Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ: "Сиёсати пешини ҳизбро ҳифз хоҳем кард"


Дар паи даргузашти Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Шӯрои сиёсии ин ҳизб шомгоҳи 12 август тайи ҷасалае пушти дарҳои баста Муҳйиддини Кабириро ба мақоми раёсати ин ҳизб пешниҳод кард. Дар нахустин дақоиқи эъломи ин хабар Озодӣ бо раҳбари ҷадиди Наҳзати Исломӣ тамосе телефунӣ гирифт ва бо таваҷҷуҳ ба маҳдудияти фурсати вай, гуфтугӯи кӯтоҳе анҷом дод. Нахуст аз оқои Кабирӣ пурсидам, ки интихоби ӯ ба ин мақом чи гуна сурат гирифт.

Кабирӣ: Воқеъан, Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон имшаб як ҷаласаи таъҷилӣ дошт, барои таъйини роҳбурд ва сиёсатҳои минбаъдаи ҳизб ва албатта, таъйини шахси аввал, ки битавонад ҷойгузини Устод бошад. Ҳамаи аъзои Шӯрои сиёсии ҳизб якдилона аз устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода хоҳишу илтиҷо карданд, ки ин масъулиятро ба дӯш бигиранд, то мо ҳамагон дар хидмати ишон бошем. Чун ишон яке аз ёрони наздики устод ва нафареанд, ки тӯли солҳои тӯлонӣ ҳамқадами ишон буданд. Мақоми устод Ҳимматзода барои мо баъд аз устод Нурӣ дуввум буд. Бинобар ин, як хоҳиши дастаҷамъӣ шуд. Вале устод Ҳимматзода аз Шӯрои сиёсии ҳизб узр хостанду илтиҷо карданд, ки ин хоҳишро бозхонд кунанд. Чун ишон ба сабаби беморӣ наметавонанд ин масъулиятро ба дӯш бигиранд. Ва ишон бандаи каминаро ба ин масъулият тавсия карданд. Ҳарчанд худи ман ҳам такроран аз ишон хоҳиш кардам, ки ин масъулиятро ба дӯш бигиранд ва мо, ҳамон тавре ки дар давраи устод Нурӣ иҷрокунандаи вазифа ва муъовини аввал будем, дар ҳамон симмат дар хидмати ишон бимонем, вале устод билохира пофишорӣ ва исрор карданд, то мо ин масъулиятро бипазирем.

Пурсиш: Ба ҳар ҳол, ин нахустин рӯзи шумо ба унвони сарпарасти Ҳизби Наҳзати Исломист. Оё барномае мадди назар доред? Фикр мекунед чи чизе мутафовит хоҳад буд аз давраи раёсати Абдуллоҳи Нурӣ дар ин ҳизб?

Кабирӣ: Дар масоили умда ҳич тафовуте байни сиёсати устод ва банда нахоҳад буд ва мо идомадиҳандаи ҳамон сиёсат ва ҳамон таклифи корӣ хоҳем буд. Албатта, ҳар як шахсият ҷойгоҳи худро дорад ва он тавону қудрате, ки устод Нурӣ доштанд, фикр намекунам, ки мо битавонем ба он шакл он сиёсатро амалӣ кунем. Бо назардошти зарфият ва имконоти мо ҳатман тағйироте ҷузъӣ хоҳад буд.

Пурсиш: Масалан, дар бархурди Ҳизби Наҳзати Исломӣ бо давлати Тоҷикистон дар айёми ахир то андозае нармиш эҳсос мешуд. Оё акнун Наҳзати Исломӣ бо шумо дар садри он бо давлати кишвар чӣ бархурд ва равобите хоҳад дошт? Оё мухолифи давлат хоҳед буд ё чи тур?

Кабирӣ: Дар маҷмӯъ, мо сиёсатро ҳифз хоҳем кард ва дар ин шабурӯз мо ба равобити ҳасана бо ҳамаи аҳзоб ва қишрҳои ҷомеъа манфиъатдор ҳастем. Ба хусус, бо таваҷҷуҳ ба ин ки ду нирӯи асосӣ, яъне ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон зомини ин сулҳу ваҳдат буданд ва ҳастанд, мо ин сиёсатро ҳифз хоҳем кард. Албатта, ҳамон тавре ки қаблан ҳам назари интиқодии худро доштем ва мегуфтем, он ҷои худро дорад ва хоҳад дошт. Мо бо сароҳат ва бо ҷуръат нигоҳи худро дар бораи масоил баён хоҳем кард. Вале дар маҷмӯъ, мо ҷонибдори ҳифзи равобити ҳасана бо мақомоти давлатӣ ҳастем.

Пурсиш: Дар гузашта эҳтимоли пешбарии номзадии шумо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ матраҳ мешуд ва ҳоло, ки шумо раҳбари Наҳзати Исломӣ шудед, ин эҳтимол байни соҳибназарони Тоҷикистон беш аз пеш матраҳ хоҳад шуд. Оё воқеъан ҳам шумо қасд доред дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба унвони номзад ширкат кунед?

Кабирӣ: Ман ал-он омодаи ҷавоб додан ба ин суоли шумо нестам, чун ин салоҳияти анҷуман аст. Ва мо ал-он дар паи масоили дигар ҳастем. Масоили дар гирдамон дорем, ки муҳимтар аз интихобот аст ва фикр мекунам, ки ба ин суоли шумо баъд аз анҷуман (ҳамоиш)-и ҳизб ҷавоб хоҳем гуфт.

Пурсиш: Медонам, ки фурсататон танг аст, вале иҷоза бидиҳед як пурсиши дигарро ҳам бо шумо дар миён бигзорам. Як идда аз соҳибназарон мегуфтанд, ки оқои Кабирӣ аз ҷумлаи таҷаддудгароён дар Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳаст. Оё шумо худатонро аз як қишри дигар дар ҳизб мутафовит медонед ё фикр мекунед, ки якдасту якпорча ҳастед?

Кабирӣ: Бибинед. Ин шабурӯз мо воқеъан исбот кардем, ки бо вуҷуди ҳамаи он суҳбатҳову таҳлилҳое, ки мешавад, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ба хусус дар сатҳи раҳбарӣ, якпорча аст. Ин далели он аст, ки аслан ҳич фарқе ва ҳич хатти мушаххасе дар байни ҷиноҳҳо ва гурӯҳҳои дохили ҳизб нест. Инро ман танҳо як фазосозӣ дар атрофи ҳизб медонам. Инро худи ҷаласа ва тасмими Шӯрои сиёсӣ исбот кард.
XS
SM
MD
LG