Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзгори мушкили ҷавонони ноҳияи Ҷомӣ


Фируз Барот

Шаҳноза, ки 19 сол дорад дар маркази бонувони ноҳияи Ҷомӣ дар гуруҳи дузандагӣ таҳсил мекардааст. Баъди хатми синфи нӯҳ ба ӯ иҷоза надодаанд, ки таҳсилро идома диҳад ва акнун ӯ мегӯяд барои дастнигар нашудан ва бунёди зиндагии хубе дар оянда ҳунар меомӯзад. Аммо ин танҳо Шаҳноза нест, ки волидонаш монеъи идомаи таҳсил дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ шудаанд. Шаҳноза мегӯяд, ҳамтақдирони ӯ дар ноҳияи Ҷомӣ ва шаҳри Қурғонтеппа хеле зиёд ҳастанд. Ва воқеан ҳар духтаре, ки дар ноҳияву шаҳр бо онҳо сӯҳбат доштам, аз он шикоят ва гилоя мекард, ки волидон монеъи таҳсилашон мешаванд ва онҳоро ба зудиву иҷборан ба шавҳар медиҳанд.
Дар ноҳияи Ҷомӣ намояндагии Иттиҳодияи ҷамъиятии Бонувони Хатлон амал мекунад ва духтарон дар баробари омӯзиши касбу ҳунар дар ин ҷо кӯмаки равониву ҳуқуқӣ мегиранд.
Сайлингул Хонҷонова равоншиноси марказ мегӯяд, муроҷеъони маркази ҳуқуқии онҳо кам нестанд ва ҷавононе, ки аз онҳо кӯмак мехоҳанд, дилшикаставу аз зиндагӣ ноумеданд, ки падидаест нохуб.
Равоншинос мегӯяд, сабаби аслии ноумедиву афсурдагии ҷавонон аввалан вазъи бади молиявии хонаводаҳои онҳо аст ва дигар ин ки волидон дар баробари таъмин накардани фарзандон монеъи илмомузӣ ва ё кор карданашон мегарданд.
Сайлигул Хонҷонова мегӯяд, навмедӣ ва афсурдагӣ дар миёне иддае ҷавонон то ба ҷое расидааст, ки бархе аз онҳо роҳи наҷотро дар худкушиву худсузӣ дидаанд: «Барои мисол дар 3 моҳи ҷори 7 нафар духтарон ба ман муроҷиат карданд, ки қасди худсузӣ доштанд.»
Ҷавонони ноҳияи Ҷомӣ чун дигар ҳамсолонашон барои пешбурди зиндагӣ ва кӯмак ба худу хонаводаҳои худ роҳи муҳоҷирати кориро пеш мегирифтаанд. Ба гуфтаи мусоҳибонам донишҷӯён низ ба лашкари муҳоҷирони корӣ мепайванданд ва бархе аз онҳо ҳатто имтиҳонҳои солонаи худро насупурда ба Русия сафар кардаанд.
Аммо лашкари ҷавонон на танҳо дар сафи муҳоҷирон дида мешаванд, балки дар майдонҳои пахтаву зироатҳои дигар. Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия, ки барои парвариши зироат қувваи кофии корӣ надоранд, дар иҷрои корҳои сахти саҳро асосан аз нерӯи духтарон истифода мекунанд. Шаҳноза мусоҳиби мо мегӯяд:

«Рӯзи дароз чобуқ мекунанд, шолӣ мекоранд, кори кишту кор вазнин ба маризиҳои гуногун бечора духтарон гирифитор мешаванд".Маркази бонувони Хатлон дар ҳар се моҳ ба 166 духтар ҳунари дӯзандагӣ, компютер ва забони англисиро таълим медиҳад.
Орзуҳои ин духтарон хеле самимӣ ва заминианд. Чунин ба назар мерасад, ки бисёри онҳо ба тақдири худ тан додаву фикр мекунанд зиндагӣ бояд чунин бошад. Яъне онҳо чизи бештареро интизор нестанд. Ба назари ин духтарон маънии зиндагӣ танҳо дар бунёди оила аст ва ҳар сарнавиштро тақдир барояшон насиб кардаст дучор хоҳанд шуд. Шаҳноза чунин умедро дар дил мепарварад: «Интизори шавҳар ва хизмат кардан ба ӯ ва писарчаи дустрӯяк доштан хушбахтии ман мебошад".
XS
SM
MD
LG