Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баландпарвозиҳои тифли фавқуллода закии тоҷик


Баҳриддин Холов 5-сол дорад, аммо бо забони олмонӣ ва русӣ беҳтар аз забони модариаш тоҷикӣ ҳарф мезанад. Чунин ба назар меояд, ки дар ин тифли 5 сола дониш ва тафаккураш бештар аз синну солаш аст. Қиссаи ин кӯдак хеле аҷиб аст, бахусус забономӯзиаш, ки аз тамошои филмҳои тасвирии шабакаҳои русӣ ва аврупоӣ, шурӯъ шудааст.

Идомаи қиссаи Баҳриддинро модараш Маҳбуба Холова идома медиҳад:
"Дар 8 моҳагиаш гап зад ва чун тавассути телевизион забони русиро ба пуррагӣ аз худ кард дар 2 солагиаш ман дарк кардам, ки дигар забонҳоро низ ҳамин тавр метавонад ба зудӣ омӯзад, барои ҳамин антенаи моҳворавӣ харидам ва шабакаҳои Аврупоро бештар тамошо мекард, бахусус як шабакаи Олмониро, ки Того ном дорад. Баъди чанд вақт аллакай баъзе калимаҳои олмониро тарҷума мекард, вале мо бовар намекардем, ки ӯ ин забонро медонад, аммо баъдан фаҳмидем, ки воқеан ҳам бо забони олмонӣ озод ҳарф мезанад."

Худи Баҳриддин, дар мавриди омӯзиши 2 забон ва ба вижа шавқ доштан ба забони олмонӣ чунин мегӯяд:

«Ма немисия аз телевиор ёд гирифтам, бисёр тамошо мекардум мултфилмойи немисия, манда ин забон бисёр маъқул аст, забони хубай. Гӯш кардан мегирум баъд мефаҳмам.»

Баҳриддин мисли дигар ҳамсолонаш ба боғчаи бачаҳо намеравад ва ба мактаб ҳам. Ӯ дар ҷое таҳсил мекунад, ки донишҷӯён таҳсил мекунанд, яъне дар донишкада. Баҳриддин ҳар субҳ баробари донишҷӯён бо либоси расмӣ роҳ сӯи Донишкадаи Забонҳо мегирад. Албатта ин кӯдаки 5-сола донишҷӯ нест, аммо дар ин донишкада ӯ хатти олмониро меомӯзад. Ба гуфтаи модараш, ӯ дар миёни кӯдакону наврасон таҳсил кардан намехоҳад ва ҳамчунин дониши на ҳамаи омӯзгорон ӯро қонеъ мекардааст, бинобарин ӯро баъд аз ҷустуҷӯҳои зиёд ба ин донишкада овардаанд.

Баҳриддин, ки бояд баъд аз 2 сол ба мактаби миёна равад, модарашро хеле нигарон кардааст, зеро ӯ аз таҳсил дар мактаби миёна ва дар миёни ҳамсолони худ аз ҳоло саркашӣ дорад, Баҳриддин худро аз синну солаш чанд маротиба калон мешуморад ва мехоҳад, дигар илмҳоро низ бо забони олмонӣ омӯзад:

«Не мегӯяд, ман бояд дар донишкада таҳсил мекунам. Ӯ худашро донишҷӯ, не муаллим ҳис мекунад, ҳамроҳи муаллими забони олмониаш дар ҳама дарсҳо иштирок мекунад. Ин саҳар аз хоб барвақт хеста гуфт, ки мо имрӯз имтиҳон мегирем, агар донишҷӯён хуб ҷавоб надиҳанд хориҷ мекунем. Баъд бисёр, ки шабакаҳои Аврупоро тамошо мекунад тамоман дар Аврупо ғутта задагӣ, шишту хез тарбия гуфтораш ҳам дигар . Ҳамсолони худашро қабул намекунад, бо кӯдакон агар камтар шинад, мегӯяд сарам дард мекунад, онҳо дониш надоранд."

