Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзёбии тимҳои Олмон ва Коста Рика


Дориюши Раҷабиён (бо истифода аз рӯзномаҳо) Нахустин бозии мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии имсол миёни тимҳои Олмон ва Коста Рика хоҳад буд. Ин тимҳо чи тавоноиҳо ва нуқоти заъф доранд?

Тими Олмон

Нуқоти қувват: Яке аз имтиёзҳои тими Олмон ба унвони тими мизбон тарафдории пурсарусадои ҳаводорони ин тим дар шаҳри Мунхени Олмон хоҳад буд. Аммо ҳатто бидуни он сарусадоҳо ҳам тими Олмон ба унвони яке аз қавитарин тимҳои футболи ҷаҳон матраҳ аст ва то кунун се бор Ҷоми Ҷаҳониро ба даст овардааст. Тими Олмон дастае ҷавону пуртаҳаррук ва қавист, ки бо ҳамлаҳои ногаҳонӣ ва тунди худ миёни тимҳои футбол мутамоиз шудааст.

Нуқоти заъф: Ҷавонии аъзои ин тим дар айни ин ки нуқтаи қуввати он маҳсуб мешавад, метавонад нуқтаи заъфи тим низ ба шумор ояд. Тимҳои ботаҷрубатар, ба вижа онҳое, ки аз токтикҳои бештари бозӣ огоҳанд, метавонанд аз камтаҷрубагии бачаҳои тими Олмон баҳра бибаранд. Гузашта аз он, шеваи кори Юрген Клинсманн, мураббии тими Олмон, бештар мутаваҷҷеҳи ҳамла аст, ки дар натиҷа ҷабҳаи дифоъи тим гоҳо заъиф ба назар мерасад. Набудани Себастиан Дайзлер, аз бозикунони халлоқи тим низ метавонад ба зиёни дастаи Олмон бианҷомад.

Беҳтарин бозикуни тим: Майкл Баллак, сардастаи тими Олмон, беҳтарин бозикуни он низ ба шумор меравад. Ин бозикуни 29-сола, ки ба "Қайсари Кӯчак" мулаққаб аст, тӯбҳои зиёдеро вориди дарвозаҳои рақибонаш кардааст. Ба ӯ се бор унвони Бозикуни Соли Олмон эъто шудааст. Зарбаҳои гулсози Майкл Баллак дар мусобиқоти ниманиҳоии соли 2002 барои тими Олмон муваффақият оварда буд.

Бадтарин таҷрубаи тим: Талхтарин лаҳза барои тими Олмон шикасти он дар баробари тими Инглистон дар шаҳри Мунихи Олмон дар соли 2002 буд, бо ҳисоби хиҷолатовари 5-1.

Беҳтарин таҷрубаи тим: Ширинтарин лаҳзаи тими Олмон дар мусобиқоти ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии 1954 иттифоқ уфтод. Замоне ки нахустин Ҷоми Ҷаҳонии футбол насиби ин тим шуд.

Маҳбубтарин шиъори ҳаводорони тим: "Steht auf, wenn ihr fur Deutschland seid!", яъне "Бархез, агар ҳаводори Олмонӣ!".


Тими Коста Рика

Нуқоти қувват: Тими Коста Рика ду бозикуне дорад, ки ба таври ғайри қобили пешбинӣ метавонанд сарнавишти бозиҳоро рақам бизананд: Пауло Ванчопе ва Роналд Гомез. Ва агар ин тим аз сӯи дастаҳои маъруфтар дасти кам гирифта шавад, мумкин аст дар ниҳоят ба пушаймонии тими маъруф бианҷомад. Яке аз намунаҳои он пирӯзии Коста Рика бар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар соли гузашта буд, ки бо ҳисоби 3-0 рақибонашро дар шигифтӣ нишонд.

Нуқоти заъф: Антонио Алфаро, хабарнигори рӯзномаи Al Dia чопи Коста Рика дар бораи тими кишвараш менависад: "Онҳо аз ҷумлаи дастаҳоеанд, ки бадтар аз ҳар тими дигаре барои ин бозиҳо омода шудаанд". Ин тим фоқиди бозикунони дорои таҷрубаи урупоист ва ҳатто эҳтимол дорад сафари дарози онҳо аз Коста Рика ба Олмон боъиси нохушию касолати бархе аз бозикунони Коста Рика шавад.

Беҳтарин бозикуни тим: Ҳамоне, ки он боло гуфтем: Пауло Ванчопе, ки сардастаи Коста Рика аст ё Роналд Гомези бузургҷусса. Ҳар ду ба як андоза муваффақ будаанд.

Бадтарин таҷрубаи тим: Ҳазфи тим аз гурӯҳҳои мустаъидди бозиҳои байнулмилалӣ дар соли 2002 ба хотири камбуди шумори голҳо.

Беҳтарин таҷрубаи тим: Расидан ба даври дуввуми мусобиқоти ҷаҳонии 1990 дар Итолиё пас аз шикаст додани Суэд ва Скотланд.

Маҳбубтарин шиъори ҳаводорони тим: Шиъори кашдору дарози "Oooe oe oe oe Ticos! Ticos!"
"Тикос" яке аз лақабҳои мардуми Коста Рика аст.
XS
SM
MD
LG