Дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Донишкадаи Забон ва Адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ "Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ", ки ҳомили 70.000 калима, ибора, зарбулмасалу мақол аст, бо сифати баланд ва дар як ҷилди мукаммал ба дасти чоп расид. Фарҳанги мазбур бори дуввум аст, ки дар кишвар нашр мешавад. Барои нахустин бор ин луғат дар соли 2005 ва дар ду ҷилд чоп шуда буд.
«Садои хомӯшӣ» маҷмӯъаи ҷадиди ашъори Раҳмат Назрӣ, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, бо теъдоди 700 нусха дар нашриёти «Адиб» чоп шуд. Дар китоби ҷадид ашъори замони ахир сурудаи оқои Назир, ки машшотаи илҳом қалам ба зулфи сухан задаст, гирдоварӣ шудаанд.
Нашриёти "Адиб" ҳамзамон китоби Доро Наҷотро бо исми хеле шоирона - «Маҳтобе хамида дар рукӯъ» бо теъдоди 700 нусха ба дасти чоп дод. Маҷмӯъаи нави шоир мураттаб аст аз хушатағаззул, ашъори нимоӣ, ғазалгуна, ки бадастаҷамъӣ пойи килк ба домани тасвиру тахайюл ниҳодааст.
Шоираи ҷавон Фирӯзаи Шариф, ки дар майдони сухан даъвии майдондорӣ дорад, китоби дуввуми худро бо унвони «Зулолаи Нур» дар нашриёти "Ҳумо" нашр кард. Маҷмӯъаи нахустини ӯ, ки «Армон» ном дошт, чанд соле муқаддам чоп шуда ва олами адабро аз умеду орзӯи ҷавоне, ки даъвии сухангустарӣ дошт, дарак дода буд.
Ва аммо хуштаровату ғинобарангезу ҷаззобтар китобе, ки тӯли рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон нашр гардид, «Баёзи Меҳр» - хирманкӯби хӯшаҳо аз чаманзори ашъори ноби тоҷикии дарии порсӣ дар тӯли сад соли ахир буд.
Абдулҳамиди Самад - муовини раиси Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон мегӯяд:
"Баёз дилчасптарин осори 140 адиби порсигӯро шурӯъ аз Тоҷикистону Афғонистон то Ирону Покистон силсилабандӣ кардааст."
Ва аммо Мӯъмин Қаноат шоири тавонои тоҷик гуфт:
"Қаблан ки дарҳои ин кишварҳо ба рӯи ҳам баста буд, ҳаводорони баёз дар кишвар ба карат беш будаанд. Вале ҳамакнун ба баёзҳо камтар рӯ меоранд."
Сарпарасти молии «Баёзи Меҳр» Бунёди Сорос аст. Маҷмӯъа бо теъдоди 1000 дона ва бо сифати баланд нашр шудаву миёни китобхонаҳо ва аҳли сухан ройгон тақсим гардид.