Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи баландпарвози Ҷопон дар Оcиёи Марказӣ


Барномаи нав аз нукоти мушаххас иборат аст. Масалан, Ҷопон мехоҳад дар бозсохт ва муҷаҳҳаз кардани низоми обёрии водии Фарғона, ки байни Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон тақсим аст, мадад кунад. Ва ё дар бунёди шоҳроҳҳое миёни кишварҳои Оcиёи Марказӣ ва Афғонистон сармоя бигузорад ва ғайра.
Тарҳи навро вазирони корҳои берунаи Ҷопон Таро Асо, Тоҷикистон Талбак Назаров, Ӯзбакистон Илёр Ғаниев, Қирғизистон Оқилбек Ҷекшенқулов ва ноиби вазири умури хориҷии Қазоқистон Ғайрат Абдураҳмонов имзо карданд.
Дар гуфтушунид ва расми имзо вазири корҳои берунаи Афғонистон, Рангин Додфар Сипанто ба ҳайси меҳмон ширкат дошт. Ин дуюмин дидори вазирони ин мамолик дар Токиост, аммо тарҳи нав дар қиёс бо натиҷаҳои мулоқоти аввал ба маротиб густардатар мебошад.
Аз устоди таърихи муосири Ҷопон ва робитаҳои байнулмилал дар Донишгоҳи Кембриҷ Ҷон Свенсон-Врайт пурсидам, ба назар мерасад, Ҷопон мехоҳад, дар Оcиёи Марказӣ нақши бузургтаре дошта бошад, аммо бо кадом ҳадаф ва бо кадом дурнамо? Ҷаноби Свенсон -Врайт гуфт: "Бархе аз мифтоҳи дарки ширкати Ҷопон на танҳо дар Оcиёи Марказӣ, балки дар ҳамаи ҷаҳон орзуи бозидани нақши фаъолтар ва муҳимтар дар умури байнулмилал аст."

Воқеан Ҷопон дар чанд соли охир ҳузури худро дар кишварҳои Оcиёи Марказӣ намоёнтар кардааст ва дар иҷрои даҳҳо барномаи имдод ширкат мекунад. Ноиби раиси маркази мутолиоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров мегӯяд, ҳатто дар ҳоли ҳозир низ, ҳузури Ҷопон дар Тоҷикистон ва Оcиёи Марказӣ назаррас мебошад: "Кӯмакҳои Ҷопон хеле зиёданд ва ҷопониҳо дақиқ кор мекунанд, онҳо медонад, чӣ тавр ин кӯмакҳоро то ба нуқтаи зарурӣ расонанд. Ҳамзамон онҳо ҳаргиз ба умури дохилии кишварҳо дахолат намекунанд."

Сайфулло Сафаров меафзояд, бо ин ҳама Ҷопон пурра арзандаи он аст, ки тибқи барномаи ислоҳоти СММ ба узви доимии Шӯрои Амният табдил ёбад. Аммо Свенсон-Врайт мегӯяд, иҷрои ин барномаи нави олиҳимматона ва баландпарвози Ҷопон осон нахоҳад буд:
"Ба фикри ман рӯ задани масъалаи Осиёи Марказӣ на танҳо дар дастури кори Ҷопон, балки ҳамчунин дар бисёр кишварҳо, дақиқан ба ин маъност, ки аҳамияти ин минтақа рӯ ба афзоиш аст. Ҳамзамон зуҳури Чин ба ҳайси як бозигари аслии минтақа, Ҷопонро нигарон кардааст ва иқдоми нав, ба назари ман, маънии таъкиди онро дорад, ки бояд нақши Ҷопон ҷиддӣ гирифта шавад ва нишон дода шавад, ки худи Ҷопон низ онро ба дурустӣ дарк мекунад."

Чин, таври маълум, ба узвияти доимии Ҷопон дар Шӯрои Амнияти нави СММ шадидан мухолиф аст ва рақобаташ бо Ҷопон решаҳои таърихӣ дорад. Свенсон-Врайт афзоиши тадриҷии ин ихтилофотро дар робита ба нақшу ҳузур дар Оcиёи Марказӣ пешбинӣ мекунад, вале меафзояд, Ҷопон як қудрати комил буда, Чин қудрати дар ҳоли зуҳур аст. Аммо оё давлатҳои Оcиёи Марказӣ ба нақши нави Ҷопон дар минтақа чи назар хоҳанд дошт? Маълум аст, онҳо аз ҳама гуна кӯмак дар ин давраи мушкил шоданд, аммо то куҷо, мепурсам, аз коршиноси мустақили умури байнулмилал дар Душанбе, Рашиди Ғанӣ: "То он ҷо ки ба манофеъи ин кишварҳо созгор бошад ва агар аз ин ҳад гузарад ё ҳадафҳои зиёдатии сиёсӣ дошта бошад, ба манофеъи ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, созгор нахоҳад буд."

