Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бенизомӣ дар майдони футбол


Дар нахустин даври марҳалаи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон чаҳор дастаи шаҳри Душанбе байни худ рақобат карданд. Бозии СКА «Помир» бо «Динамо» бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ба поён расид. Дар ин дидор дар дақиқаи 18-ум Музаффар Бобоҷонов, аз дастаи СКА «Помир» ҳисобро боз кард. Ва ду дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ Сафархон Миров, аз дастаи « Динамо» ҳисобро баробар намуд.
Дастаи «Ориёно» бар CSKA бо натиҷаи 3 бар 1 пирӯз шуд. Голҳоро аз дастаи ғолиб Даврон Тӯхтасунов дар дақиқаи 24-ум, Каромат Бухориев дар дақиқаи 46-ум, Самад Шоҳзуҳуров дар дақиқаи 93-юм ва бозигари CSKA Баҳодур Шарифов дар дақиқаи 63-юм ба ҳадаф расонданд.
Ва як бозии дигар дар варзишгоҳи ноҳияи Мастчоҳ миёни дастаҳои «Олими Каримзод» ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд сурат гирифт, вале дар дақиқаи 63-юми рақобат ба иллати бенизомии мухлисони тими мизбон қатъ гардид. То ин муддат ҳисоб 1 бар 0 ба нафъи дастаи меҳмон - «Хуҷанд» буд. Голро Манучеҳр Ҳасанов дар дақиқаи 60-уми бозӣ ба самар расондааст. Вале пас аз муноқишаи бозигари «Хуҷанд» Шӯҳрат Шамсиев бо мухлисони тими мизбон гурӯҳи тамошобинон вориди майдони бозӣ шуда, бозигарони «Хуҷанд»-ро лату кӯб карданд. Ва баъди он ки ҷараёни бозӣ аз таҳти назорати кормандони пулис берун шуд, сардовари бозӣ Олим Норбоев ва довари нозир Мӯъминҷон Ҳамидов маҷбур шуданд, ки идомаи бозиро тавқиф кунанд. Бино ба иттилоъи Шавкат Аҳмадов, масъули Федеросиюни футболи Тоҷикистон ин ҳодисаи ногувор дар ҷаласаи шӯрои кумитаи иҷроияи федеросиюн рӯзи ҷумъаи 18 сентябр баррасӣ хоҳад шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 15 август
Б Ғ М Б Т И
1. «Регар» ТадАЗ 11 8 1 2 28-8 25
2. «Парвоз» 11 8 1 2 18-10 25
3. «Вахш» 11 8 1 2 16-8 25
4. «Хима» 11 7 3 1 28-11 24
5. СSKA 12 7 0 5 17-18 21
6. «Тоҷиктелеком» 11 5 1 5 17-13 16
7. «Хуҷанд» 11 4 3 4 12-13 15
8. «Саройкамар» 11 3 2 6 17-25 11
9. «О.Каримзод» 11 2 3 6 13-15 9
10. «Ориёно» 13 2 3 8 13-25 9
11. СКА «Помир» 12 1 4 7 11-23 7
12. «Динамо» 13 0 6 7 8-29 6

Низом Раҳимов, ҳамлагари «Регар» ТадАЗ, ки дар бозиҳои давраи аввал ҳамагӣ даҳ гол задааст, миёни беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа дар ҷойи аввал мебошад. Нӯъмонҷон Ҳакимов, бозигари «Парвоз» бо нӯҳ гол дар ҷойи дуввум аст.
Бозиҳои навбатӣ:
15 август (сешанбе) - "Хима" - "Тоҷиктелеком"
16 август (чоршанбе) - "Вахш" - "Саройкамар"
19 август (шанбе) - CSKA - «Динамо», «Хуҷанд» - «Парвоз», СКА «Помир» - «Регар» ТадАЗ
20 август (якшанбе) - «Хима» - «Вахш», «Саройкамар» - «Тоҷиктелеком»
XS
SM
MD
LG