Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари сармоягузорони ҷопонӣ ба Тоҷикистон


Намояндагони се ширкати ҷопонӣ дар гуфтушунид бо раҳбарияти Палатаи тиҷоратию саноатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба хариди арзиз ё алюмини тоҷик ва бунёди муассисаи коркарди арзиз дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ нишон доданд. Шариф Сайидов, раиси Палатаи тиҷоратию саноатии Тоҷикистон гуфт, ширкатҳои Алконис, Алко ва Шиншои Ҷопон мехоҳанд, пеш аз ҳама дар Тоҷикистон як маркази ҷаҳонгардӣ таъсис диҳанд ва сафари шаҳрвандони Ҷопон ба Тоҷикистону Тоҷикистон ба Ҷопонро густариш диҳанд. Ҳамчунин ба соҳбикорони ҷопонӣ пешниҳод шуд, дар коркарди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон саҳм бигиранд.
Сафари намояндагони ширкатҳои бонуфузи Ҷопон дар ҳоле ба амал меояд, ки дар нишасти ахири вазирони умури хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон ҳукумати Ҷопон изҳор дошт ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузориҳои муҳиме хоҳад кард. Аммо намояндаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир гардиши мол байни Душанбе ва Токио хеле кам аст, ҳарчанд имкониятҳои ду ҷониб барои таҳким ва густариши ҳамкориҳо зиёданд.
XS
SM
MD
LG