Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавтеаи навбатӣ дар Туркманистон?


Эълони вазири амнияти Туркманистон баъди нашри гузоришҳо дар бораи боздошти ду фаъоли ҳуқуқи башари Туркманистон ва хабарнигори Радиои Озодӣ пахш шуд. Аннақурбон Амонқличев ва Елена Овезова аз бахши туркмании Бунёди ҳуқуқи башари Ҳелсинки охири ҳафтаи гузашта дар пойтахти Туркманистон дастгир шуданд. Ҳамзамон мақомоти туркман хабарнигори Радиои Озодӣ Огулсапар Муродова ва Сапардурдӣ Ҳоҷиев яке аз хешовандони Тоҷигул Бегмедова раиси бахши туркмании Бунёди ҳуқуқи башари Ҳелсинкиро ҳабс карданд. Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар Амнести Интернешенел ва ё Афви Байналмилалӣ, ки қароргоҳаш дар Лондон аст, ҳабсҳоро маҳкум намуд.
Бахши туркмании Бунёди ҳуқуқи башари Ҳелсинки изҳори нигаронӣ мекунад, ки боздоштшудагон зери фишори асабонӣ ва шиканҷа қарор доранд.
Гурӯҳ иддао дорад, афсарони амниятӣ Муродоваро водор намуданд, ки аз хешовандонаш тақозо кунад, то компютер, телефонӣ мобил ва ҷиҳози факсашро ба мақомот супоранд. Хешовандони Муродова ба Бунёди ҳуқуқи башари Ҳелсинки иттилоъ доданд, ки садои Муродова тавре шунида мешуд, ки гӯё ӯро мадҳуш карда бошанд.
Дар ҷаласаи ҳукумати Туркманистон, ки 19 июн зери раҳбарии Сапармурод Ниёзов-президенти Туркманистон доир шуд, вазири амнияти миллии ин кишвар Гелдимуҳаммад Оширмуҳаммадов гуфт, ба шарофати боздошти Амонқличев хадамоти амниятӣ аз тавтеаи мухолифин ҷилавгирӣ намуданд:
"Аннақурбон Атоболович Амонқличев боздошт шуд. Аснои тафтиши мошини ӯ силоҳу муҳиммот кашф шуд. "
Рӯзи якшанбе бахши туркмании Бунёди ҳуқуқи башари Ҳелсинки иброз дошт, ки ба қавли шоҳидони айнӣ афсарони амниятӣ ба дохили мошин як бастаи номаълумро ҳаво доданд.
Гурӯҳи ёдшуда аз нақли корманди додситонии ноҳия, ки нахостааст, номаш ошкор шавад, овардааст, ки шояд дар дохили баста силоҳ ва маводи мухаддир ҷой дода будаанд.
Вазири амнияти миллии Туркманистон собиқ раиси Бонки Миллӣ Худойбердӣ Оразов, собиқ сафири Туркманистон дар Туркия Нурмуҳаммад Ханамов, собиқ вазири умури хориҷӣ Авдӣ Қулиев ва Парахат Иқлимовро тарҳрезони тавтеа номид. Бародари Парахат Иқлимов се сол пеш бо иттиҳоми ширкат дар сӯиқасд ба ҷони президенти кишвар дастгир шуда, дар зиндон то мурдан латту кӯб шуда буд.
Вазири амнияти миллӣ илова кард, ки дар ин тавтеа раиси бахши туркмании Бунёди Ҳуқуқи башари Ҳелсинки Тоҷигул Бегмедова ва шавҳараш Аннадурдӣ Ҳоҷиев собиқ муовини раиси Бонки миллии Туркманистон даст доранд:
"Онҳо Амонқличевро барои таълими умури иктишофӣ ва харобкорӣ дар Туркманистон ба Украина даъват карданд. онҳо мехостанд ӯро бо усули мавриди истифода дар инқилоби норанҷии украина ошно кунанд."
Вале раиси бахши туркмании Бунёди Ҳуқуқи башари Ҳелсинки Тоҷигул Бегмедова аз шаҳри Варнаи Булғористон гуфт, дар ҳақиқат ҳар ду фаъоли ин созмон ахиран ба Украина сафар карда буданд, вале онҳо ҳеҷ ҳадаф надоштанд, ки амнияти миллии Туркманистонро бо таҳдид мувоҷеҳ намоянд:
" Мо аз номи бахши туркмании Бунёди Ҳелсинкӣ таъкид мекунем, ки Амонқличев ва Овезова барои омӯзиши усули назорати ҳуқуқи башар тобистони соли 2005-ум ба Украина сафар карда буданд. Ин давраи таълимиро бахши Бунёди ҳуқуқи башари Ҳелсинки дар Полша ва созмони Мемориали шаҳри Донетск ташкил карда буданд. Ин созмонҳо назорати поймолшавии ҳуқуқи башарро таблим медиҳанд. Оё ин амали ғайриқонунӣ мебошад?"
Дар сӯҳбат бо бахши туркмании радиои Озодӣ кормандони ду созмони ёдшуда изҳор намуданд, ки онҳо бо масоили марбути ҳуқуқи башар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сару кор дошта, дар сиёсати Туркманистон ҳеҷ нақше надоранд.
Барои тасдиқи иддаои худ вазири аманияти миллии Туркманистон таҷҳизоти видеоиро намоиш дод ва афзуд, ки онро чанде пеш гурӯҳи телевизиони Фаронса ба Амонқличев тақдим намуда буд. Ба гуфти ӯ ин таҷҳизот мебоист барои наворгирии як филми мустанад истифода мешуд ва ба гуфти Оширмуҳаммадов филм ҳаёти Туркманистонро дар шакли ғалат тасвир менамуд.
Мансабдори туркман гуфт, тахмин мешавад, ки дипломатҳои фаронсавӣ, шаҳрвандони Британия ва намояндаи САҲА дар Ашқобод дар ин тавтеа саҳм доштаанд.
То кунун сафорати Фаронса дар Туркманистон ва вазорати умури дохилии ин кишвар дар Париж ба иттиҳомоти Туркманистон посух надодаанд. Намояндаи САҲА дар Ашқобод аз шарҳи гуфтаҳои Оширмуҳаммадов худдорӣ намуд.
XS
SM
MD
LG