Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чи гуна Ганҷи Омӯ ба яғмо рафт


Дар авохири даҳаи 1970 Ганҷинаи Омӯ ё Дафинаи Амударё зери ҳимояти киштии низомии Бритониё ба Эрмитажи Ленинград (Санкт-Петербурги кунунӣ)-и Русия мунтақил шуд ва барои як моҳ ба маърази тамошо гузошта шуд. Таърихнигорон мегӯянд, ин барои нахустин бор буд, ки як нови низомӣ масъулияти ҳифозат аз як кулексиюни намоиширо дошт.

Ганҷинаи Омӯ мураккаб аз 200 ёдгори нодири тиллоӣ мутаъаллиқ ба садаҳои 6 то 3-и пеш аз милод аз гаронарзиштарин кулексиюнҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки ба иттилоъи Музаффар Азизӣ - раиси идораи ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва ташхиси ҳунарии вазорати фарҳанг, моли Тоҷикистон аст.

Оқои Азизӣ меафзояд, 126 сол пеш тоҷирони самарқандӣ аз маҳалли Тахти Сангин дар Қубодиёни феълӣ ин дафинаи ориёиро ба таври ғайримуҷоз харида ва ба берун аз хоки кишвар қочоқ кардаанд.

Ба гуфтаи Музаффар Азизӣ, бештари ёдгорҳои нодири таърихиро, ки тоҷирони тоҷик бо худ доштанд, дар Афғонистон роҳзанҳо ба яғмо бурдаанд.

Нуръалӣ Давлатов, коршиноси дигар меафзояд, «теъдоди нигораҳои нодири даврони Юнону Бохтарӣ аз 5000 дона беш буд, ки аксари онро дуздон рабудаанд ва бархе дигарро тоҷирон ба заршӯёну мисгарон ва косибон фурӯхтаанд».

Музаффар Азизӣ - раиси идораи ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва ташхиси ҳунарии вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд: «Қисмати кӯчаки ин хазинаро сэр Огюст Франк - сарҳанг ва ноиби подшоҳи Бритониё дар Ҳиндустон дар соли 1877 харид ва дар соли 1897 ба осорхонаи миллии Бритониё ҳадя кард».

Ва аммо оё метавон ин ганҷинаро ба Тоҷикистон баргардонд? Маҷаллаи "Фарҳангу андеша"-и родюи Озодӣ дар ҳоли пайгирии ин мавзӯъ аст. Гӯшбақимор бошед.
XS
SM
MD
LG