Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дефолт, яъне чӣ?


шореҳи меҳмон Таърихчаи дефолти рӯзи 17 августи соли 1998

«Дар Русия суръати рушди иқтисод ва содироти кишвар суст мешавад, касри будҷа меафзояд, ширкатҳо аз пардохти қарзҳошон оҷиз мемонанд ва дар ояндаи наздик як дефолти дигар сар мезанад» - чунин аст пешгўиҳои иқтисоддонони номии Русия Абел Аганбегиён (академик), Евгений Ясин (вазири пешини иқтисоди Русия), Андрей Илларионов (мушовири пешини президенти Русия) ва Егор Гайдар (сарвазири пешини Русия). Сарпарасти хидамоти базорҳои молии Русия Олег Вьюгин ва муовини Бонки Марказии Русия Константин Корищенко низ имкони пеш омадани бўҳрони молиро тайид кардаанд.

Ҷолиб ин аст, ки дар соли 1997 ва авоили соли 1998 низ бархе аз иқтисоддонон пешгўӣ карда буданд, ки Русия ба зудӣ гирифтори бўҳрони молӣ хоҳад шуд. Дере нагузашта дуруст будани пешгўии онҳо собит шуд: дар моҳи августи соли 1998 Русияро бўҳрони молӣ фаро гирифт. Он зарбаи ҷонкоҳе буд ба мардумс ва иқтисоди Русия. Бўҳрони соли 1998 сабабҳои айнию зеҳнӣ дошт ва авомилӣ хориҷӣ низ болои он таъсир гузоштанд. Вале он, пеш аз ҳама, натиҷаи иштибоҳоти ҷиддӣ ва сиёсатҳои нодурусти пулию молии ҳукумат ва Бонки Марказии Русия буд. Дар соли 1997 мушкилоти иқтисодии Русия то рафт бештар мешуд. Касри будҷа афзоиш меёфт. Дар аксари навоҳии кишвар корхонаҳо қарздор буданд ва наметавонистанд музди коргаронро бипардозанд. Онҳо бо сабабҳои мухталиф аз пардохти молиёт сарпечӣ мекарданд. Бинобар ин, даромади давлат хело камтар аз хороҷоташ буд. Кўшишҳои ҳўкумат дар ҷиҳати ислоҳи қавонини молиёт ва бештар кардани ҷамъоварии андозҳо ба муқовимати Думаи давлатии Русия ва бархе аз ширкатҳои бузург рўбарў шуд.

Даромад аз фурўши моликияти давлатӣ низ мушкилро осон накард, зеро корхонаҳою муассисоти давлатӣ ба қиматҳои хеле ночиз фурўхта мешуданд. Ба иллати касри буджа ҳукумат ночор буд аз манобеъи дохилӣ ва хориҷӣ қарз бигирад. Аз ҷумла аз роҳи арза кардани авроқи баҳодори кўтоҳмуддат. Ба манзури ҷалби сармоядгузорон ҳукумат мизони судоварии авроқро болотару болотар мебурд, то ин ки дар моҳи майи соли 1998 нархи баҳраи авроқ ба 150% расид. Ин боис шуд, ки шумори зиёди сармоягузорон аз он авроқ харидорӣ намуданд. Дар натиҷа, қарзи кўтоҳмуддати хориҷии Русия ба 30 миллиёрд ва қарзи дохилӣ ба 80 миллиёрд доллар расид, дар ҳоле ки захираи пули хориҷии давлат таи муддати камтар аз як сол аз 24 миллиёрд то ба 2 миллиард доллар коҳиш ёфта буд.

Равшан буд, ки дар шароити касодии иқтисод, пойин омадани қимати нафт ва кам шудани даромади Русия аз фурўши он, ҳукумат наметавонад қарзҳояшро сари вақт бипардозад. Ва ногузир аст, дер ё зуд, чунон ки пешгўӣ шуда буд, варшикаст шудани худро расман эълон намояд. Дар воқеъ ҳам, 17 августи соли 1998 ҳукумати Русия тасмими худро дар бораи пойин овардани арзиши рубли русӣ ва муваққатан қать кардани пардохти қарзҳояш эълон намуд. Мардум ба воҳима афтоданд ва ба сўи банкҳою дўконҳои табодулаи пул ва фурўшгоҳҳо шитофтанд, то пасандозҳои худро наҷот диҳанд. Дар тўли як-ду ҳафта арзиши рубль 5-6 баробар пойин омад, қимати колоҳо ба шиддат боло рафтанд ва аксарияти мардуми кишвар дубора муфлис шуданд. Баъзе рўзноманигорон ин рўйдодро «ғорати мардум аз ҷониби ҳукумат» номиданд. Ва пас аз он рўз дар Русия истилоҳи «дефолт» маъмул гашт.

