Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анатолий Адамишин: "Нақши Русия дар сулҳи Тоҷикистон ҳалкунанда буд."


Анатолий Леонидович, ки иштироки худро дар раванди сулҳи Тоҷикистон мушкилтарин вазифа дар чиҳил соли фаъолияти дипломатияш меномад, мегӯяд, вай дар баҳори соли 1994 омодаи сафари Теҳрон шуд ва дар сӯҳбати телефонӣ бо Эмомалӣ Раҳмонов ӯро дар ҷараён гузошт:

"Ва ман он вақт мебоист Раҳмоновро мутақоид мекардам, ки ба ин кор, яъне сафари ман ба Теҳрон ҳамчун қадами аввал ризоият диҳад. Гап дар он буд, ки оппозисюн он вақт намехост бо ҳукумати Тоҷикистон мустақиман вориди гуфтугӯ шавад ва мегуфт, бояд бо Русия музокира кунад. Раҳмонов дилу нодилон розӣ шуд. Аммо вақте ман мегуфтам, барои беҳбуди ин қадам бояд фармони ҳукумат, ки тибқи он сарони оппозисюн ғайриқонун ва ҷинояткорони давлатӣ эълон шудаанд ва парвандаҳои ҷиноии зидди онҳову дастури ҳабси онҳо беэътибор шаванд, вай розӣ нашуд. Бо вуҷуди ин дар моҳи марти соли 1994 ман ба Теҳрон сафар кардам ва бо сарони оппозисюни мусаллаҳ, ки дар он ҷо буданд, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода мулоқот кардам. Аммо пеш аз он мебоист ин иқдомро ҳамчунин бо Узбакистон ҳамоҳанг мекардам, зеро Тошканд ба вазъият дар Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ дошт. Гуфтушуниди мо бо Тӯраҷонзода ва Ҳимматзода ду рӯз идома кард ва хеле сахту сангин буд. Хуб буд, ки эрониҳо, ки қаблан ба умури Тоҷикистон ҷиддан дахолат мекарданд, ин бор ба мо кӯмак карданд, зеро медонистанд, ки худ ба танҳоӣ коре карда наметавонанд. Ризоияти сарони оппозисюн гирифта шуд, аммо сафарҳои ман давом кард, зеро мебоист ба Покистону Туркия низ гуфта мешуд, ки дахолат накунанд ва ман ба ин кишварҳо сафар кардам ва ин нуктаҳоро, тавре мегӯянд, ба гӯшашон расондам."

Анатолий Адамишин мегӯяд, он вақт баҳси дигар бархост. Гуфтушунид бояд дар куҷо баргузор шавад. Вай, албатта, гуфтааст, Маскав ҷои аз ҳама муносиб аст, вале сарони оппозисюн пешниҳод кардаанд, музокирот дар Теҳрон, Исломобод ё шаҳрҳои дигар ҷараён гирад. Ба ӯ гуфтам, оре, Анатолий Леонидович, он вақт ҳафтаномаи "Московсике новости" навишт, ки шумо як мушкили ҳалношуданиро ҳал кардед, зеро "оппозисюни мусаллаҳи исломии оштинопазир"-ро ба гуфтушунид розӣ намудед.

"Бале, аммо маълум шуд, ин ҳанӯз мушкили аз ҳама асосӣ набудааст. Акнун мебоист, ҳама корро кард, ки гуфтушунид шикаст нахӯрад, гусаста нашавад. Зеро аз тарафи мо ҳам афроди гуногуне буд, ки аз ин хуш набуданд ва мегуфтанд, магар чунин гуфтушунид зарур аст? Ва ҳам ҳукумати Душанбе яке ба ақибншинӣ сар кард. Ин ҷо истодагарӣ даркор буд ва ман ба сарвазири вақти Тоҷикистон Абдуҷалил Самадов гуфтам, Шумо ҳар рӯз аз Русия пул мепурсед ва Русия набояд, ба шумо пул диҳаду дар иваз торсакӣ хӯрад. Ва ман як кори дигар кардам, ки зиёдаравӣ буд, аммо ҳоло шояд фош кардани ин мумкин бошад. Дар ҳоле ки сарвазири мо Черномирдин дастур дода буд, ки ба Тоҷикистон маблағ дода шавад, ман ба мудири Банки марказии Русия Дубинин Сергей Константинович, ки дӯсти ман буд, гуфтам, ин сармояро бояд каме нигоҳ дошт, то ба раванди сулҳ кӯмак кунем ва ӯ ба ин кор розӣ шуд."

