Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони дуздии сирри Coca Cola


Дар Амрико аз як талоши навбатии дуздии асрори нӯшобаи дар ҷаҳон маъруфи Coca Cola ҷилавгирӣ кардаанд. 3 корманди ширкати Coca ColaКока Кола расман ба таҷассуси саноатӣ муттаҳам шудаанд. Ин афрод мехостаанд тарзи таҳияи нӯшобаи Coca Cola-Кока Коларо ба рақиби аслиаш Pepsi бифурӯшанд.Аммо мақомоти ширкати Pepsi Co аз чунин тиҷорати машкук парҳез карда ва фурӯшандагонро ба дасти FBI, созмони марказии тафтишотии Амрико супурдаанд. Намояндаи Pepsi Co гуфтааст, рақобат дар бозор метавонад шадид, вале ҳамеша бояд одилона бошад.

Coca Cola ва Pepsi Co, бо беш аз як аср собиқаи фаъолият, бузургтарин фурӯшандагони нӯшобаҳои ҷаҳон ба шумор мераванд. Фурӯшоти солонаи ширкати Pepsi Co дар ҳоли ҳозир беш аз 26 миллиард доллар аст, дар ҳоле ки фурӯшоти рақиби аслиаш Coca Cola ҳамагӣ чизе бештар аз 18 миллиард будааст.
XS
SM
MD
LG