Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНИСЕФ - нигарони сарнавишти кӯдакони Ховари Миёна


Анис Солим, мушовири минтақаии ЮНИСЕФ дар Ховари Миёна, ки мақарраш дар Уммон аст, дар бораи рӯйдодҳои ахири ин минтақа мегӯяд:

"ЮНИСЕФ изҳор мекунад, ки рӯйдодҳои андӯҳгини Қоно моро такон дода амиқан ба ташвиш овардааст. Мо изҳоротеро ба нашр расонида, куштори идомаёбандаи аҳолии мулкӣ ба вижа кӯдаконро маҳкум мекунем. Дар чунин шароит, кӯдакон бояд таҳти ҳимояти вижа қарор бигиранд. Онҳо набояд қурбонии аввали ин ҷангҳо бошанд. Аммо тавре мебинем, мизони талафоти ғайринизомиён беш аз теъдоди ҷангҷӯёнест, ки кушта мешаванд ва ин воқеан ҳам аҷиб аст"

Бино ба иттилоъи ҳукумати Лубнон, дар се ҳафтаи задухурдҳо, ҳудудан 600 нафар ба ҳалокат расида, беш аз се ҳазор тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. ЮНИСЕФ бар ин бовар аст, ки 30 дарсади онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал мегӯяд, ки барои мусоъидат ба мардуми осебдида 25 милюн дулор кумак хостааст. Аммо дар айни замон, фаъъолияти имдодрасонии ин созмон дар чанд самт роҳандозӣ шудааст. Анис Солим дар ин бора гуфт:

"Фаъъолоияти мо се ҷанба дорад. Аз як сӯ мо мардуми ғайринизомӣ ва ба вижа кӯдаконро бо дору ва витоминҳо таъмин мекунем, ки ҷисми онҳо тавонад дар баробари тарсу изтироб муқовим бошад. Ҳафтаи оянда мо дар назар дорем, ки як корзори вижаи тавзеъи витомини А дар миёни кӯдакони беҷошударо оғоз кунем. Ҳамчунин фаъъолияти мо аз тавзеъи оби поки ошомиданӣ ва маводди беҳдоштӣ иборат аст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз бурузи бемориҳо анҷом меёбад. Ва ниҳоят бахши дигари кори мо аз як навъ кӯмаки иҷтимоъӣ ба кӯдакони аз ҷангу низоъҳо осебдида иборат мебошад. Мо ба кӯдаконе кумак мекунем, ки шоҳиди хушунатҳо шуданду рӯҳан осеб диданд, онҳое, ки дар натиҷаи фирор ва тарки хонаву кошонаашон бо мушкилоти равонӣ рӯбарӯ шудаанд."

Бунёди ҳимоят аз кӯдакони СММ аз ҳукумати Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон, ду тарафи даргир, тақозо кардааст, ки дар зудтарин фурсат силоҳҳои худро ба замин бигзоранд. Ин созмон мегӯяд, ки ҳама гуна зӯровариву хушунат алайҳи кӯдакон, ранҷу озор ва куштори онҳо тибқи қавонини башарӣ ҷиноят шумурда мешавад.
XS
SM
MD
LG