Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳсули нишастҳои Душанбе


Уфуқҳои нави ҳамкорӣ

Душанбеву Теҳрон зимни сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба шаш санади дуҷонибаи ҳамкорӣ, аз ҷумла тавофуқномаи тиҷорати боимтиёз ва ёддоштҳои тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳоти ҷаҳонгардӣ ва таъсиси минтақаҳои озодӣ тиҷоратӣ имзо гузоштанд. Дар ҷараёни ин сафар маросими ифтитоҳи нақби Анзоб баргузор шуд, ки роҳ то пойтахти Тоҷикистонро аз вилояти суғд ҳудуди 30 километр коҳиш дода, шимоли Тоҷикистонро аз ин ба баъд ба таври доим бо марказ ва ҷануби кишвар пайваст. Эрон зимнан тааҳҳуд супурда, ки дар бастагӣ бо барномаи бунёди нирӯгоҳи дуввуми Сангтӯда 60 миллион доллари дигарро сарфи сохтмони нақби Чормағзак хоҳад кард.

Дар нишасте, ки вузарои иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистону Эрон Ҳаким Солиев ва Саидмасъуди Козимӣ бо тоҷирони эронии муқими Тоҷикистон доштанд, сухан бештар аз мушкилоти мавҷуд дар роҳи фаъолияти туҷҷор ва ширкатҳои эронӣ дар бозори Тоҷикистон рафт. Саидмасъуди Миркозимӣ, вазири бозаргонии Эрон низ бо як навъ ҷамъбандӣ аз ин мушкилот мавонеъи молиётиву гумрукӣ ва мушкилот бо идораи "Тоҷикстандарт"-ро аз ҷумлаи мушкилоти умдаи истода дар пеши роҳи ҳаракати тоҷирони эронӣ дар бозори Тоҷикистон донист.

Вуҷуди мушкилотро дар мулоқот бо туҷҷори эронӣ вазири иқтисоди Тоҷикистон Ҳаким Солиев низ дар ин ҳамоиш таъйид кард, вале гуфт, ҷониби Душанбе ба манзури ҳалли ин мушкилот иқдомоти мушаххасеро рӯи даст дорад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, ки мушкилоти мавҷуд дар роҳи фаъолияти ширкатҳои эронӣ дар бозори кишвараш дар мулоқоти онҳо бо Маҳмуди Аҳмадинажод низ матраҳ шуда ва Душанбе дар садад аст ба хостҳои тоҷирони эронӣ расидагӣ карда ва як силсила имтиёзоте дар ихтиёри онҳо қарор бидиҳад.

Дар ин замина як ёддошти тафоҳум низ байни ду кишвар ба имзо расид, ки бар тибқи он, ба гуфтаи сухангшӯи вазорати иқтисоди Тоҷикистон Ғафурҷон Расулов, дар тарҳи нави қонуни сармоягузории Тоҷикистон чунин имтиёзотро ҷой хоҳанд дод. Ғафурҷон Расулов мегӯяд, аз ҷумла қарор аст, дар мароҳили аввал сармоягузорони хориҷӣ ва аз ҷумла эронӣ аз пардохти молиёт маъоф карда шаванд.

Назари коршинос: Тоҳири Абдулҷаббор, коршиноси барномаи мо низ эҷоди як фазои пуримтиёз ба хотири расидан ба мизони беҳтари ҳамкорӣ байни кишварҳоро лозим медонад. Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон дар радифи кишварҳое қарор дорад, ки сармоягузорӣ ба иқтисодаш рискҳоеро ҳам ба думбол дорад ва аз ин хотир бояд ба сармоягузорон бо роҳи ироаи имтиёзҳову замонатҳо итминони хотир дода шавад. Оқои Абдулҷаббор дар ин бора аз ибтикори давлати Эрон ёдоварӣ мекунад, ки барои тазмини сармояи тоҷирони эроние ки дар кишварҳое ба мисли Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд, як Сандуқи вижаи давлатӣ таъсис додааст.

Бо ин ҳол...

