Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони низомипӯши Душанбе


Яке аз пайравони муди низомӣ худи манам ва дар ҳоле ки ин сатрҳоро менависам, чашм ба хутути сабзу хокии шалвори низомиам дӯхтаам, то шакли онро бароятон тасвир кунам. Аммо мутмаиннам, ки шаклу намои як либоси низомӣ барои ҳамагӣ ошност.

Гузашта аз либоси низомӣ дар тобистони имсол бисёре аз писарони тоҷик кулоҳҳои гирди чакани кӯлобӣ ва бадахширо писандидаанд. Либоси низомию тоқии тоҷикӣ. Ба назари ман хеле ҷолиб аст, на?

Аз сӯҳбат бо ҷавонон ва албатта, аз рӯи мушоҳидаҳои худи ман маълум мешавад, ки бар хилофи соли гузашта, ки аксари духтарон пироҳанҳову доманҳои дарозро ихтиёр мекарданд, имсол шалвору доманҳои болотар аз зону ва нимтанаҳои пурранг муд шудааст. Ва писарон аксаран пироҳану шалворҳои пунбаӣ (пахтаӣ) харидорӣ мекунанд. Шояд гармои шадиди имсол дар интихоби либоси ҷавонон бетаъсир набудааст. Либосҳои ҷавонони имрӯзи тоҷик аксаран сохт ва духти Туркияву Чин аст ва барои харидории як сару либоси мудерни тобистона як ҷавони тоҷик бояд худуди 100 дуллор дар ҷайб дошта бошад.

Аммо ҳоло Бехрӯз Имомов, тарроҳи ҷавони тоҷик, ки ахиран дар Русия барандаи озмуне шуд, дар мавсими имсола барои мову шумо пӯшидани чунин либосҳоро тавсия мекунад:

"Бинобар гармии ҳаво дар ин мавсим ман маслиҳат медиҳам, ки духтарони мо аз пӯшидани либосҳои танг парҳез кунанд ва беҳтар аст шалвору доманҳо ва нимтанаҳои гушоду пурранг бипӯшанд. Ва мардҳо пироҳану шалворҳои расмии худро канор бигзоранд ва озодонатар либос бипӯшанд. Мисли тишерт ё футболкаҳо ва шалворҳои сабук".

Хуб, бо умеди он ки шумо азизон дар ин айёми доғи доғ ба дилхоҳи худ лисбосҳои муносибе пайдо кунеду ҳамеша зебову беҳамто бимонед. Мо ҳам талоши худамонро хоҳем кард!
XS
SM
MD
LG