Пайвандҳои дастрасӣ

Форсӣ,дарӣ ва тоҷикӣ: як забон ё се забон ?


Ва дар остонаи ҷашни забони миллӣ баҳси забони расонаҳо дубора матраҳ шудааст. Гурӯҳе ҳамчунон мӯътақиданд, ки забони расонаҳо ҷониби мушкил шудан ва иронӣ ва ё афғонишишудан пеш рафта ва душворфаҳм гаштааст.Аммо гурӯҳе ҳам инро таҳаввули мустбат дар забон медонанд.

Усмон Назир вакили пешини порлумон ваРаиси бунёди забони тоҷикӣ: «Рузномаҳои «Миллат», «Наҷот», «Адабиёт ва санъат» ро баъзеҳо мехонанд ва мепурсанд, ки оё ин забони тоҷикӣ аст. Ман мегӯям, мутаасифона, бале, ҳамин тоҷикӣ аст. Бисёр калимаҳои душворфаҳме истифода мешавад, ки ҳатто ман ба адабиёт чиҳил сол сару кор дорам, барои фаҳмидани он луғатро кофта хеле вақти дигарро сарф кардам. Масалан, «Уруосиё, ҳамин Евразия будагист дия, «маркази мутолеъоти истротежик», «амнияти Осиёи Марказиро ба чолиш рўбарӯ кардааст». Худоё тавба, чолишҳо, яӣне чӣ? Боз чизҳои дигаре ҳаст, ки агар боз мехондам сарам гаранг мешуд ва аз навиштан мемондам.»

Аммо Сулаймон Анварӣ раиси пешини фокултаи адабиёти Донишгоҳи омузгорӣ ва устоди Донишгоҳи миллӣ ба ин назар мувофиқ нест ва мегӯяд, ин як раванди табиӣ ва мусбат аст ва дар шароити ҳамгироии иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамзабон аз ин падида набояд ҳаросид: «Дар маҷмӯъ вазъи забони матбуот рӯ ба беҳбудӣ аст. Ман дар ин замина хушбин ҳастам. Мо дар марҳалаи гузариш қарор дорем ва бархе калимаҳо ва вожаҳое, ки дар мавриди онҳо эрод гирифтанд, ҷои худро пайдо мекунанд, то мувофиқ ба мақсади муаллиф истифода шаванд.»

Аммо Ғаффор Ҷӯраев муовини раиси Кумисюни татбиқи Қонуни забони Тоҷикистон низ дар пуштибонӣ аз суханони Раиси бунёди забон аз лаҳн ва шеваи матбуот интиқод кард ва гуфт, як сабаби коҳиш ёфтани теъдоди рӯзномахонҳо ҳамин ба истилоҳ мушкил шудани забони матбуот аст, яъне ба гуфтаи вай ворид шудани калимоти бегонаи иронӣ ва афғонӣ.

Аммо Сайфиддин Назарзода раиси Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рудакӣ ба ин ҳарф эътироз кард ва гуфт, ҳеҷ истилоҳ ва калимае аз иронӣ ва афғонӣ вориди ин забон нашудааст, балки ин ҳама калимот моли худи ин забон аст, ки бо маҳзи бештар шудани имкнони мутолеъаи ҷомеа рӯнамо мешавад ва мавриди истифода қарор мегирад: «Дар воқеъ забони мо дар Тоҷикистон тӯли понздаҳ соли охир бисёр тағйир карда. Дар ҳақиқат агар як касе аз насли солҳои 60 ва 70 рӯзнома ва китоби моро бихонад шояд дар дарки он ҷое ба мушкил рӯбарӯ шавад. Аммо ягон калимаи бегона ва зиёдатӣ ба забон дохил нашудааст. Ҳамаи ин калимаҳо дар собиқ ҳам истифода мешуданд ва моли ин забон ҳастанд. Ва имрӯз, ки маҳдудаҳо бардошта шудааст, дубора калима ва вожаҳое, ки дар замони шуравӣ истифодаи онҳо мамнуъ буд, мисли донишҷӯ, шоҳроҳ, анҷуман ва ғайр дуброа истифода мешаванд.»

Дар ҳамин ҳол Абдураҳмон Абдуманнонов муовини раиси Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон гуфт, дар воқеъ иштибоҳоти фаровоне дар рӯзномаҳо дида мешавад ва бояд тибқи қонун мисли солҳои сиюм як муҳаррири адабӣ дар ҳар рӯзнома фаъолият кунад.

Аммо тавре гуфтем, ин ҳама баҳсе нест, ки акнун оғоз шуда бошад, балки солҳост идома дорад ва ҳамасола дар остонаи ҷашни забон ташдид мешавад.

Додихудо Саймуддинов раиси пешини Пажуҳишгоҳи забон ва адбабиёт ва раиси Кумитаи илму фарҳанг дар порлумлони Тоҷикистон дар баҳсҳои қаблаӣ дар посух ба ин навъ иддао гуфта буд: «Ҳиҷ мушкил нашудааст забон. Ин забон имрӯз ба қолаби забони меъёр ворид мешавад. Ва ҳамин қолаби забони меъёр барои касоне, ки бегона ҳаст, даъво мекунанд, ки забон мушкил шудааст. Ҳиҷ мушкил нашудааст. Забони мо хеле сода аст. Онҳое, ки таҳсил кардаанд инро худ эҳсос мекунанд. Аммо барои онҳое, ки таҳсил накардаанд ва ё бо забони хонаводагиашон таҳсил кардаанд ва донишгоҳро хатм кардаанд, албатта барои онҳо мушкил аст.»

Аммо воқеъият ин аст, ки таҳаввул дар забони матбуоти Тоҷикистон дар ҷараён аст ва сатҳи мубоҳисон низ тағйир карда. Бар рағми пешин ҷонибдорони таҳаввул дар забон, ҳамгироӣ ва ҳамгунсозии се шеваи тоҷикӣ дарӣ ва иронии ғарбӣ як забони воҳиди форсӣ акнун дар сатҳҳои мухталифи давлат ва ҳукумат низ ҷой дорад, ҷое, ки қабалн нуфузи мухолифони ин раванд маҳсустар буд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG