Барои дарёфти посух ба ин пурсиш садобар ё садогир (микрофон) дар даст ба кӯча баромадем ва аз раҳгузор чунин суол кардем: Ба назари Шумо, дар Тоҷикистон намояндагони кадом касбу кор даромади хуб доранд?
-- Намояндагони бизнес ва хӯҷаинҳои калон. Коргарони оддӣ моҳонаи хурд мегиранд, ки аз моҳ то моҳ намерасад.
-- Бозрасони роҳ даромади калон доранд. Онҳо новобаста ба қоидаҳои роҳ ё ҳаракати ронандагон ҳамаи мошинҳоро нигоҳ медоранд ва ҳақ меситонанд. Ҳисоб кунед, дар як рӯз чӣ қадар мешавад. Вале боз ҳам сер нестанд.
-- Мансабдорон зиндагии роҳат доранд. Онҳо ба ғайр аз моҳона, имкониятҳои дигаре низ доранд. Масалан, ришва. Ё худ имконияти бизнеси бо истифода аз курсии мансаб.
-- Онҳое ки бо тиҷорат машғуланд, пули хуб ба даст меоранд. Дуюм, касоне ки дар соҳаи нақлиёт кор мекунанд, низ даромади нағз ва зиндагии нағз доранд.
-- Касоне ки дар курсиҳои мансаб нишастаанд, гӯё расман музди кам мегиранд, вале бархилофи ин зиндагияшон хеле хубу ашрофона аст. Ҳар яки онҳо қасрҳое бино кардаанд, ки шоҳони баъзе мамолик ин гуна коху кӯшк надоранд.
-- Ба фикри ман, онҳое ки таҳсили хуб кардаанд ва касби хубу муҳим ёд гирифтаанд, даромади нағз доранд.
-- Махсусан кормандони ҳарбӣ ва онҳое ки дар улуми компютерӣ кор мекунанд. Дар давоми ин онҳое ки бо қочоқи маводи мухаддир машғуланд. Ва сипас онҳое ки ба боздошти қочоқбарон машғул мебошанд. Яъне гурбаҳо сер бошанд, мушҳо ҳам серанд.
-- Онҳое ки дар созмонҳои байнулмилалӣ кор мекунанд, пули хуб мегиранд. Аммо вақтҳои охир ба он ҷо ҳам ё бо хешутаборчигӣ роҳ меёбӣ ё бо додани пора.
-- Ҳар касе ки кор мекунад, меҷумбад, заҳмат мекашад, пули хуб ба даст меорад. Сахт аст, вале мумкин. То Русия рафтана, дар ин ҷо осонтар.
-- Ба назари ман, кормандони соҳаи бонкдорӣ ва бозрасони андозу молиёт даромади хуб доранд. Ҳам расман ва ҳам ғайрирасмӣ.
-- Онҳое ки бо тиҷорат сарукор доранд, назар ба дигарҳо зиндагии беҳтаре доранд. Вале ин корро на ҳама метавонад. Баъзе чунон қарздору банкрот мешаванд, ки ҳисобаш нест.
-- Онҳое ки корхонаҳои шахсӣ доранд ва мустақилона кор мекунанд. Дигарон ҳама қариб як хел зиндагӣ мекунанд. Ба фикри шахсии ман, ҷумҳурии мо ҳоло бисёр қашшоқ аст.
-- Бозорнишинон пули хуб мегиранд. Албатта, рӯзи дароз бояд як ҷо биншинанд.
-- Ман фикр мекунам, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти интизомӣ ва додситонӣ даромади аз ҳама зиёд доранд. Зеро ҳоло ҷинояткорӣ зиёд шудааст ва ҳама кор бо пул ҳал мешавад.
-- Пеш онҳое пулдор буданд, ки ним сол дар Русия химдати бегонаҳоро мекарданд, ҳоло онҳое пул доранд, ки аз Тоҷикистон берун нарафта, роҳи пулро ёфтаанд.
Ин посухҳоро шарҳ намедиҳем. Қазоват бо Шумост.

Саломат бошед ман як хонандаи синфи хаштум вакте муаллима гиря дошт хамин хел навиштам лекин хондам бечора муаллимара суханхои бад навиштанд худо нигох бон бошад муаллимаи азазам..
Ингуна беадолатиро дар хурдиям дар филмҳои ҳиндӣ дида будам. Имрӯз бошад дар ҳаёти воқеӣ.
Хонандагони гиромӣ! Маъзарат, ки андешаҳоямро пурра баён карда натавонистам. Бо вуҷуди он ки сӯҳбаторо пофишорӣ мекарданд нафаре ё ниҳодеро гунаҳкор хонам, масъала фарогир асту ин роҳи ҳал нест. Ҳамин сӯҳбат сабаб шуд, ки андешаҳоямро сари ин мушкилӣ нависам. Аз ин рӯ миннатдорам аз акаи Мирзонабӣ ва Радиои Озодӣ барои имкони баррасии ҳамин мушкилӣ. Шакли пурраи андешаҳоямро ин ҷо овардаам: https://www.facebook.com/asomiddin/posts/10158623081473153?__cft__[0]=AZX-vq_4I2xprkGNMmpyeBhNbQULnGwfggqtRRqYRv-Ol44w6-GTtiVE4KRF_pHWy0ySqh_Djw6oV-LKES-kv8oNMb06kFSO6F8nCKUtm85QAHLeZ1eSPCwWDSRkV26adOg&__tn__=-UK-R]-R
Рафиқ Афсар хела дили пуралам дори ба фикрм. Мефаҳмам. Ҳамихели хдт се чор каси дига мондагияй да армия, шморам партоен брен Россия кор. Бад диг Пешво тамоман Амир, Султон, Шоҳ мешава.
Ин артиши камбағалон аст. Дар артиши Британия шоҳзода Гаррӣ дар артиш хидмат карда буд. Кадом писар ё духтари президент ё поёнтараш дар артиш ҳамчун сарбоз хидмат кардааст. Баччаҳои онҳо хидмат нокарда рутбаи генералӣ мегиранд, ё тавба.... Генерал бояд хидмати ҳарбиро аз рутбаи сарбози оддӣ сар кна!!!!