Анатолий Леонидович, ба назари Шумо, кадом омилҳо тарафҳоро маҷбур сохт, паси мизи гуфтугӯ биншинанд?

"Ман фикр мекунам, омилҳои зиёде буданд, ки тарафҳоро маҷбур карданд, паси мизи гуфтушунид биншинанд. Онҳо, ҳарду тараф дар ниҳояти кор фаҳмиданд, ки вазъияти лоилоҷе пеш омадааст. Ё сулҳ бояд кард ё бояд ҷангид. Вале ҷангидан ба ин маънӣ буд, ки боз чандин сол хунрезӣ ва бераҳмӣ бе ягон роҳи раҳоӣ аз вазъият. Яъне аз як сӯ дарк шуда буд, ки амалиёти ҷангӣ ба бунбаст даромадааст ва роҳи бурунрафт бояд ҷуст ва аз сӯи дигар, ба ақидаи ман, Русия як нақши бисёр ҷиддӣ дошт дар канори кишварҳои дигар, албатта ва Созмони Милали Муттаҳид. Зеро Русия, амалан ҳам ҳукумати тоҷик ва ҳам оппозисюни тоҷикро ба паси мизи гуфтугӯ нишонд."

Ба ақидаи Анатолий Адамишин нақши Русия дар раванди сулҳи Тоҷикистон асосӣ ва ҳалкунанда будааст. Аммо пурсидам, оё Русия аз ҳамон оғоз сиёсати дақиқе дар нисбати вазъи Тоҷикистон доршт ё на ва оё дипломатияи Русия бо нирӯҳои мусаллаҳи он дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард ё баракс рақобат?

"Ман фикр мекунам, ин саволи дуруст аст. Ман ҳам ин сӯҳбатро аз он сар кардам, ки дар Русия он вақт як давраи номуайяниҳо буд. Дар ҳақиқат як хатти маши устуворе набуд, ки ҳамаи идораҳо риоят кунанд. Як қарор қабул мешуд, аммо аз тарафи идораи дигар лағв мегардид, аз тарафи онҳое ки ба раванди сулҳ манфиатдор набуданд. Маводи мухаддир ва шуғли баъзе намояндагони мо дар қочоқи он низ нақш дошт. Вале ҳамеша мешуд, роҳи ҳалле пайдо кард. Ва асосан бо роҳи гуфтугуҳо ва ризоияти байниҳамӣ дар сатҳҳои поёнӣ. Масалан, фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Русия он вақт, агар дар ёд дошта бошед, Андрей Николаев буд, ки мо ҳамеша бо ӯ ҳамкорӣ мекардем. Аз боло намегуфтанд, ки вазорати хориҷӣ ва дифоъ забони ҳамдигарро ёбанд ва мо худамон ин корро мекардем. Ва ин як масъалаи забонзад буд, ки Русия сиёсати муайян надорад. Аммо ба ҳар ҳол ин сиёсат буд ва агар он намебуд, шояд раванди сулҳ дар Тоҷикистон самар намедод."

Моҳи июли соли 1994 ҷаноби Адамишин сафири Русия дар Бритониё таъин шуд ва бо ин аз мавзӯъи Тоҷикистон канор рафт, аммо мегӯяд, ҳамеша гуфтушунидҳои сулҳро думбол мекард ва орзу мекард, кореро ки сар кардааст, касе хароб накунад. Вай имрӯз шод аст, ки дӯстони тоҷикаш Рӯзи сулҳу ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд.

(Гуфтугӯи телефонии мо бо ҷаноби Адамишин рӯзи 27-уми июни соли 2006 ба амал омад)
XS
SM
MD
LG