Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табуҳои тоҷикӣ


Коргардон -- Салими Аюбзод Дар барномаҳои гузашта, вақте аз ҳувияти миллӣ ва динӣ, хирад, хурофот, рақобат ва одоб, ору номус, падарсолорӣ ва шугун ё тасодуф дар ҳаёти миллати тоҷик сӯҳбат мекардем, гӯшаи наве худро намоён кард, ки дар забони илм табу ва дар забони ом ҳаром, куфр, ширк, биъдат, макрӯҳ ё мамнӯъ (аҷаб, ҳама вожаҳои арабӣ) номида мешавад. Имрӯз талош хоҳем кард, табуҳои тоҷикиро бифаҳмем.

«Cуннат қолиб аст ва ҷаҳишҳо аз ин қолибро падидаи нубуғ ё қаҳрамонии як миллат бояд шумурд.»

Олег Бондаренко, "Фалсафаи наҷоти қавм"

РАВО Ё НОРАВО

Гуфтем, ҳаром, куфр, ширк, биъдат, макрӯҳ ё мамнӯъ, ки тоҷикияш шояд нораво ва бо каме кашиш бадӣ буда тавонад. Олег Бондаренко бе он ки аз миллате ном барад, менависад, баъзе мардумон қолабҳоро дӯст медоранд ва аз хурдӣ бачаҳои худро андаруни ин қолабҳо парвариш мекунанд. Хоб рав, набошад дев меояд ва туро мехӯрад. Хап шин, ва агар не, нонат намедиҳам. Арӯс бояд сараш хам бошад. Говро бояд аз тарафи росташ нишаста дӯшид, баланд гап назан, баланд наханд, дар назди меҳмон ба дастархон даст дароз накун ва монанди инҳо. Ба гуфтаи муаллиф ин ҳама дар генҳо ё бофтаҳои ДНК ва агар сода гуем, дар ҳофизаи хуни инсонҳо мемонад, аз насл ба насл мегузарад ва ба хислати умумӣ табдил меёбад.
Табу вожаест, ки тонгиҳо, қабилаи хурде дар Полинезия, ба фарҳанги ҷаҳон тақдим кард. Сайёҳи машҳур Ҷеймс Кук дар соли 1777 аз сафари Баҳри Ҷануб баргашт ва ин вожаро ба замбони инглисӣ ворид кард.
Маънии аввали он ба дину мазҳаб бастагӣ дорад ва аммо маънии куллияш мамнӯъияти иҷтимоии он фаъолиятҳои инсонист, ки ё муқаддас дониста шудаанд ва ё баракс бадии бузург.
Туф кардан ба об ва пуф кардан ба оташ, хӯрдани гӯшти одам ё ҳайвоноте, ки ҳаром дониста мешаванд, ҳамхобагии волид бо авлод, нишон додани ин ё он ҷои бадан, дашному тавҳин ва ғайра. Дар ҳоле ки бархе аз табуҳо заминаи муайяни ахлоқӣ доранд, сарманшаъи бархи дигар бо гузашти айём фаромӯш шуда, мардум онҳоро ба таври ғайриихтиёр риоят мекунанд ва онҳо бештар баёнгари таърихи ҷомеаанд, то коди ахлоқӣ.
Оё имрӯз дар ҷомеаи тоҷик чӣ норавоиҳое мавҷуд аст ва мардум ба онҳо чӣ назар доранд, аз ҳамнафаси ин лаҳзаҳои мо Бароти Юсуфӣ мешунавем. Коршиносон табуҳои тоҷикиро чанд навъ медонанд ва мегӯянд, дар ҳоле ки бархе аз онҳо безиёнанд, бархи дигар даступои мардумро мебандад ва касро аз хурдсолӣ ба рӯҳияи бардагӣ ё фармонбардорӣ одат медиҳад.

ТАРСУӢ

Дар китоби "Тоҷикон"-и Шишов, ақидаи аксари донишмандони мардумшинос ва сайёҳони қарнҳои гузашта дар бораи хислату хосияти тоҷикон нақл шудааст. Ахиран ин китоби нодир бо талошҳои нависандаи тоҷик Қодири Рустам дар Алмато умри дубора ёфт. Умри дубора, барои он ки ҳарчанд китоби Шишов дар соли 1910 дар Тошканд навишта шуда ба нашр расид, дастраси умум набуд ва ҳатто на ҳама пажӯҳишгарон метавонистанд, аз он истифода кунанд.
Чанде аз пешгузаштагони Шишов тоҷиконро, маъзарат мехоҳам, қавми тарсу ва беғайрат номидаанд, аммо дар баробари ин аз некрафторӣ, ростӣ ва дилсофии онҳо ситоиш кардаанд.
Баъзе аз ин вижагиҳоро ҳоло дар гуфтори раҳгузарони Душанбе, ки ҳамнафаси мо Абдураҳими Умарзод рӯйи навор овардааст, метавонед шунид.

ТАБУҲОИ СИЁСӢ

Як шунавандаи мо пурсидааст, чаро дар ҳар масъала назари ҳизбҳои сиёсиро меоред, дар ҳоле ки онҳо қодир нестанд, афкори ҷамъиятиро ташаккул диҳанд.
Шояд ин нукта дуруст бошад, вале ба ҳар ҳол ҳар ҳизб пайравони худро дорад ва андешае, ки намояндагони ин аҳзоб мегӯянд, андешаи як бахши ҷомеа ба шумор меравад, бигзор бахши хурд ё бузург.
Бе зикри ин, манзараи куллӣ нотамом ва нопурра хоҳад буд. Пас, ҷилави суханро ба ҳамнафаси дигари мо Нилуфари Собир медиҳем, ки аз сӯҳбат бо намояндагони ҳиӯзбҳои сиёсии Тоҷикистон баргашт. Агар ин сӯҳбатро гӯш кунед, хоҳед шунид, ки бархе аз сиёсатмадорон чанд мавзӯъ ва афродро табуи сиёсии Тоҷикистон меноманд. Онҳо мегӯянд, ҳама медонад, ки беҳтар аст, дар бораи ин афрод ва ин масъалаҳо чизе нагӯяд.

Агар ҳамаи инро донистан мехоҳед, бо ангушт задан ба рамзи радиоча дар паҳлуи сарлавҳа, бо мо ҳамнафас шавед.
XS
SM
MD
LG