Ин дефолт пайомадҳои мухталиф дошт. Аз як сў, он боиси густариши нобаробариҳои иҷтимоӣ гардид. Гурўҳе аз ин дефолт ба суди хеш истифода карданд ва сармояҳои ҳангуфт андўхтанд. Касоне ки аз чунин пешомад огоҳ буданд, қатл аз эълон шудани дефолт миқдори зиёди доллари амрикоиро бо нархҳои арзон харидорӣ карданд ва ба хориҷи кишвар интиқол доданд. Дар айни замон, аксарияти мардум пасандозҳои худро аз даст доданд ва муфлису муфлистар шуданд. Шумори зиёди корхонаҳои хурду миёна варшикаст шуданд ва «табақаи миёна», ки тоза ташаккул меёфт, ба сарҳади нобудӣ расид. Ин ҳама барои пешрафти кишвар таъсири манфӣ дошт.
Аз сўи дигар, ба маротиб пойин омадани арзиши пули русӣ боиси дигаргун шудани таносуби содироту воридоти кишвар ва рушди тавлидоти дохилӣ гардид. Қимати колоҳои хориҷӣ боло рафтанд ва мардум рў ба колоҳои ватанӣ оварданд. Ин боиси афзудани тақозоъ ба колоҳои ватанӣ, зиёд шудани ҳаҷми тавлидоти дохилӣ ва коста шудани ҳаҷми воридоти кишвар гардид.

Таи солҳои баъдӣ бар асари рушди тавлидот ва афзоиши содирот вазъӣ иқтисодӣ ва молии кишвар беҳбуд ёфт. Зимнан, болоравии бесобиқаи қимати нафту гоз дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти кишвар мусоидат кард. Русия, ки яке аз бузургтарин содиркунандагони нафту гоз ва баъзе анвои маводи маъданӣ мебошад, ҳиссаи бештари даромади худро аз ин ҳисоб ба даст меорад. Аз баракати ин омилҳо кишвар тавонист, ки ҳам мушкилоти қарзҳои хориҷию дохилии худро ҳал кунад, ҳам соҳиби захираҳои бузурги пулҳои хориҷӣ шавад.

Вале бисёр коршиносон бар онанд, ки Русия имрўз ҳам сиёсати пулию молии дурусту ҳисобшуда надорад. Агарчи вазъи молии кишвар дар муқоиса бо солҳои 90 садаи гузашта хеле беҳтар шудааст ва аз содироти нафту гоз ҳамасола даҳҳо миллиард доллар даромади соф ба даст меорад, вале ҳукумат аз он дороиҳо ба шеваҳои муносибу муассир истифода намекунад. Академик А.Аганбегиён ба ин назар аст, ки аз он сармояҳо бояд барои таҷдиду таҳкими пояҳои иқтисоди кишвар истифода шавад. Бинобар он ки оҳанги рушди саноеъи Русия кунд шуда аст, барои ҷилавгирӣ аз таназзули тавлидоти санъатӣ бояд сармояи (фондҳои) асосии корхонаҳои санъатӣ дар саросари кишвар таҷдид гардад ва бадин манзур аз ҳисоби қарзаҳои арзии Бонки Марказӣ мошинолоту таҷҳизот ва техноложии ҷадид харидорӣ шавад. Ҳамчунон, мегўяд Ў, аз амали аз ҳисоби фақирон дастгирӣ кардани сарватмандон бояд даст кашид. Аз сўи дигар, вобастигии шадиди Русия аз содироти нафту гоз барои кишвар хатарҳо дорад. Дар ояндаи наздик қимати нафту гоз дар бозори ҷаҳонӣ пойин хоҳад омад ва Русия аз даромади зиёд маҳрум хоҳад шуд. Дар ин сурат кишвар ба касри буджа, таназзули иқтисод ва буҳрони молӣ, яъне ба як дефолти дигар гирифтор хоҳад шуд.

Сарфи назар аз дуруст ё нодуруст будани ин пешгуйиҳо, воқеъият ин аст, ки Русия ҳам дар бахши тавлидоти санъатӣ ва ҳам бахши сиёсатҳои пулию моли худ масоилу мушкилоти зиёде дорад.
XS
SM
MD
LG