Пас оё дар чунин як ҳол ҳукумати Ҷопон бо пешбурди барномаи нав чӣ кор кардан мехоҳад? Оё мутмаин аст, ки ба чизи бештаре даст хоҳад ёфт. Ин саволро ба устоди Таърихи муосири Ҷопон ва равобити байнулмилалӣ дар Донишгоҳи Кембриҷ, доктор Ҷон Свенсон-Врайт додам:

"Он мехоҳад робитаҳои сиёсӣ ва девондорияшро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ қавитар кунад ва нишон диҳад, ки онҳо гузинаҳои дигаре ҳам доранд ва шояд ҳамзамон орзу дошта бошад, ки ба захираҳои инержии минтақа даст ёбад, ки барои ояндаи Ҷопон хеле муҳим аст ва ҳам масъалаи Афғонистон аст, аз охири солҳои навадум Ҷопон дар ҳалли он нақши миёнаравро иҷро мекунад ва сармоягузории ҳангуфте кардаасту мекунад. Ва дар ин байн нақши Ҷопон ҳамчун пайвандкунандаи Ғарбу Осиё бисёр муҳим буда, тарроҳони сиёсати берунаи Ҷопон мехоҳанд, ҳамин роҳро идома диҳанд. Вале дар ин ҷо нақши Чин ва мушкилоти зиёди Ҷопон бо Чин ба саҳна хоҳад омад. Ба гумони ман, агар Ҷопон мехоҳад нақши бисёр марказиеро дар минтақа ба даст орад, мо шоҳиди муқовимати сиёсии Чин ва Русия ба он хоҳем шуд."

Ба ақидаи Свенсон-Врайт, Ҷопон бо Иёлоти Муттаҳида робитаҳои қавии дипломатӣ ва ҳарбӣ дорад, ки бо ин ҳаракоти Токё ҳамзамон бештар қувват мегиранд. Ва коршиноси тоҷик Рашиди Ғанӣ ҳам бар ин аст, ки ҳампаймонии Токио ва Вашингтон як омили дигари рӯёрӯии он бо Маскав ва Бейҷинг хоҳад буд: "Ҷопон ҳар қадами худро дар саҳнаи байнулмилал бо Вашингон ҳамоҳанг мекунад."

Ба навбати худ Чину Русия якҷо бо аксари давлатҳои Оcиёи Марказӣ дар Созмони ҳамкориҳои Шонҳой узвият доранд ва бар асари фишори, аз ҷумла ҳамин созмон, Иёлоти Муттаҳида маҷбур шуд, нирӯҳои худро аз Ӯзбакистон берун кашад. Мақомоти Вашингтон Русия ва Чинро айбдор карданд, ки зимоми аслии созмони Шонҳайро дар даст доранд ва кишварҳои дигарро маҷбур мекунанд, ки ба тасмимҳои дилнохоҳи худ розӣ шаванд.
Чунончи, ба гуфтаи онҳо, мумкин аст, Қирғизистон аслан ба фикри баланд кардани нархи иҷораи пойгоҳи Ганси набуд, вале таҳти фишори созмони Шонҳай ин нархро даҳҳо мартаба баланд карданист ва бо мақомоти Пентагон гуфтушунид мекунад. Аз Сайфулло Сафаров, узви ҳайъати коршиносони амниятии Созмони Ҳамкориҳои Шонҳай мепурсам, оё имкон дорад, рӯзе ин созмон аз Тоҷикистон, масалан, талаб кунад, ки ҳамкориро бо Ҷопон қатъ намояд ва ё дастикам коҳиш диҳад?

"Албатта, бо гузашти замон ҳама гуна имконият пеш омада метавонад, аммо Созмони Шонҳой тавре мебинем, ба кӯмакҳои Амрико дар минтақа мухолифате надорад. Ба фикри ман, то замоне ки масъала ба ҳузури низомӣ ва амнияти кишварҳо дахл накунад, Созмони Шонҳой чунин мавзӯъро дар миён нахоҳад гузошт."

Дар ҳамин ҳол аз доктор Свенсон-Врайт мепурсам, мо Ҷопону Чину Русияву Амрико мегӯем, пас оё метавон аз бозгашти бозии бузург сухан кард ва оё нақши худи кишварҳои Оcиёи Марказӣ дар ин гирудорҳо чӣ хоҳад буд?

"Рӯшан аст, ки бо дарназардошти мавқеъи ҷуғрофӣ ва ноамнии рӯзафзун дар он давлатҳои минтақа бозингарони аслӣ мебошанд. Ва дар ояндаи қобили мулоҳиза, махсусан аз дидгоҳи Ҷопон, захираҳои инержии минтақа аҳамияти бештару бештар пайдо хоҳанд кард. Нооромӣ дар Ховари Миёна ва баҳси Ҷопон бо Русияву Чин дар мавриди дастрасӣ ба захираҳои нафти Сибриё фақат сабаби он мегардад, ки Ҷопон ҳамчун як гашти тавозуноварандаи дипломатӣ ба фаъолияти бештар дар Осиёи Марказӣ иқдом кунад. Аз ин лиҳоз наметавон шабоҳати зиёдеро бо Бозии бузурги поёни садаи нуздаҳ ва аввали садаи бист нодида гирифт."
XS
SM
MD
LG