Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бардоштҳои Бонки Ҷаҳонӣ аз риштаи кишоварзии Тоҷикистон


шореҳи иқтисодӣ

Дар Тоҷикистон бояд барномаи рушди кишоварзӣ тадвин ва амалӣ гардад. Чунин аст назари мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар гузориши он муассиса зикр шуда аст. Дар ин санад вазъи мавҷуда, дастовардҳо ва мушкилоти кишоварзони мо мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳҳои ҳалли мушкилот ва рушди ин соҳа баён шудааст. Гуфта шудааст, ки таи солҳои ахир дар ин соҳа дигаргуниҳои ҷиддӣ рўнамо шудаанд ва кишоварзони тоҷик ба пешрафтҳои назаррас ноил шудаанд. Маҳсулоти кишоварзӣ 65% афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ дар деҳот 20% пойин омадааст. Аммо боиси нигаронӣ ин аст, ки рушди кишоварзӣ ҳамвору устувор нест. Дар ҳоле ки тавлиди ғалла ва сабзиҷоту меваҷот хеле боло рафта аст, дар бахши пахтакорию молдорӣ мушкилот зиёд аст. Ба ақидаи мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ, дар кишвар барои рушди ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ имконоти хуб вуҷуд дорад. Вале як силсила омилҳои дохилию берунӣ садди роҳи пешрафт шудаанд.

Монеъаҳои дохилӣ, асосан, аз инҳо иборатанд:
1. Ислоҳоти кишоварзӣ ба шеваҳои нодуруст ва ғайриоқилона гузаронида шуда ва мешавад. Заминаҳои ҳуқуқии ислоҳот мукаммалу равшан нестанд. Бинобар ин, дар аксари маворид натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд.
2. Кишоварзон амалан озоду мустақил нестанд. Онҳо дар интихоби зироат, парваришу ҷамъоварии ҳосил ва фурухтану истифодаи даромади ҳосила аз он аксаран ихтиёре надоранд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мақомоти давлатӣ ба монанди замони шўравӣ ба кишоварзон амру фармон медиҳанд ва чи коштану ба ки фурўхтани маҳсулотро тайин мекунанд.
3. Камбуди мошинолоти кишоварзӣ ва кўҳнаю фарсуда шудани онҳо ва хароб шудани системаи обёрӣ дар бисёр навоҳии кишвар ба фаъолияти кишоварзон таъсири манфӣ мерасонад.
4. Созмондеҳии кор дар хоҷигиҳои деҳқонӣ нуқсонҳои зиёд дорад. Музди деҳқонон хеле ночиз аст ва ин кишоварзонро ба кори пурмаҳсул ва зиёд кардани ҳаҷми маҳсулот ҳавасманд намекунад.
5. Дар кишвар бозори фурўши маҳсулоти кишоварзӣ, ба вижа пахта, ва бозори авомили тавлид, аз ҷумла бозори озоди мошинолоти кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, маводи кимиёӣ ва маводи сўхт амалан вуҷуд надорад. Хариду фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ва расондани маводи мавриди ниёзи корҳои тавлидиро як гурўҳ сармоягузорону миёнаравҳо ба инҳисори худ даровардаанд. Онҳо авомили тавлидро бо қиматҳои хеле гарон ба кишоварзон таҳмил мекунанд. Илова бар ин, маводи мавриди заруратро аксаран дер ва камтар аз миқдори зарурӣ мерасонанд.
6. Системаи бонкии кишвар хеле заъиф аст. Бозори ибтидоӣ ва маҳдуди пул, қарзаҳои ниҳоят гарон ва шароити сангини он ба рушди кишоварзӣ ва иқтисоди кишвар мусоидат намекунад.
7. Системаи девонсолорию қоғазбозиҳо, ришвахории кормандони идораҳои давлатӣ, ва механизми печидаи нархгузорӣ кори содироти маҳсулоти кишоварзиро басо мушкил сохтааст.

Монеъаҳои беруна дар роҳи рушди кишоварзӣ иборатанд аз бесуботии нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори ҷаҳонӣ, ва пардохтҳои зиёди қонунию ғайриқонунӣ барои интиқоли колоҳо аз қаламрави кишварҳои ҳамсоя мебошад. Ба ақидаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, ҳукумати Тоҷикистонро мебояд ки истратежии рушди кишоварзиро тадвин намояд ва чораҳои лозимаро бияндешад, то монеъаҳои зикр шуда аз байн бурда шаванд ва рушди устувори ин соҳа таъмин гардад. Матлаби муҳим ин аст, ки кишоварзони тоҷик бояд озоду мустақил бошанд ва масъалаи чи коштану чи қадар ҳосил гирифтан ва ба ки фурўхтану ба чи қимат фурўхтани маҳсулоти худро худашон ба ихтиёри худ ҳал кунанд.
.
XS
SM
MD
LG