Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳрае ором, вале чолишгар, даргузашт


Салими Аюбзод (Аксҳо) Брус Панниер Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон имрӯз (9 август) пас аз як бемории тӯлонӣ дар синни 59-солагӣ даргузашт. Дар арсаи сиёсии Тоҷикистон вай як чеҳраи саршинос ва бонуфузи даҳаи 1990 буд. Дар гузашта аз душманони сарсахти давлат буд ва сипас дар имзои паймони сулҳе, ки ба панҷ сол ҷанги дохилӣ поён дод, яке аз нақшҳои умдаро бозӣ кард. Баъд аз он оқои Нурӣ ба ташкили як давлати эътилофӣ миёни рақибони ҷанги дохилӣ мусоъидат кард.

Абдуллоҳи Нурӣ дар манзили худ дар шарқи шаҳри Душанбе даргузашт. Вай тайи ду соли ахир бемор буд ва ҳузури ӯ дар миёни омма ба таври қобили мулоҳиза камранг шуда буд.

Билoфосила баъд аз даргузашти Абдуллоҳи Нурӣ издиҳоме иборат аз ҳаводорон, ҳамсафон ва шуморе аз сокинони Душанбе дар хонаи ӯ ҷамъ омаданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси Олӣ ва шаҳрдори Душанбе пойтахт низ дар манзили оқои Нурӣ дар канори издиҳоми иборат аз вазирони давлат ва сафирони бархе аз кишварҳо ҳузур ёфт. Вай гуфт:

«Раисиҷумҳур низ таъзияашонро баён карданд. Он кас имрӯз дар Ҳайдаробод ҳастанд ва маро вазифадор карданд, ки таъзияашонро расонам. Сад афсӯс, ки аз дасти банда чизе намеояд, ба ҳамин хотир аст, ки бояд банда шукргузор бошад, ба ҳар чизе, ки пеш меояд. Худованд ишонро тариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад ва охирати обод дошта бошанд.»

Абдуллоҳи Нурӣ аз саршиностарин чеҳраҳо дар зарфи даҳ соли пас аз истиқлоли Тоҷикистон буд. Вай нахуст ба унвони раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва сипас раиси Иттиҳоди нирӯҳои мухолифи давлат зуҳур кард. Ба дунболи оғози ҷанги дохилӣ дар соли 1992 вай кишварро тарк кард, аммо дар канори муъовинаш Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, муфтии собиқи Тоҷикистон аз хоки Афғонистону Ирон идораи умури Иттиҳоди мухолифонро идома дод.

Соли 1997 Абдуллоҳи Нурӣ ба намояндагӣ аз Иттиҳоди мухолифони тоҷик тавофуқномаи ниҳоии сулҳи тоҷиконро имзо кард ва бад-ин гуна ба ҷанге, ки ҳудуди 100 000 қурбонӣ бурд ва зербинои Тоҷикистонро абгор кард, поёни расмӣ ниҳода шуд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, муъовини собиқи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар гуфтугӯ бо бахши тоҷикии Озодӣ бо арзи ҳамдардӣ ба бастагону дӯсторони Нурӣ ва мардуми Тоҷикистон гуфт, ки абдуллоҳи Нурӣ талош мекард ба хотири манофеъи миллии Тоҷикистон бо мухолифонаш созиш кунад:

"Устод Нурӣ ба зоти худашон бисёр шахсияти фариде буданд. Тайи ин умри кӯтоҳ корҳои зиёди хайре анҷом доданд. Яке аз шахсиятҳое буданд, ки дар роҳи барқарории сулҳ ва пеш аз он барои пешгирӣ аз ҷанги дохилӣ талошҳои зиёде карда буданд. Баъд аз он ки ҷанг бар сарамон таҳмил шуд ва дигар чорае набуд, ҳамеша бо ҳам талош мекардем, ки сулҳ сулҳи одилона шавад ва мардуми муҳоҷир бо сари баланд аз Афғонистон ба ватан баргарданд."

Абдуллоҳи Нурӣ пеш аз имзои Паймони сулҳи Тоҷикистон нирӯҳои мусаллаҳи мухолифи давлатро раҳбарӣ кардааст. Вай дар моҳи июни соли 1997 яке аз ду имзои зери ин паймонро дар Маскав гузошт. Аммо як моҳ пеш, ки дар ноҳияи Рашт аз нуҳумин солгарди имзои ин паймон таҷлил мешуд, Абдуллоҳи Нурӣ дар паҳлӯи тарафи дигари сулҳ, ки Эмомалӣ Раҳмонов аст, ҷой наёфт.
XS
SM
MD
LG