...соли гузашта мизони табодули молу коло байни Тоҷикистону Эрон 68 миллион ва дар нимаи аввали соли ҷорӣ 38 миллион доллар будааст. Яъне баробари 3 дарсад аз ҷамъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон. Дар Тоҷикистон 45 корхонаи муштарак бо Эрон фаъолият мекунад, аммо ба гуфтаи вазири иқтисоди Тоҷикистон Ҳаким Солиев аз ин ҷамъ фақат 3 корхона ба тавлидот ва бақия машғули танҳо хариду фурӯш будаанд.

Садо аз се даст?

Дар ҳошияи дидорҳои расмии Ҳомиди Карзай ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар Душанбе нишасти руъасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Афғонистону Эрон низ доир шуд. Муҳимтарин дастоварди ин ҳамоиш, ки нахустин нишасти муштараки се кишвари ҳамзабон маҳсуб мешуд, таъсиси як шӯрои ҳамоҳангсоз ва як кумисиюни муштараки сеҷониба дониста мешавад.

Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, ки се кишвар дар роҳи ҳамкориҳои сеҷониба ба равобити иқтисодӣ аҳамияти хос қоиланд. Вай афзуд, кумиссиюни муштарак бояд то 2 моҳи дигар таъсис ёфта, нахустин иҷлоси худро дар Кобул, пойтахти Афғонистон доир кунад ва то нишасти навбатии сарон ҳама санадҳои лоизм барои роҳандозии ҳамкорӣ байни 3 кишварро омода созад.

Дар нишасти Ҳомиди Карзай, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмонов байни Душанбеву Кобулу Теҳрон дар маҷмӯъ 6 санади сеҷониба имзо шуд, ки як бахши умдааш марбути масоили иқтисодӣ буд. Ҷузъиёти тавофуқоти се раҳбар дар мавзӯъҳои иқтисодиро аз сухангӯи вазорати иқтисоди оҷикистон Ғафурҷон Расулов пурсидам. Оқои Расулов гуфт:

"Ин тарҳҳо марбут аст аз ҷумла ба барномаҳои бунёди нирӯгоҳҳо, бахусус дар Тоҷикистон, интиқоли нирӯи барқ ба Афғонистон ва тавассути он кишвар ба кишварҳои севвум, аз ҷумла ба шарқи Эрон, Пружаҳои бунёди пулҳо, хутути мувосилотӣ, аз ҷумла роҳҳое, ки аз қаламрави Афғонистон Тоҷикистонро бо ҷануби Осиё ва бо халиҷи Форс бипайвандад."

Назари коршинос: Тоҳири Абдулҷаббор, коршиноси барномаи мо мегӯяд, худи хабари мулоқоти раҳбарони Эрону Тоҷикистон ва Афғонистонро муҳим мехонад ва мегӯяд, табиист ки дар ин сегона нақши асосиро Эрон, ки тавоноиҳои бештари иқтисодиву молӣ ва фанниро дар ихтиёро дорад, бозӣ мекунад. Тоҳири Абдулҷаббор мегӯяд, аммо Афғонистон ва Тоҷикистон низ ҳеч кадом дар ин занҷира ҳалқаҳои беҳуда нестанд ва Афғонистон агар дар ин сегона нақши меҳварро бозӣ кунад, пас Тоҷикистон барои он ду кишвар дарвозае хоҳад шуд ба сӯи бозорҳои Осиёи Марказиву қисмати Сибирии Русия ва ба Чин.

Дар воқеъ...

...дар мулоқоти руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Афғонистон масъалаи сохтмони нирӯгоҳҳо бар фарози рӯдхонаи Панҷ, аз ҷумла нирӯгоҳи Даштиҷум ва ҳам барномаи бунёди хатти ҳазорусадкилометрии интиқоли нирӯи барқи Роғун - Пешовар, ки 420 километраш аз қаламрави Афғонистон хоҳад гузашт, баҳс шудааст. Ҳамчунин қарор аст, бар пояи наздики 1 миллиард доллар сармоягузории ширкатҳои амрикоӣ хутути интиқоли барқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ то Афғонистон кашида шаванд. Ду чунин хатт , ки ҳазинаи эҳдосаш ним миллиард доллар баровард шудааст, аз Тоҷикистону Қирғизистон кашида хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG