Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обу боду офтоб - василаи раҳоӣ аз побандӣ ба нафту газ?



Х.Қ. Дар Тоҷикистон нируи барқ асосан аз об тавлид мешавад. Оё аз дидгоҳи ҳифзи муҳити зист ва ҳам аз лиҳози манфиати иқтисодӣ об манбаъи хуби нируи барқ аст?

С.Т. Истгоҳҳои барқи обӣ ҷиҳатҳои хуби худро доранд. Қабл аз ҳама, истгоҳҳои обӣ тамоми фаслҳои сол фаъол ҳастанд. Вале истгоҳҳои бузурги барқи обӣ ба муҳити зист зарар доранд. Истгоҳҳои хурд ва миёнаи барқи обӣ ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам экологӣ фоидаи бештар меоваранд. Бояд гуфт, ки ҳар кишвар манбаъҳои гуногуни энержӣ дорад. Масалан, дар баъзе кишварҳо ба қадри кофӣ шамол намевазад ва тавлиди нируи барқ аз шамол он ҷо фоида намеоварад. Дар баъзе кишварҳо беҳтарин манбаъи барқ истифода аз нируи офтоб ва об мебошад.

Шумо гуфтед, ки истгоҳҳои бузурги барқи обӣ ба муҳити зист зарар дорад? Онҳо чӣ зарар доранд?

Барои истгоҳҳои бузурги барқи обӣ сарбандҳои бузург сохта мешаванд, ки ин барои муҳити зист зарари ҷиддӣ дорад. Минтақаи бузург зери об мемонад. Сохтмони сарбанд муҳитро хароб мекунад. Ҳамчунин дар ин раванд миқдори зиёди газҳои гулхонаӣ ба ҳаво хориҷ шуда фазоро олуда мекунад. Баъзан барои сохтмони сарбандҳои бузург сокинони маҳаллиро ба минтақаҳои дигар интиқол медиҳанд, зеро макони зисти онҳо зери об мемонад. Аз ин сабаб, созмони мо - Гринпис ба сохтмони истгоҳҳои бузурги барқи обӣ мухолифат мекунад. Вале мо ба бунёди ниругоҳҳои хурд ва миёна эътироз надорем.

Ман чанд рӯз қабл дар Олмон будам ва манораҳоеро дидам, ки аз шамол нируи барқ тавлид мекунанд. Ба назари ман чунин расид, ки барои бунёди он манораҳои бузург ва модерн маблағҳои зиёд харҷ шудаанд. Оё ба вуҷуд овардани таҳдоб, яъне инфраструктура барои чунин сохтори энержӣ барои кишварҳо бисёр мушкил ва қимат тамом намешавад?

Бале, энержии шамол ба воситаи фанновариҳои навтарин тавлид мешавад. Вале бояд бигӯям, ки нархи ин дастгоҳҳо дар даҳ соли ахир хеле арзон шудаанд. Дар минтақаҳое, ки он ҷо шамоли зиёд мевазад, нируи бод ба таври фаровон истифода мешавад ва ин манбаъи арзони нируи барқ аст. Хубии истифода аз нируи шамол ва ҳамчунин нируи об ё офтоб дар он аст, ки кишвар аз вобастагӣ ба газу ангишти гаронбаҳои кишварҳои хориҷӣ раҳоӣ меёбад.
XS
SM
MD
LG