Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари занони мусулмон


Муаллиф ва коргардони барнома Салими Аюбзод Ҳар фатире аз хамир пухта мешавад ва ҳар хамире хамирмояи худро дорад. Хамирмояи ин барномаро созмони маҳшури Геллап бароямон таҳия кард бо гузорише дар бораи хосту ниёзи занон дар ҷомеъаҳои мусулмон. Саволҳои ин назарсанҷӣ, ба гуфтаи таҳлилгари Созмони ҷаҳонии ройҷӯии Геллап, Далия Муҷоҳид, тавре маънибандӣ шудаанд, то нишон диҳанд, оё занони мусулмон аз чӣ бештар ранҷ мекашанд ва бузургтарин хосту ниёзи онҳо чист.

Боби 1

Бузургтарин талаб ё дархости занон дар кишварҳои умдатан мусулмоннишин -- дарёфти ҳаққи овоздиҳии озодона ва ё берун аз таъсири дигарон, ҳаққи кор дар берун аз хона ва имконияти фаъолият дар баландтарин сатҳи мақомоти давлатист.
Ин натиҷагириро Созмони Геллап пас аз мусоҳибаи рӯбарӯ бо ҳашт ҳазор зан аз кишварҳои исломӣ нашр кард.
Дар гузориши Геллап гуфта мешавад, ҳамчунин набуди ягонагӣ дар байни давлатҳои мусулмон, тундгароӣ ва хушунат, фасоди сиёсӣ ва иқтисодӣ аз нигарониҳои асосии занони мусулмон будаанд.
Ягон зани мусулмон боре ҳам мавзӯъҳоеро аз қабили ҳиҷобу бурқа ё сатри исломӣ, ки аз тарафи ғарбиён асбоби беҳуқуқии зани мусулмон шумурда мешаванд, ёдовар нашуд.
71 дарсади занони лубнонӣ ва 48 дарсади занони саъудӣ баробарҳуқуқии зану мардро ба Ғарб пайванд доданд. Аксари онҳо мегӯянд, гумон аст, қабули арзишҳои ғарбӣ ба пешрафти сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳони ислом мусоидат кунад. 53 дарсади занони покистонӣ ва 59 дарсади занони мисрӣ гуфтаанд, дин барояшон аҳамияти аввалиндараҷа дорад. 97 дарсади занон дар Лубнон, 95 дарсад дар Марокашу Миср ва 68 дарсад дар Покистон ба ин боваранд, ки бояд касе ба ҳаққи ройи онҳо дар интихобот таъсир нарасонад.

Боби 2

Назарсанҷии Геллап, ки чанд сол боз давом дорад ва қарор аст дар оянда 95 дарсади аҳолии ҷаҳонро фаро гирад, ҳанӯз ба Тоҷикистон ё Осиёи Марказӣ наёмадааст, пас чун Геллап ба мо кӯмак кард, мо низ кӯмаке ба он кардем бо сӯҳбатҳое хоҳем дошт бо занон дар Тоҷикистон дар ҳамин мавзӯъ.
Барои ин нахуст занге задем ба корманди маҷаллаи Фирӯза дар Душанбе, Фотима Яъқубова, ки гуфт, бузургтарин дарди зани тоҷик имрӯз хушунати хонаводагист ва маҷалла аз занон чи дар шаҳру чи дар деҳот ва чи аз хонаводаҳои камбизоату чи аз оилаи давлатмардон дар ин бора шикоятҳои зиёд мегирад. Фотима бону ба ин нукта ҳам розӣ шуд, ки имрӯз аксари кулли занони тоҷик шояд беш аз ҳама мехоҳанд, шавҳару бародар ва фарзандонашон дар ватан бошанд, на дар муҳоҷират, монанди наздик ба 1 миллион марди тоҷик, ки дар Русия ва кишварҳои дигар дар пайи ризқанд.

Боби 3

Дӯсти ман, Гесӯи Ҷаҳонгирӣ, мудири анҷумани "Осиёи озод", чанде пеш аз сафари Афғонистон баргашт. Вай дар он ҷо дар ҳамкорӣ бо Федерасиюни байнулмилалии ҳуқуқи инсон пажӯҳишеро дар вазъи занони Афғонистон анҷом дод ва анҷумани наверо бо номи "Осиё озод -- Афғонистон" таъсис дод.
Аз ӯ пурсидам, бузургтарин хости занони Афғонистон чист? Гуфт, дастрасӣ ба савод, коҳиши фақр ва таъмини молӣ.
Дар як гуфтугӯи дигари телефонӣ, Манижа, модари ҷавон аз Душанбе гуфт, шояд зани тоҷик ҳоло беш аз ҳама тинҷию амониро мехоҳад. Вай ҳангоми такрори ин нукта "тинҷию озодӣ" гуфт ва пурсидам, оё озодӣ ва агар озодӣ, пас озодӣ аз чӣ? Боз ҳам сӯҳбат ба муносибатҳо дар хонавода рафт. Занон мехоҳанд, то андозае худро озод ҳис кунанд.

Боби 4

Акнун як занги дигар ба Душанбе бо талоши сӯҳбат бо раиси Кумитаи занон дар порлумони Тоҷикистон. Аммо, афсӯс, ин сӯҳбат даст надод, вале дар ивази он гуфтугӯе ба миён омад бо яке аз кормандони ин кумита, ки гуфт, барои занон бузургтарин орзу хушбахтист, ки аз оила, фарзанд, шавҳари хуб маншаъ мегирад. Вай гуфт танҳо 50 дарсад аз зиндагӣ розист. Пурсидам, 50 дарсади бақия чист? Гуфт, ки гуфта наметавонад.
Вале сӯҳбати мо бо раиси созмони занони "Ҳилола" дар Душанбе, Ҳуринисои Ализода, ошкортару бериётар буд.

Боби 5

Ҳуринисои Ализода мегӯяд, бузургтарин хосту орзуяш, мард дидани ин ҷаҳон ва ин давру замон ва ин ҷомеа аст. "Агар ҷомеа мард бошад, он гоҳ метавонад ҳаққи зани тоҷикро бишиносад." Бонуи Ҳуринисо бар ин аст, ки заминаҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон мавҷуданд, аммо то замоне ки ин меъёру арзишҳо дар зеҳни мардон ва ҳамаи ҷомеъа ҷои нописандӣ, беэҳтиромӣ ва хушунатварзиро наигранд, гумон аст, чизе тағйир кунад. Рӯзноманигори варзида ва раиси созмони занони "Ҳилола" дар шаҳри Душанбе гуфт, бузургтарин орзуву ниёзи занони тоҷик як рӯзгори обод ва шод аст.
Орзу кардем, шавад, ин бузургтарин хости занону модарону хоҳарони мо рӯзе ҷомаи амал бипӯшад. Ва ба ҳамаи шунавандагони худ орзуи мо ҳамон аст, ки ҳамон:
Нафаси озоду ҳамнафаси нек.
XS
SM
MD
LG