Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳисор - пешсафи мусобиқоти лигаи аввал


Бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқоти тимҳои лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуд.Тими «Энергетик»-и Душанбе дар майдони худ бар дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ва тими «Апрелёвка»-и Қайроққум бар дастаи меҳмон -«Баракат»-и Шаҳринав бо натиҷаи якхелаи 6 бар 0 пирӯз шуданд. Тими «Ҳосилот»-и Данғара дар меҳмонӣ бар дастаи «Зарафшон»-и Панҷакент бо натиҷаи 4 бар 0 ғалаба кард. Дидори тими «Ҳисор»-и Ҳисор дар сафар бо дастаи «Ҷавонӣ»-и Ваҳдат бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт.

Ба ин тартиб дастаи «Ҳисор» бо 17 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот дар ҷойи аввал аст. Тими «Энергетик» бо 14 имтиёз ҷойи дуввумро ишғол мекунад. Дастаҳои «Апрелёвка» ва «Гвардия»-и Душанбе бо 12- имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севвуму чаҳорум қарор гирифтаанд.
Худойдод Нусратов, бозигари тими «Ҳисор», ки ҳамагӣ 9 гол задааст, дар сабқати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар ҷойи аввал мебошад. Олим Юсуфов, аз дастаи «Ҷавонӣ» бо 7 гол дар мақоми дуввум аст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳо то 3 июл:
1. «Ҳисор» 7 бозӣ 17 имтиёз
2. «Энергетик» 7 14
3. «Апрелёвка» 7 12
4. «Гвардия» 6 12
5. «Ҳулбук» 7 9
6. «Баракат» 6 8
7. «Ҳосилот» 6 6
8. «Ҷавонӣ» 6 5
9. «Зарафшон» 8 0
XS
SM
MD
LG