Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон: "Оби изофӣ надиҳед, гози табиъӣ намедиҳем!"


Тошканд мехоҳад дар соли равон бо таҳдид ба Душанбе мушкили оби худро ҳал кунад ва ба ҷои 250 метри мукаъаб 600 метри мукаъаб дар сония оби Тоҷикистонро ворид кунад. Ахиран макомоти Тошканд изҳор доштаанд, ки агар Тоҷикистон ду баробар бештар аз мизони аслӣ оби худро ба Ӯзбакистон интиқол надиҳад, интиқоли гоз ба Тоҷикистонро комилан қатъ хоҳад кард.

56 дарсади захоири оби Осиёи Марказӣ дар ихтиёри Тоҷикистон аст ва обанбори Қайроқум, ки заминҳои Ӯзбакистон аз он обёрӣ мешавад, низ дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ мебошад. Аслан бештари манобеъи об дар Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст. Ва бо фарорасии фасли кишт дар тобистон миёни Ӯзбакистону Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон баҳс шурӯъ мешавад.

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, агар Тошканд таъаҳҳуди худ пас аз имзои тавофуқномаҳои марбут ба масъалаи обро иҷро мекард, Душанбе ба ҳеҷ рӯй аз интиқоли миқдори лозими об ба кишвари ҳамсоя истиҳола намекард.

Абдуқоҳир Назиров - вазири обу обёрии Тоҷикистон вазъи пешомадаро чунин шарҳ дод:

«Яке аз умдатарин масъалаҳои мавҷуд миёни Точикистону Узбакистон ин тақсими оби Тоҷикистон аст. Бино бар тавофуқномае, ки миёни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбакистон имзо шуда буд, қарор буд то сиву якуми майи соли ҷорӣ Ҷумҳурии Узбакистон ҳамаи чораҳоро меандешид, то дар обанбори Қайроқум ба болотарин мизон, яъне ба микдори се миллиарду чорсаду ҳаждаҳ миллиюн метри мукаъаб об захира мекард. Аммо ин масъала ҳалли худро наёфт».

Ва аммо ҷониби Узбакистон то кунун дар бораи дархости тарафи Душанбе ҳеҷ посухе надодааст. Дар сафорати Узбакистон дар Душанбе низ дар ин бора изҳори ноогоҳӣ карданд.

Аммо ба назари бархе аз коршиносони мутахассисони обу обёрӣ, Тошканд бояд мушкили оби худро бо Бишкек матраҳ кунад. Зеро дар фасли тобистон аз обанбори Тохтагули Қирғизистон миқдоре об барои Узбакистон тахсис шуда ва аз тариқи обанбори Қайроқуми Тоҷикистон ба Тошканд дода мешавад.

Профессор Яраш Пулодов - мудири кулли Пажӯҳишгоҳи обу обёрии Вазорати оби Тоҷикистон бар ин назар аст:

«Эътирози хукумати Узбакистон нисбат ба Тоҷикистон дар мавриди таъмини об нодуруст аст. Чунки ҳукумати Узбакистон бояд бо Қазоқистону Қирғизистон дар масъалаи обе, ки аз Тохтагул ба ҳудуди Тоҷикистон ворид мешавад ва тавассути обанбори Қайроқум ба Узбакистон мерасад, тавофуқ кунад».

Дар ҳамин ҳол Сайфулло Сафаров - муъовини Пажӯҳишгоҳи истротежики вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад, акнун фурсати он расида, ки Тоҷикистон ба монанди Узбакистон, ки гозро мефурӯшад, обро тиҷорат кунад. Бино ба гуфтаи вай, зеро ин роҳе хоҳад буд, ки печидагиҳоро аз байн хоҳад бурд:

«Агар Узбакистон аз ҳадди нисоб (квота)-и муқарраршуда по фаротар бигзорад, пас бояд маблағи онро талаб кард. Тавре ки мо барои гоз доиман пул медиҳем. Ҳаҷми обе, ки барои Узбакистон зарур аст, бигзор бепул бошад, аммо ҳаҷми зиёдатие, ки онҳо талаб мекунанд, бояд Тоҷикистон ё Қирғизистон пардохт шавад».

Аз сӯи дигар, Абдуқоҳир Назиров - вазири обу обёрии Тоҷикистон мегӯяд, агар Тоҷикистон пешниҳоди Узбакистонро дар мавриди афзоиши миқдори интиқоли об ба қаламрави он кишвар сад дарсад иҷро намояд, вилояти Суғд - яке аз бузургтарин манотиқи кишоварзии Тоҷикистон ва обанбори Қайроқум дар моҳи август беоб хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG