Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархурд бо беморони равонӣ бояд чи гуна бошад?


Як равонпизишки бемористони рақами яки ноҳияи Рӯдакии Душанбе баъд аз ошноӣ бо кори дармонгоҳҳои Ҷумҳурии Чек мегӯяд, дар ин кишвар беморони равонӣ аз ҷомеъа ҷудо нестанд, онҳо кору таҳсил мекунанд ва аз ҳуқуқи хуб бархурдоранд. Бегиҷон Юсуфов, муъовини сарпизишки ин бемористон мегӯяд:

"Дар ин ҷо беморони рӯҳӣ дар муассисаҳои ғайридавлатӣ озод фаъолият мекунанд. Ин ташкилот маъош ва нафақаи онҳоро сари вақт пардохт ва ҳуқуқи зисти ин беморро низ риъоят мекунад"

Ба қавли Бегиҷон Юсуфов, дар Тоҷикистон ва дар қаламрави кишварҳои шӯравии собиқ ҳанӯз ҳам шеваи пешинаи нигаҳдошту муъолиҷаи беморони равонӣ ҳифз шудааст; яъне маризон дар дохили сохтмони вижаи бемористон ба сар мебаранд, шароит ва қоъидаи зист дар ин муассиса хеле шадид аст, ба ҷуз аз хешу наздикон ва табибон, ин беморон дигар бо нафаре ошноӣ надоранд. Дар натиҷа, тафаккури ҷомеъа чунин аст, ки мардум омода нест бо ин одамон дар шароити баробар ҳамзистӣ намоянд. Фирӯза Табарова аз маркази бемориҳои рӯҳии ноҳияи Регар, ки ҳамчунин бо кори ҳампешагони чекаш шинос шуд, мегӯяд:

"Дар Тоҷикистон мардум намефаҳманд, ки маризии рӯҳӣ гузаранда нест, набояд аз ин беморон парҳез кунем, онҳо хатар надоранд. Мо бояд аз роҳи расонаҳои хабарӣ, телевизиону радио дар ин бора бештар суҳбат кунем"

Ба андешаи равонпизишк Бегиҷон Юсуфов, масъала ин аст, ки дар аксари ҷомеъаҳо фикр мекунанд, ки бемори рӯҳӣ танҳо бояд бо муъолиҷаи тиббӣ маҳдуд шавад.

"На фақат бо беморхонаву доруву дармон ва бистарӣ кардани онҳо маҳдуд шудан лозим аст. Бо роҳи ҷалб кардан ба ягон навъи машғулият, бо коре, бо ташкили ҷойҳои зисти умумӣ метавонем барои муолиҷаи беморон мусоидат намоем. Дар канори аҳли хонаводаву табибон, дар ин гуна марказҳои умумӣ беморон метавонанд бо ҳамдигар мулоқот кунанд, дарди дили ҳамдигарро бишнаванд"

Ин равонпизишк ҳамзамон эътироф мекунад, ки роҳандозии чунин кор дар Тоҷикистон заҳмати зиёд талаб мекунад. Ва дар ин ҷо бояд бахшҳои мухталифи ҷомеъа, сохторҳои дахлдори тиббӣ ва инчунин созмонҳои иҷтимоъӣ ҳамкории бештарро ба роҳ монанд. Тибқи иттилоъи созмони байнулмилалии "Ибтикори сартосарии равонпизишкӣ" (Ҳуланд), ки дар баробари 46 давлати ҷаҳон ахиран дар Тоҷикистон низ ба фаъъолият шурӯъ кардааст, танҳо дар шаҳри Душанбе феълан ҳафт ҳазор нафар аз мушкилоти равонӣ ранҷ мекашанд. Ва ба қавли Малика Каримова, як корманди масъули ин созмон, ҳадафи аслии ин лоиҳа беҳбуд бахшидан ба шеваи хидматрасонӣ дар риштаи равонпизишкӣ ва фароҳам овардани имкони кору фаъъолияти озоди ин бахши мардум дар ҷомеъа мебошад. Табибон мегӯянд, ки баъзан беморони рӯҳӣ дӯзандаву муҳофиз, пешхидмату ва номарасон, наққош ва ҳатто ҳунарпешаи хуби синемо мешаванд, танҳо дасти онҳоро бояд гирифт.
XS
SM
MD
LG