Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи колхозҳо ва музоядаи корхонаи Адрасмон


Шавкат Бозоров, раҳбари лоиҳаи танзими қарзҳои хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон гуфтааст, мӯҳлати бозпардохти қарзи ин хоҷагиҳоро шояд тамдид кунанд. Дар ҳоли ҳозир, қарзи тақрибан 11 000 хоҷагии пахтакори Тоҷикистон болиғ аз 300 миллион доллар шудааст, ки 90 дарсадашро қарзи ин хоҷагиҳо аз ширкатҳои фючерсӣ ташкил медиҳад. Аз моҳи майи соли гузашта дар Тоҷикистон ба хотири пайдо кардани роҳи ҳалли масъалаи қарзи хоҷагиҳои пахтакор як кумисиюни мустақил амал мекунад.

Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд гуфтааст, 100 000 доллари аввал аз қарзи 4-миллиондоллариашро ба ширкати ҳавоии Тоҷикистон иттихоз медиҳад. Акнун ширкати амрикоии Ernst & Young бояд то моҳи июли соли оянда мизони омодагии фурудгоҳи Душанбе барои қабули ҳавопаймоҳои сохти ғарбиро биёмӯзад. Ширкати ҳавоии Тоҷикистон мехоҳад бар пояи қарзи Бонки Аврупоӣ парки ҳавопаймоҳояшро бо 2 ҳавопаймои навъи Airbus ё Boing такмил кунад. Феълан парки ин ширкат аз 23 ҳавопаймо ва 4 чархболи сохти русӣ иборат аст.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар ин ҳафта қарордоди байни Маскаву Душанбе баимзорасида дар бораи ба моликияти Русия табдил додани пойгоҳи назорати кайҳонии Норакро тасвиб кард. Маскав дар тирамоҳи соли 2004 дар ивази ҳаққи моликият бар ин пойгоҳ 242,5 миллион доллар қарзи Душанберо ботил карда буд.

Корхонаи маъдани Адрасмон аз як моҳи пеш ба фурӯши тендерӣ гузошта шудааст ва музоядааш бояд ба зудӣ сурат бигирад. Бахтиёр Шарифов, масъули бахши фулузоту маъдан дар вазорати саноати Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфт, соли гузашта корхонаи Адрасмон бо ним миллион доллар кӯмаки молии ширкати "Қазоқинвест-Минерал" фаъолият мекард, вале имсол дубора аз кор мондааст. Корхонаи Адрасмон соли 1967 дар заминаи Кони Мансур дар ҳудуди ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъсис ёфта, иқтидори тавлидотиаш истихроҷи то 650 000 тонна маъдани сурбу нуқра дар сол баровард шудааст.

Як ширкати чиноӣ ба кони Олтинтопқан дар вилояти Суғд таваҷҷӯҳ нишон додааст. Мақомоти вазорати саноати Тоҷикистон мегӯянд, эҳёи кони мазкур ва бунёди як корхонаи ҷадиди истихроҷи маъдани руҳу сурма дар заминааш то 30 миллион доллар сармоягузорӣ мехоҳад. Ҷониби чиноӣ гуфтааст, дар оянда мехоҳад ба хотири аз таркиби маъдани руҳу сурма берун кашидани тилову нуқраву симобаш як корхонаи фулодгудозӣ низ бино кунад.

Ва ба ҳисоби Бонки Ҷаҳонӣ, маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Чин дар соли 2005 2 триллиону 264 миллиард долларро ташкил дод ва иқтисоди Чин ба ин тартиб дар сабқати абарқудратҳои иқтисодии ҷаҳон бо фарқи алҳол хеле андак аз Бритониё пеш гузашта, соҳиби мақоми чорум шуд. Се қудрати аввали иқтисодии ҷаҳон ҳамчунон Амрикову Ҷопону Олмон боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG