Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масирҳои нави парвоз ба шаҳрҳои дигари Русия


ақ

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикистон» қасд дорад, то охири соли ҷорӣ шумори парвозҳои худ ба шаҳрҳои Русияро чаҳор мартаба афзоиш диҳад. Ҳокимшо Тиллоев, раиси ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон гуфт, ин тасмим ба хотири тақвияти ҳузури ширкат ва тобовар сохтани он дар рақобат дар бозори ҳамлу нақл гирифта шудааст. Тиллоев афзуд, дар ҳоли ҳозир ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикистон» ба чаҳор шаҳри Русия парвоз анҷом медиҳад, вале дар 12 шаҳри дигар иртиботи ҳавоӣ тавассути ширкатҳои русӣ сурат мегирад, ки ин ба суди ширкати ҳавоии кишвар нест: «Мо талош дорем, то анҷоми соли ҷорӣ ба ҳама масире, ки аз Русия ба сӯи мо парвозҳо вуҷуд дорад иҷозаи парвоз дарёфт кунем. Мо қасд дорем, ки ба 12 шаҳри Русия ҳаракати тайёраҳои мусофирбариро роҳандозӣ кунем.»
Раиси ширкати ҳавоӣ овозаҳоро дар бораи варшикастагии ин муассиса бепоя хонда, гуфт дар ҳоли ҳозир ширкати Ernst and Young асноди хариди мусофирбарҳои сохти ғарбиро таҳия мекунад. Ба фикри раиси ширкати ҳавонавардӣ ин тайёра ба гумони ғолиб аэробус хоҳад буд, ки бо дарёфти чунин ҳавопаймо имкони коҳиш додани қимати билети, барои мисол, самти Маскав то 60% муҳайё хоҳад шуд. Ба гуфтаи Тиллоев, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикистон» хусусӣ нахоҳад шуд, вале дар ҳоли ҳозир ҳукумат тарҳи ғайридавлатӣ сохтани он ва идораи ҳаракати ҳавои кишварро таҳяи мекунад, ки иҷрои ин нақша барои охири соли 2008 дар назар гирифта шудааст.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG