоҷик имрӯз аҳамияти вижа пайдо кардааст, то ҳуввияти худро дарёбад ва роҳи ояндаи хешро рӯшан кунад.
Осорхонаи вилояти Суғд дар соли 1926 таъсис ёфта, то се сол пеш дар як гӯшаи Масҷиди Шайх Муслиҳиддини Хуҷанд ҷойгир буд. Баъз аз бозгардони бино ба ихтиёри масҷид, осорхона макони муайян надошт ва 18 ҳазор намунаву ёдгориҳои бостонӣ дар анборҳо мехобид. Наққоши мардумии Тоҷикистон Комил Ёдгор, ки ба гурӯҳи мусаввирон ва озинбандони осорхона сарварӣ мекард, гуфт, ки он аз шаш толор иборат буда, дар тарҳрезӣ ва озинбандии толорҳо наздик ба 25 мусаввири тоҷик ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG