Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ дар баробари Буш монеа мегузорад


Салими Аюбзод ва Бахши марказии хабар Рӯзи панҷшанбе, 29-уми июн, Додгоҳи Олии Иёлоти Муттаҳида як амали президент Буш, яъне таъсиси кумисюнҳои ҳарбии муҳокимаи маҳбусони Гуантанаморо ғайриқонунӣ эълон кард ва дар ҳукми худ гуфт, президент ба ташкили ин кумисюнҳо ҳаққи қонунӣ надошт.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон як давраи кори худро тамом карданд ва акнун ба истироҳат мераванд, то хастагии афтударафтҳо дар органи қонунгузорро рафъ кунанд. Онгуна ки дар барномаи хабарии мо шунидед, дар ин давраи қариб яксола Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар фаъолияти худ ва дар муносибат бо қудратҳои иҷроия ва додгустарӣ ба мушкил ё низоъе рӯбарӯ нашуд, ки умдатан хоси кишварҳои пешрафта аст, хоси кишварҳое, ки дар сиёсат, иқтисодиёт ва умури иҷтимоӣ масъалаи бузурге надоранд. Вале дар амал, маълум аст, ки кишвар бо чандин мушкил, аз қабили фақр, бекорӣ, гурези нирӯи кор ва мутахассисон, фасоду ришват ва ғайра рӯбарӯст, ки ба назар мерасад ба оромии равобит дар миёни шохаҳои қудрат дар Тоҷикистон ва тафоҳуми умумии онҳо таъсир намерасонанд. Ба чунин муросо шояд конгресменҳои Иёлоти Муттаҳида ва президенти ин кишвар рашк баранд, ки ҳоло вориди як бархӯрд ва ҳақталошӣ шудаанд.

Рӯзи панҷшанбе, 29-уми июн, Додгоҳи Олии Иёлоти Муттаҳида як амали президент Буш, яъне таъсиси кумисюнҳои ҳарбии муҳокимаи маҳбусони Гуантанаморо ғайриқонунӣ эълон кард ва дар ҳукми худ гуфт, президент ба ташкили ин кумисюнҳо ҳаққи қонунӣ надошт. Кохи Сафед ин ҳукмро бештар ба шева ва фароянди ташкили кумисюнҳо марбут донист, вале нозирон мегӯянд, ин ҳукм ишораи сахти танқидӣ ба муносибати яккатозонаи Буш дар идораи давлат аст. Худи Буш натавонист дафъатан ба саволи хабарнигорон дар бораи ҳукми Додгоҳи олӣ посух диҳад ва гуфт, барои ин ба вақти бештар ниёз дорад: "Мо ба ҳукми Додгоҳи олӣ итоат мекунем. Мо ҳукмро баррасӣ мекунем. То ҷое ки оё Конгресс ба истифодаи трибунолҳои ҳарбӣ то кадом марз иҷозат додааст. Мо бо онҳо ҳамкорӣ хоҳем кард."

Дар аксари кишварҳои шарқӣ, ҳукми президент аз ҳукми Додгоҳи олӣ болотар аст ва хеле кам иттифоқ меафтад, ки додгоҳи олӣ ё конститутсионии ин кишварҳо раисиҷумҳурро ба амали ғайриқонунӣ айбдор кунанд. Вале дар намунаи Амрико, ки гуфта мешавад, низоми ҳокимият тайи таърихи дарози рушди мардумсолорӣ ба дараҷаи олӣ сайқал ёфтааст, ин ҳукми додгоҳ ба чӣ маънист ва аз куҷо маншаъ мегирад. Донишманди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Ню Йорк, Роберт Спитзер мегӯяд, ин ҷо дасткам ду доктринаи муҳими қонуни асосии Амрико матраҳ мебошанд. Яке тақсими шохаҳои қудрат ва дигаре низоми тавозун ва назорати байниҳамии ин шохаҳо. Тибқи доктрини тақсими қудрат ба шохаҳои ҷудогона, яъне қонунгузор, додгустарӣ ва иҷроия, ҳеҷ яке аз онҳо набояд ба минтақаи нуфузи дигарӣ таҷовуз кунад. Ва тибқи доктрини дидбонӣ ва тавозун ҳар яке аз онҳо бояд нигоҳ кунад, ки дигарӣ ба зиёдаравӣ роҳ надиҳад ва тақсими қудрат ба шохаҳоро вайрон накунад. Ба ақидаи Спитзер дар ин ихтилофи марбут ба Гуантанмо, ҳарсе шоха шариканд. Додгоҳи Олӣ ва Кохи Сафед(ҳукумати иҷроия) гуфт, наметавонад, бе иҷозаи Конгресс (ҳукумати қонунгузор) кумисюнҳои ҳарбӣ таъсис диҳад. Вай мегӯяд: "Президенти феълӣ гуфта мешавад, аз қудрати хеле ва хеле густарда бархурдор аст, қудрате ки ҳеҷ президенти пешгузашта надошт. Ва на танҳо дар масъалаҳои марбут ба умури ҷанг, балки дар дигар масъалаҳо низ. Ва додгоҳ ҳушдор дод, ки президент бояд тақсими шохаҳои қудрат ва дидбонию тавозунро риоят кунад. Ва ин танҳо баёнгари ҳуқуқи додгоҳ ба бознигарии аъмол нест, балки ишора ба Конгресс низ ҳаст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ қонун эҷод кунад. Хуллас, ба фикри ман, додгоҳ имрӯз аз ҳамин усул таъкидан ҳимоят кард."

Яъне додгоҳ президентро ҳушдор дод, ки дар масъалаи ҳалли сарнавишти маҳбусони Гуантанмо ба зиёдаравӣ роҳ додааст.
Дар таҳлили ҳамаи ин ҳодиса аз ҳуқуқшиноси маъруфи амрикоӣ Ҷак Бирд пурсида шуд, оё ин аст, маънии ҳукми Додгоҳи олии Амрико ё чизи дигар?

"Барои фаҳмидани ин ва ҳамаи дигар ҳукмҳои Додгоҳи олӣ муҳим аст, аз он шурӯъ кунам, ки ин ҳукм на ба кадом маънист. Додгоҳ нагуфтааст, ки кумисюнҳои ҳарбӣ нахоҳанд тавонист рӯзе маҳбусони Гуантанаморо муҳокима кунанд ва нагуфтааст, ки ин маҳбас баста шавад. Ончи гуфта шуд, ин аст, ки президент ҳақ надошт ин трибунолҳоро ба шевае таъсис диҳад, ки дилаш мехоҳад. Ва агар онҳо таъсис дода шаванд, хилофи ҳам қонунҳои Иёлоти Муттаҳида ва ҳам қонуни байнулмилал хоҳанд буд."

Ва аммо ба кадом шева Буш мехост ё мехоҳад, чунин кумисюнҳоро таъсис диҳад?

"Ҳукумат дар талошҳои марбут ба ҷанги зидди террор қудрати иҷроии худро хеле густарда фикр кард ва хост кумисюнҳое дуруст кунад, ки фаъолияти онҳо ба қонунҳои мавҷудаи ташкили трибунолҳои ҳарбӣ ва қонунҳои низомии кайфарӣ мутобиқ нестанд. Гуфта шуд, кӯшиш ба ин аст, ки иттилоъи марбут шабакаи Ал Қоъида махфӣ дошта шавад. Ин ҳама ба қонунҳои Конгрес ҷиҳати корбурди адлияи ҳарбӣ мухолиф аст. Аз сӯи дигар меъёрҳои кори ин кумисюнҳо аз додгоҳҳои ҳарбӣ фарқ мекунад, ки низ баҳсбарангез аст. Чунончи дар ин ҷо айбдоршавандагон ва мудофеъини онҳо ҳаққи дастрасӣ ба иттилоъи мавҷударо надоранд. Ба ин иллат кумисюнҳои нав ба қонунҳои ҳарбии кайфарӣ ҷавобгӯ нестанд."

Вале тарафдорони Буш мегӯянд, ҳанӯз замоне ки конгресс дар соли 2001 ба ӯ иҷозаи истифода аз нирӯҳои мусаллаҳро дод, дар ин замина низ ба вай ҳуқуқҳои густардае бахшид. Пас оё вай ҳақдор ба таъсиси ин трибунолҳо нест?

"Конгресс ба маънии анъанавӣ ҷанг эълон накард. Ба ҷойи ин ба президент қудрати васеъ дод, то ба пайгард ва муҷозоти афроду созмонҳое равад, ки масъули ҳамлаҳои Ёздаҳи сентябр буданд. Ва то ин парванда, президент ҳаққи мазкурро ба шакли хеле фарох истифода кард. Вай ҳатто иддаъо кард, ки метавонад, бе ягон тасмими дигари Конгресс афродеро, ба ҷумлаи шаҳрвандони Амрико. дар ҳабс нгигаҳ дорад. Ва додгоҳ ҳамаи инро тоқат кард, дасткам то ҷое ки Конгресс салоҳ медонист. Зоҳиран додгоҳ ва конгресс якҷоя истифодаи нирӯро дар ҷанг таҳти назар доштанд, аммо ин ҷо марзе низ буд, марзе, ки қонун дар корбурди нирӯ муқаррар карда буд."

Чаро ба назари шумо, ҳукумати Буш ин қадар қатъӣ ва пойфишор аст, ки гумонбаршудагони Гуантанаморо берун аз низоми оддии додгустарии Иёлоти Муттаҳида нигаҳ дорад?

"Ман ҳадс мезанам, онҳо ба муҳокимаи Мусавӣ ҳамчун як намуна ишора хоҳанд кард ва гуфт, ки муҳокимаи чунин афрод дар додгоҳи шаҳрвандии мо кори сахтест ва ҳамчунин нашри далоиле ки ба ҷанги давомдори зидди ваҳшатафканӣ пайванд дорад. Ҳукумат, ба назари ман, ин ангезаро дорад, ки талошҳояшро дар ин ҷанг халалдор накунад. Ин шояд сабаби шумораи аввали аз низоми оддии додгоҳ ба дур доштани айбдоршавандагон бошад. Вале аз сӯи дигар, тавре ки Додгоҳи олӣ имрӯз ҳушдор дод, чи навъ муҳокимае бошад, бояд бо риояти ҳуқуқи инсон ва суннатҳои демократие сурат бигирад, ки мардуми Амрико интизорашро дорад ва ҳам ҷаҳон аз пешгоми мардумсолорӣ, яъне Иёлоти Муттаҳида, чашмдор аст ҳангоми ба ҳабс гирифтани инсонҳо."

Гуфтугӯе буд бо ҳуқуқшиноси амрикоӣ, профессор Ҷак Бирд, собиқ ноиби додситони кул дар вазорати дифоъи ИМ, дар солҳои 1990-2004. Ва мавзӯъ, ҳукми Додгоҳи Олии Амрико дар робита ба сарнавишти ояндаи маҳбусони Гуантанамо, ки тибқи охирин хабарҳо 12 шаҳрванди Тоҷикистон низ дар он ҷо бандӣ ҳастанд.
Аз соли 2002 759 нафар аз 49 кишвар дар ин боздоштгоҳ ба сар мебурд ва ахиран 300 нафари онҳо озод шуда, дар бораи сарнавишти бақия баҳсҳо идома доранд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ баста шудани ин маҳбасро талаб дорад ва президент Буш низ гуфтааст, шояд маҳбусонро барои таҳқиқ ва муҳокима ба кишварҳояшон бифристад.
XS
SM
MD
LG