Дуввумин даври мусобиқоти байнулмилалӣ байни теннисбозони навҷавон барои дарёфти Ҷоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 то 27 август дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Дар ин бора Наргис Набиева, муъовини раиси Кумитаи тарбияти бадан ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод. Вай афзуд:
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилу баргузории ин мусобиқот 125 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст. Аввалин ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ин мусобиқот таҳти раҳбарии Хайриннисо Мавлонова, муъовини нахуствазири Тоҷикистон рӯзи 27 июл доир мешавад. Барои ширкат дар ин мусобиқот теннисбозони навҷавони 12 кишвари ҷаҳон даъват шудаанд.»
Ба гуфтаи хонум Набиева, дар айни ҳол корҳои тармиму барқарорсозии майдони тенниси назди Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе - макони баргузории ин мусобиқот ҷараён дорад.
Ва як хабари дигар.Дастаи мунтахаби таэквон-до (ITF)-и Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни навҷавонон, ки рӯзи чаҳоршанбе (26 июл) дар пойтахти Булғористон - шаҳри София оғоз шуд, ширкат дорад. Ба ҳайъати тими мунтахаби кишвар 12 варзишгари ҷавони тоҷик дохиланд. Нигора Ҳомидова, узви дастаи духтаронаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, барои аввалин бор аст, ки вай дар мусобиқоти қаҳрамонии таэквондои ҷаҳон ширкат меварзад ва барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ талош хоҳад кард.
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Булғористон то рӯзи 31 июл идома мекунад.