Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хонаи Озодӣ": Даромад аз содироти маводи сӯхт ба таҳкими давлатҳои худкома масраф мешавад


Брефни Орурк Дар гузориши имсолаи созмони ҷонибдор аз демократия "Freedom House" ё худ "Хонаи Озодӣ" вазъи чор кишвари собиқ Шӯравӣ Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Русия мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор гирифтааст. Созмони хусусии амрикоӣ таъкид мекунад, ки дар ҷамоҳири сарватманди Осиёи Марказиву Қафқоз ва ҳамчунин Русия нишондиҳандаҳои тавсеаи демократия рӯ ба инқироз мебошад.

Дар гузориши солонаи "Хонаи Озодӣ" гуфта мешавад, ки қудрати иқтисодии Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Русия бар пояи захираҳои саршори нефту гази табиӣ асос ёфтааст, вале мамолики ёдшуда бо ниҳодҳои заифи давлатдорӣ, тангшавии фазои кории воситаҳои ахбори умум ва ниҳодҳои адлия ва ҳамчунин фасоди афзоянда мувоҷеҳ мебошанд.
Муҳаррири гузориши солонаи "Хонаи Озодӣ" хонум Ҷанет Геринг мегӯяд, раҳбарони ин кишварҳо эҳтимол дарк намекунанд, ки афзоиши масъулият ва ҷавобгӯӣ метавонад дар некӯаҳволии мардум саҳм дошта бошад.
"Онҳо баръакс даромад аз болоравии нархи маводи сӯхтро барои таҳкими режимҳои худкомаашон масраф менамоянд. Ин режимҳо дар муқобили мардум масъулият эҳсос намекунанд ва дар арсаи байналмилалӣ мавриди эътимод нестанд."
Дар масъалаи Қазоқистон "Хонаи Озодӣ" навиштааст, ки интихоби навбатии Нурсултон Назарбоев ба курсии раёсатҷумҳурӣ "имкони рушди демократиро маҳдуд кард" .
Дар ин бора Ҷанет Геринг мегӯяд:
"Дар Қазоқистон талоши ҳукумат барои таҳкими назму субот боиси афзоиши назорати марказӣ ва маҳдудшавии озодиҳои демократӣ гардид. Чунин низом дар дарозмуддат усутувор буда наметавонад".
Дар масъалаи Туркманистон муаллифони гузориш навиштаанд, ки президенти ин кишвар Сапармурод Ниёзов маъруф бо номи "Туркманбошӣ" ҳамоно саъй дорад, мардуми кишварашро дар ҳоли инзивоъ аз олами беруна нигаҳ дорад.
"Хонаи Озодӣ" бар ин ақидааст, ки то кунун афзоиши содироти маводи сӯхт низ вазъро тағйир надодааст.
Ҷанет Геринг мегӯяд:
"Лӯлаҳои интиқоли гази табиӣ вобастагии дуҷонибаро дар байни харидору фурӯшанда бунёд менамояд. Ба назар мерасад, ки Туркманбошӣ инро дарк накардааст, зеро ба таври муназзам саъй дорад дар байни мардуми кишвараш ва ҷомеаи ҷаҳонӣ деворе эҷод намояд".
"Хонаи Озодӣ" хотирнишон мекунад, ки дар низоми интихоботи Туркманистон хилофкорӣ ҷой дорад ва мақомоти ин кишвар ниҳодҳои адлияро ҳамчун воситаи таъқиб истифода мебаранд.
Соли 2005 Сапармурод Ниёзов бо баҳонаи мубориза бо фасод содироти маводи сӯхтро зери назорати мустақими идораи раёсатҷумҳурӣ қарор дод. Ба ақидаи "Хонаи Озодӣ" амалан ин иқдом имкони иловагии беҳбуди вазъи молии худи Ниёзов мебошад.
Бо ишора ба заволи ниҳодҳои демократӣ дар Озарбойҷон хонум Кристи Ивенсон раиси намояндагии "Хонаи Озодӣ" дар шаҳри Будапешти Маҷористон мегӯяд:
"Мо мебинем, ки қудрат дар атрофи наздикони президент тамаркуз меёбад.Мо интихоботи суолбарангези моҳи ноябрро дар ёд дорем. Бар илова таъқиби ҷомеаи шарҳвандӣ, ниҳодҳои адлия ва муҳокимаҳои хандаоварро низ беш аз ҳар чизи дигар дар хотир нигаҳ доштаем".
Дар гузориши солонаи худ "Хонаи Озодӣ" менависад, ки то ҳанӯз Русия сиёсати қодир ба рафъи низоъ ва ташаннуҷ дар Қафқози Шимолиро пайдо накардааст. Ҳамчунин ба фикри муаллифони гузориш Маскав дар ислоҳоти артишу полис ноком аст.
Хулоса, дар чор кишвари ёдшуда инқирози арзишҳои демократӣ бо беҳбуди вазъи иқтисодӣ ҳамзамон омадааст.
Кристи Ивенсон мегӯяд, ки ду омил ба ҳам иртибот дорад.
"Ҳар қадаре ки пули ҳукумат зиёд шуд, ҳамон қадар ҷорӣ намудани равишҳои худкома осонтар хоҳад шуд ва мардум ҳам шикояти зиёд нахоҳад кард. Дар Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷон рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуд дорад, яъне интизориҳои мардум ҳадди ақалл дар кӯтоҳмуддат иҷро мешавад".
Вале "Хонаи Озодӣ" суол мекунад, ки агар дороии кишвар ҳамоно дар дасти баргузидаҳои давлат ҷамъ шавад, оё ин созиши иҷтимоӣ зери фишор қарор нахоҳад гирифт?
XS
SM
MD
LG