Муаллими забони олмонии Баҳриддин - Мирзо Бобоев мегӯяд, Баҳриддин ҳамарӯза дар дарсҳои донишҷӯён ширкат карда, баробари муаллим ғалатҳои онҳоро ислоҳ мекардааст. Зимнан Баҳриддин бо устодаш танҳо бо забони олмонӣ ҳарф мезанад:

"Ман дар як рӯз то 6 ҷуфт дарс дорам, вале Баҳриддин дар ҳамаи дарсҳо тоқат мекунад, ва ҳатто ба донишҷӯён мегӯяд, рафтори шумо кӯдакона асту шумо бояд дарсҳоро бо диққат гӯш кунед."

Баҳриддини 5-сола ба ғайр аз забономӯзӣ боз ба илмҳои дақиқ ҳам шавқи зиёд доштааст, илми химия, физика барои ӯ хеле ҷолибанд. Модараш:

"Кӯдаки 3-сола дарси химия тамошо мекард баъд ҳамон пробиркаҳо ба вай ҷолиб буд, рангҳои матоъҳои гуногунро бароварда дар шишаҳо мегирифт ва ин лабораторияи ман гуфта касеро расидан намемонд. Баъд дар бораи глобус ба ман нақл мекунад, замину осмон давр мезанад, аммо мо намебинем мегӯяд."

Президент шудан орзуи ин кӯдак аст, аммо нақшаи орзуи дигараш - мулоқот бо раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Русия:

«Ман мехоҳам, ки Путина аз пеш бинам ва сӯҳбат кунам бо ӯ, чунки ӯ забони немисиро медонад.»

Орзуи аслии Баҳриддин таҳсил дар Олмон будааст, ба гуфтаи модараш ӯ шабу рӯз ин фикрро мекунад ва ҳатто дар вохӯриҳо бо олмониҳо ҳам ин орзуи худро иброз дошта маблағгузор меҷӯяд. Аммо бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд то имрӯз ба ин муваффақ нашудаанд. Модари Баҳриддин хеле нигарон аст, чунки ба гуфтаи равоншиносон амали нагаштани орзуҳои чунин кӯдакони фавқуллода боиси шикасти рӯҳии онҳо гашта, ба саломатиашон хатари калон доштааст.

Модараш бо ашк дар чашм мегӯяд:

«Мо бояд ягон маблағгузор ёбем, чунки ман метарсам, ин хел кӯдакон мегӯянд, ки дилшикаста мешаванд, агар яке нашуда монад рӯҳафтода мешавад. Ба давлат ҳам муроҷиат кардем, ба сайти президент мактуб расидем ҷавоб наомад боз ба наздикӣ дубора навиштем.»

Истеъдоди дигари Баҳриддин 5-сола ин эҷодкории ӯ аст. Ӯ бо забони олмонӣ ҳикоят ва ё афсона эҷод мекунад ва ҳамчунин ҳоло 2 шеъри худро ҳам дорад, якеро, ки ба модараш бахшидааст ва дигар дар бораи худ шеъри хеле ҷолиб ҳам эҷод кардааст ва тарҷумаи он чунин аст:

"Ман ҳама чиро медонам,
Ин хеле аҷиб аст, ки ман ҳама чиро медонам,
Аммо ман намедонам, ки барои чӣ ман ҳама чиро медонам?"


Ва баъзе рафтори Баҳриддин аҷиб аст. Масалан ӯ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар дарс ва дигар вохӯриҳо пӯшидани шортӣ ва майка, ки одатан кӯдакони ҳамсоли ӯ ҳамеша дар тан дорад, намехостааст, ман масхарабоз нестам чунин мегуфтааст, ба модараш ҳар гоҳе, ки ӯро иҷборан чунин либос пӯшониданӣ шавад. Танҳо бо шиму куртаи расмӣ ва як ҷузвдон дар даст мисли калонсолон дар дарс ва ё дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир мешудааст. Баҳриддин орзуе дорад, ки бузургсолону волидону муаллимон ва раҳбарони кишварҳо доранд:
«Мехоҳам, ки ҳамаи одамо китоб хонанд, бекор нагардан, забон омӯзанд.»
XS
SM
MD
LG