Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиёз ва ...ҳушдор!


Брюсел Аҳто Лобякас Иттиҳодияи Аврупо бар ивази қатъи ғанигардонии уран аз сӯи Эрон барои ин кишвар имтиёзҳои нави иқтисодӣ пешниҳод кард. Тасмими Шӯрои амнияти Созмони милали Муттаҳид дар мавриди эълони таҳримҳо болои Теҳрон бо он бастагӣ хоҳад дошт, ки мақомоти Эрон ба ин пешниҳодот чӣ вокуниш нишон медиҳанд.

Ховъер Солана, раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба кумитаи хориҷии Парлумони Аврупо дар Брюссел гузориш дод, ки посухи Теҳрон ба пешниҳоди ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо собит хоҳад кард ҳарфҳои мақомоти Эрон дар мавриди ҳадафи осошта доштани барномаи ҳастаии кишвар то куҷо "ҷиддиянд".
Пешниҳодоти ҷадиди Иттиҳоди Аврупо то кунун дастрас нашудаанд ва аммо тахмин зада мешавад, ки Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумла, омода аст дар ивази қатъи ғанигардонии уран аз сӯи Теҳрон неругоҳҳои ҳастаии ғайринизомии Эронро бо реакторҳои оби сабук ва маводи сӯхт барои онҳо таъмин кунад. Ба назар мерасад, ки пазируфта шудан ё нашудани имтиёзҳои ҷадид ба тасмим дар мавриди эълони таҳримҳо алайҳи Эрон таъсири ҷиддӣ хоҳад гузошт. Ҷаноби Солана гуфт, аз сӯи Теҳрон рад шудани пешниҳодоти ҷадид комилан собит хоҳад кард, ки Теҳрон мехоҳад ба силоҳи ҳастаӣ дастрасӣ пайдо кунад.

Агар онҳо инро (пешниҳодро) рад кунанд, эҳтимолан ин нишонаи дигари рушане хоҳад буд, ки онҳо на фақат тавлиди энерҷиро дар назар доранд, онҳо (мақомоти Эрон) талоши боло бурдани сатҳи ғанигардониро доранд, ки бештар аз ниёзмандӣ ба тавлиди энерҷист ва онро мо метавонем ғанигардонӣ барои силоҳи ҳастаӣ ном бубарем.

Ҷаноби Солана гуфт, ки пешниҳодот то охирҳои ҳамин ҳафта аз сӯи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ва Иттиҳодияи Аврупо мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар ин нишаст Бритониё ва Фаронса, аъзои доимии Шурои амният ва Олмон аз Иттиҳодияи Аврупо намояндагӣ хоҳанд кард. Ин се кишвар муддати тулонӣ вориди музокирот бо Эрон буданд.
Теҳрон моҳҳои ахир ҳама гуна пешниҳоду мусолиҳа дар ивази қатъи ғанигардонии уранро рад мекунад. Ва аммо Иёлоти муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба Эрон иҷоза набояд дод, ки ғанигардонии уранро идома диҳад.
Масъули бахши равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо изҳори умедворӣ кард, ки Шӯрои амнияти Созмони Милал, бо вуҷуди норозигии аъзои доимии Шурои амният - Чин ва Русия, дар баробари Эрон тасмими муҳим хоҳад гирифт. Ховъер Солана афзуд, ки чанде пеш Пекину Теҳрон дар мавриди содироти дарозмуддати энерҷии Эрон ба Чин созишнома имзо карданд. Русия низ дар Эрон манфиатҳои иқтисодӣ дорад. Ва аммо, ба гуфтаи ҷаноби Солана, ӯ мутмаин аст, ки ҳарду кишварро метавон ба мавқеъи Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти муттаҳида дар баробари қазияи барномаи ҳастии Эрон моил кард.
Ҳамзамон Ховъер Солана ба боло рафтани нуфузи Эрон дар минтақа ишора намуд. Ба гуфтаи ӯ, Эрон метавонад дар эътидоли вазъ дар Ироқ саҳми калидӣ дошта бошад, Афғонистон низ дар бархе масоил "таърихан" зери таъсири ин кишвар қарор дорад. Теҳрон ҳамчунин метавонад тавассути сармоягузорӣ ба ҷунбиши ҲАМОС ба раванди сулҳи Ховари миёна таъсир расонад.
Ховъер Солана аз Эрон даъват кард, ки аз ин нуфузи худ бо эҳсоси масъулият кор бигирад:

Теъдоди, агар ин тавр гуфтан ҷоиз бошад, қартаҳои Эрон алҳол дар арсаи байнулмилалӣ рӯ ба афзоиш аст ва муҳим аст, ки Эрон бо ҳисси масъулият амал кунад ва инро (ҳисси масъулиятро) бояд дар оянда бештар собит кунад.

Ҷаноби Солана аз нахустин нишонаҳои сиёсати ҷадиди Иёлоти муттаҳида дар баробари Эрон - имкони шурӯъи робитаи мустақими Вошингтон ва Теҳрон хуш истиқбол кард. Равобити дипломатии миёни ду кишвар соли 1979 ҳангоми Инқилоби исломӣ дар Ирон, баъди ҳамлаи донишҷӯён ба сафорати Амрико дар Теҳрон ва гаравгон гирифтани кормандони сафорат гусаста шуда буд. Солана аз тасмими президент Ҷорҷ Буш, ки сафири кишвар дар Ироқро масъули музокирот бо мақомоти Эрон таъин кардааст, ситоиш намуд.
XS
SM
MD
LG