Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳраи сиёсии Кабирӣ



Феълан дар доираҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ин суол ва ҳамчунин суоли дигар матраҳ аст, ки оё чеҳраи Муҳиддин Кабирӣ ба ҳайси раис ба манфиати Ҳизби Наҳзати Исломӣ хоҳад буд ва оё инчунин шахсият, ки як гуна модернгаро муаррифӣ шудааст, дар муқобили худ исломиҳои суннатгароро ба мухолифат водор намекунад?
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон, мегӯяд аслан дар муаррифии шахси Муҳиддин Кабирӣ, ҳамчун як чеҳраи сиёсӣ раиси собиқи ин ҳизб марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва муовини ӯ Муҳаммадшариф Ҳимматзода нақши ҳалкунанда доштанд:

Аввал ин ки афкори ҷамъиятӣ дар мавриди он ба вуҷуд оварда шуд, ки Кабирӣ роҳбари ислоҳотхоҳони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аст. Ин натиҷаи дурандешӣ ва стротег будани марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва муовини ӯ Муҳаммадшариф Ҳимматзода буд. Зеро пас аз шурӯъи кори Комиссиюни оштии миллӣ ва ворид шудани нируҳои мухолифини тоҷик мебоист онҳо худро дар фаъолият миёни мардум аз бисёр ҷиҳат маҳдуд кунанд. Ва гузашта аз ин, пас аз ворид шудан ба ҳизби мазкур лозим буд, ки дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ моил ба ислоҳот будани Ҳизби Наҳзати Исломиро нишон диҳанд.

Вале оқои Ҳакимов бовар дорад, ки дар сурати пазируфта шудани Муҳидин Кабирӣ ба ҳайси раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ, сарфи назар аз ихтилофҳои дохилӣ, ӯ дар ин ҳизб ислоҳоте вобаста ба тафаккур ва ҷаҳонбинии худ ба амал хоҳад овард. Зеро баробар бо шурӯъи марҳилаи нав ва муҳими сиёсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, ин ҳизб низ мавриди ислоҳот қарор мегирад.
Вале Нуралӣ Давлатов, коршиноси тоҷик мегӯяд, аслан чеҳраи Муҳиддин Кабирӣ ба ҳайси сиёсатмадор дар ду соли пеш аз тариқи матбуот муаррифӣ шуд. Зеро ӯ аз бунёдгузорони ҳизб низ набуд ва нест ва дар замони ҷанги шаҳрвандӣ низ ҳамчун чеҳраи шинохта муаррифӣ намешуд. Дар баробари ин, мегӯяд ӯ, дар дохили ин ҳизб чеҳраҳои маъруфтар аз Муҳиддин Кабирӣ ва дар бунёду рушди ин ҳизб нақшдошта зиёд аст ва ин то андозае шонси ба мақоми аввал баргузидани оқои Кабирӣ дар анҷумани ҳизбро коҳиш медиҳад:

Имрӯз дар ин ҳизб ашхосе ҳастанд, ки Муҳиддин Кабириро он тавр муаррифӣ мекунанд, ки мехоҳад аз Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳизбе бунёд кунад, ки он аз сӯи Ғарб пазируфта шавад. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки дар ҳизби наҳзати исломӣ нафароне ҳастанд, ки аз ин сиёсати Кабирӣ розӣ нестанд.

Ин дар ҳолест, ки Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон чеҳраи Муҳиддин Кабирӣ ба ҳайси раиси Ҳизби наҳзати исломиро ба хостаи ҳукумати кишвар номувофиқ унвон мекунад. Зеро ба эътиқоди ӯ таҳаммулпазирӣ ва андешамандии оқои Кабирӣ метавонад чеҳраи Ҳизби Наҳзати Исломиро ҳам дар дохил ва ҳам дар ҷаҳон мусбат арзёбӣ кунад. Ба гуфтаи оқои Ҳакимов, ҳукумати феълии Тоҷикистон хостагори он аст, ки сарварии ин ҳизб дар ихтиёри ягон чеҳраи тундгарои исломӣ бошад ва чеҳраи ҳизб низ ба ҳамин хусусият муаррифӣ шавад.
Аммо Нуралӣ Давлатов, коршиноси тоҷик ба назари оқои Ҳакимов мувофиқ нест, зеро мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон он нафареро, ки бо чунин чеҳра ва вижагӣ дар раёсати Ҳизби Наҳзати Исломӣ мехоҳад бубинад, Муҳиддин Кабирӣ аст. Ба эътиқоди ӯ, ҳукумат он нафареро мехоҳад дар раёсати ин ҳизб бубинад, ки ба ҳамбастагии исломӣ дар ҷаҳон таваҷҷӯҳ надошта бошад:

Оқои Кабирӣ нафаре ҳаст, ки мехоҳад ҳам бо ғарб ва бо ҳам шарқ муносибати созишкорона дошта бошад. Масъалаи дигар ин аст, ки Кабирӣ тиҷорат ҳам мекунад ва дар тиҷорат барои ҳукумат пайдо кардани камбудӣ осонтар аст. Яъне ба хотири халалдор нашудани тиҷораташ ӯ кӯшиш мекунад, ки муносибаташ бо ҳукумат хуб бошад.

Ин дар ҳолест, ки Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази тадқиқоти стротежии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро як сиёсатмадори соҳиби мавқеи устувор унвон мекунад ва бовар дорад дар сурати ба раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон расидан, ин ҳизб ба оппозитсиюни конструктивӣ ва ё қобили қабули ҳукумати Тоҷикистон табдил хоҳад шуд:

Муҳиддин Кабирӣ ба ҳеҷ кишваре майл надорад ва ин гапҳо аслан дурӯғ ҳастанд. Ӯ ба хориҷа сафар мекунад, дар он кишварҳо ӯро эҳтиром мекунанд, эътироф мекунанд ва ин маънии ба он кишварҳо майл доштани ӯро надорад.

Аммо дар сӯҳбатҳо коршиносон ва сиёсатмадорони кишвар аз Муҳиддин Кабирӣ ба унвони як нафар донишманд ва забондон, дипломат ва мусолиҳакор ном мебаранд ва мӯътақиданд, бо чунин чеҳра ҳамчунин як ҳизби исломӣ дар кишвари дигари хориҷ низ мавриди ихтилофоти ҳукумат ва ҷомеа қарор нахоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG