Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон хостори мизбонии мусобиқоти Осиё шуд


Тоҷикистон хостори мизбонии ду мусобиқаи байнулмилалӣ - Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) ва Ҷоми раёсати AFC дар соли 2008 дар ин кишвар шудааст. Дар ин бора Мирзо Муҳаммадҷонов, муъовини раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 21 июл ба Радиои Озодӣ хабар дод. Вай афзуд:

«Тими миллии футболи Тоҷикистон имсол нахустин барандаи Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё шуд. Соли гузашта дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода Ҷоми раёсати AFC-ро ба даст оварда буд ва имсол дар ин мусобиқа «Вахш»-и Қурғонтеппа ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт. Ин натиҷаҳои бадастовардаи дастаҳои кишварро ба назар гирифта, Федеросиюни футболи Тоҷикистон аз Конфедеросиюни футболи Осиё хоҳиш кардааст, ки ин ду мусобиқаи байнулмилалӣ соли 2008 дар кишвари мо баргузор шаванд.»

Ба ҷуз Тоҷикистон Тойвон, Ҳиндустон, Покистон, Сри-Лонко ва Филиппин хоҳиши мизбонии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиёро кардаанд. Барои баргузории мусобиқаи дигар - Ҷоми раёсати AFC дар баробари Тоҷикистон ду кишвари дигар - Тойвон ва Қирғизистон ба унвонии Конфедеросиюни футболи Осиё дархост фиристодаанд.

Воқеъан, кумитаи иҷроияи Конфедеросиюни футболи Осиё низомномаи нави баргузории мусобиқоти қитъавиро тасдиқ намуд. Минҷумла, бар асоси он дар Ҷоми даъвати AFC 17 дастаи мунтахаби гурӯҳи кишварҳои «навпо» ва «дар ҳоли рушд» ширкат хоҳанд кард. Барандагони Ҷоми даъвати AFC дар солҳои 2008 ва 2010 ҳаққи онро хоҳанд дошт, ки бидуни ширкат дар бозиҳои интихобӣ дар қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 ширкат кунанд. Вале дар ҳолати пирӯзии як даста дар мусобиқоти солҳои 2008 ва 2010 роҳхати дуввум насиби дастае мешавад, ки дар Ҷоми даъвати AFC-2010 ҷойи дуввумро ишғол кунад.
XS
SM
MD
LG