Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар баробари "Марги сафед"


Дар ин гузориш аз коҳиши нисбии тавлиди афюн дар Афғонистон ва афзоиши истеъмоли кокаин дар Аврупо сухан меравад. Муаллифони гузориш мегӯянд, парвариши хашхош дар Афғонистон зимни талошҳои давлат 21 дарсад кам шудаст, вале сатҳи фақр дар Афғонистон метавонад, ба зудӣ ин равандро ба ақиб гардонад. Дар гузориш ҳамчунин аз афзойиши мӯътодӣ дар ағлаби мамолики ҷаҳон ва ба вижа кишварҳое, ки ба гузаргоҳи маводи мухаддири Афғонистон табдил ёфтаанд, монанди Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ёд шудааст. Мудири иҷроии Бунгоҳи СММ зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Антонио Мариа Коста дар расми муаррифии гузориши нав ба зарурати муборизаи ҳадафмандона бо бозори маводи мухаддир ишора кард: "Мо маводи мухаддирро як масъалаи марбут ба мӯътодӣ мешуморем ва биноан як масъалаи ахлоқист. Мо парваришу тавлиди чунин маводро мушкили марбут ба иқтисодиёт мешуморем, вале ба сурати куллӣ ҳамаи ин марбут ба бозори ин мавод, мешавад, бозори бад, ки боз ҳам аз талаб ва пешниҳод иборат аст. Онгуна ки дар мавриди ҳар молу колои дигар аст, вақте пешниҳоди онро ба бозор кам мекунед, пеш аз ҳама нархи мол боло хоҳад рафт."

Дар ҳоле ки Коста аз кам шудани қочоқи маводи мухаддир ба воситаи Осиёи Марказӣ ва Покистон мегӯяд, имрӯз намояндаи Бунгоҳи мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон гуфт, кашфу мусодираи танҳо ҳероин аз аввали сол 51 дарсад зиёд шудааст. Мақомоти Тоҷикистон шумораи гирифторони маводи мухаддирро дар ин кишвар 8 000 нафар эълон мекунанд, вале манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, ин адад ба маротиб бештар аст. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони "Ҷавонон зидди маводи мухаддиранд", маҳфилҳои консертӣ ва рақобатҳои варзишӣ баргузор шуданд. СММ Эронро ба шумори кишварҳое ворид кард, ки аз гузаргоҳи ғайриқонунии маводи мухаддир ба истеъмолгарони ин мавод табдил ёфтаанд. Гуфта мешавад, шумори мӯътодон дар ин кишвар ба 2,5 миллион нафар расидааст. Кумсионери равобити берунаи Иттиҳоди Аврупо Бенита Ферйеро Валднер гуфт, Иттиҳоди Аврупо талош дорад, кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳамкории беҳтар барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ҳавасманд кунад: "Ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ як падидаи осон нест, аммо худи ин кишварҳо ҳам ҳарчи бештару бештар дарк мекунанд, ки дар муқобили қочоқи маводи мухаддир ба як миқдор ҳамкорӣ ниёз доранд."

Дар ҳамин ҳол мақомоти Эрон гуфтаанд, имрӯз 60 тонна маводи мухаддирро, ки асосан афюн ва морфин будаанд, оташ занад. Раиси полиси Эрон Исмоил Аҳмадӣ Муқаддам гуфт, Эрон солона 300 тонна маводи мухаддиро мусодира ва зиёда аз 370 қочоқбарро боздошт мекунад, ки асосан аз Афғонистону Покистон мехоҳанд ба воситаи Эрон ба Аврупо роҳ ёбанд. Ва полиси Ӯзбакистон гуфт, дар ин рӯз наздик ба 700 килограм маводи мухаддирро нобуд кардааст.
XS
SM
MD
LG