Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ва Англия ғолибони гурӯҳҳо шуданд


Бозиҳо дар ду гурӯҳ - «А» ва «В» хотима ёфта, ғолибон муайян шуданд. Олмон, ки дар гурӯҳи «А» мақоми аввалро касб кард, дар ҳаштякфинал рӯзи 24 июн бо Шветсия ( ҷойи дуввум дар гурӯҳи «В») рақобат мекунад. Англия - ғолиби гурӯҳи «В» дар ҳаштякфинал рӯзи 25 июн бо Эквадор, ки дар гурӯҳи «А» дар мақоми дуввум қарор гирифт, зӯрозмоӣ хоҳад кард. Ба ҷуз ин чаҳор даста тимҳои Аргентина, Ҳолланд, Португалия, Бразилия ва Испания ба марҳалаи дуввуми Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфтаанд. Мубориза барои ҳафт роҳхати дигар ба бозиҳои ҳаштякфиналӣ дар гурӯҳҳои «D», «Е», «F», «G» ва «Н» идома хоҳад кард. Умуман, дар дувоздаҳ рӯзи Ҷоми ҷаҳонии футбол 36 бозӣ дар 8 гурӯҳ баргузор шудааст. Дар 28 дидор яке аз тимҳо пирӯз гашта, 8 бозӣ бо натоиҷи мусовӣ хотима ёфтааст. Ҳамагӣ 87 тӯб зада шудааст, ки тимҳои Аргентина ва Олмон аз ҳама бештар - ҳаштголӣ задаанд. Коста- Рика аз ҳама бештар 9 тӯб сар додааст. Мирослав Клозе (Олмон) аз ҳама бештар 4 гол ва Фернандо Торрес (Испания) 3 гол ба самар расондаанд.


Гурӯҳи «А»

Олмон - Коста-Рика - 4 : 2
Полша - Эквадор - 0 : 2
Олмон - Полша - 1: 0
Эквадор - Коста-Рика - 3 : 0
Эквадор - Олмон - 0 : 3
Коста-Рика - Полша - 1:2

Б Ғ М Б Т И
1. Олмон 3 3 0 0 8- 2 9
2. Эквадор 3 2 0 1 5 - 3 6
3. Полша 3 1 0 2 2 - 4 3
4. Коста-Рика 3 0 0 3 3 - 9 0

Гурӯҳи «В»

Англия - Парагвай - 1 : 0
Тринидад ва Тобаго - Шветсия - 0 : 0
Англия - Тринидад ва Тобаго - 2 : 0
Шветсия - Парагвай - 1 : 0
Шветсия - Англия - 2 : 2
Парагвай - Тринидад ва Тобаго - 2 : 0

Б Ғ М Б Т И
1. Англия 3 2 1 0 5 - 2 7
2. Шветсия 3 1 2 0 3 - 2 5
3. Парагвай 3 1 0 2 2 - 2 3
4. Тринидад 3 0 1 2 0 - 4 1
ва Тобаго

Гурӯҳи «С»

Аргентина - Кот-д Ивуар - 2 : 1
Сербия ва Черногория - Ҳолланд - 0 : 1
Аргентина - Сербия ва Черн. - 6 : 0
Ҳолланд - Кот-д Ивуар - 2 : 1

Б Ғ М Б Т И
1. Аргентина 2 2 0 0 8 - 1 6
2. Ҳолланд 2 2 0 0 3 - 1 6
3. Кот-д Ивуар 2 0 0 2 2 - 4 0
4. Серб. ваЧерн.2 0 0 2 0 - 7 0

Гурӯҳи «D»

Мексика - Эрон - 3 : 1
Ангола - Португалия - 0 : 1
Мексика - Ангола - 0 : 0
Португалия - Эрон - 2 : 0

Б Ғ М Б Т И
1. Португалия 2 2 0 0 3 - 0 6
2. Мексика 2 1 1 0 3 - 1 4
3. Ангола 2 0 1 0 0 - 1 1
4. Эрон 2 0 0 2 1 - 5 0

Гурӯҳи «Е»

ИМА - Ҷумҳурии Чех - 0 : 3
Италия - Гана - 2 : 0
Ҷумҳурии Чех - Гана - 0 : 2
Италия - ИМА - 1 : 1

Б Ғ М Б Т И
1. Италия 2 1 1 0 3 - 1 4
2. Ҷумҳ. Чех 2 1 0 1 3 - 2 3
3. Гана 2 1 0 1 2 - 2 3
4. ИМА 2 0 1 0 1 - 4 1

Гурӯҳи «F»

Австралия - Ҷопон - 3 : 1
Бразилия - Хорватия - 1 : 0
Ҷопон - Хорватия - 0 : 0
Бразилия - Австралия - 2 : 0

Б Ғ М Б Т И
1. Бразилия 2 2 0 0 3 - 0 6
2. Австралия 2 1 0 1 3 - 3 3
3. Хорватия 2 0 1 0 0 - 1 1
4. Ҷопон 2 0 1 0 1 - 3 1

Гурӯҳи «G»

Куриёи Ҷанубӣ - Того - 2 : 1
Фаронса - Швейтсария - 0 : 0
Фаронса - Куриёи Ҷанубӣ - 1 : 1
Того - Швейтсария - 0 : 2

Б Ғ М Б Т И
1. Швейтсария 2 1 1 0 2 - 0 4
2. Кореяи Ҷанубӣ 2 1 1 0 3 - 2 4
3. Фаронса 2 0 2 0 1 - 1 2
4. Того 2 0 0 2 1 - 4 0

Гурӯҳи «Н»

Испания - Украина - 4 : 0
Тунис - Арабистони Саудӣ - 2:2
Арабистони Саудӣ - Украина - 0 : 4
Испания - Тунис - 3 : 1

Б Ғ М Б Т И
1. Испания 2 2 0 0 7 - 1 6
2. Украина 2 1 0 1 4 - 4 3
3. Тунис 2 0 1 1 3 - 5 1
4. Арабистони Саудӣ 2 0 1 1 2 - 6 1

Бозиҳои рӯзи 21 июн:

Португалия - Мексика - соати 19 ба вақти Душанбe
Эрон - Ангола - соати 19 ба вақти Душанбе
Ҳолланд - Аргентина - соати 24 ба вақти Душанбе
Кот-д Ивуар - Сербия ва Черногория - соати 24 ба вақти Душанбе
XS
SM
MD
LG