Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти тоҷикон бо се медол аз Эрон


Тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар риштаи каратэ-до дар шаҳри Ардабили Эрон се медол ба даст овард.

Баҳром Ҳамидов, дабири кулли Федеросиюни каратэ-дои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот, ки барои дуввумин бор баргузор шуд, ҳудуди 800 варзишкор аз Эрон, Арманистон, Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Вай афзуд:

«Тоҷикистонро аввалин бор дар ин мусобиқот шаш нафар аз беҳтарин варзишкорони кишвар намояндагӣ карданд ва се нафари онҳо ба шаҳри Душанбе бо медол баргаштанд. Диловар Шарифов дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни зери 60 килограмм мақоми аввалро касб карда, бо медоли тилло сарфароз гашт. Темур Беков дар вазни зери 75 килограмм соҳиби мақоми дуввум ва медоли нуқра гардид. Далер Сафоев дар вазни зери 70 килограмм ба мақоми севвум ва медоли биринҷӣ даст ёфт. Бад-ин гуна тими Тоҷикистон пас аз ду тими Эрон дар ҷойи севвум қарор гирифт.»

Ба гуфтаи оқои Ҳамидов, дар айни ҳол дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти байнулмилалӣ, ки 16-ум ва 17-уми август дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, омода мешавад.
XS
SM
MD
LG