Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналистони тоҷик аз таърихи худ бехабаранд?


Муаллифи китоби мазбур, Қироншоҳи Шарифзода, яке аз журналистони шинохтаи тоҷик мегӯяд, дар баробари кӯшишҳои қавӣ дар мавриди рӯи кор овардани таърихи нахустин рӯзномаи миллӣ, то ҳанӯз норӯшанӣ дар ин самт боқӣ мондааст. Зеро ҳамакнун шумораҳои «Бухорои Шариф», ки дар осорхонаи Бухорои Ӯзбакистон маҳфузанд, барои пажӯҳишгарони тоҷик дастнорас шудаанд:

«Дар китоби «Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ», ки иборат аст аз мақолаҳои банда, кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки моҳияти пайдоиши нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар рушди журналистикаи баъдии миллӣ баррасӣ гардад. »

Устодони Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон бар ин назаранд, ки мушкили нахустини рӯзноманигорони ҷавон набуди адабиёт ва адами таърихномаи журналистикаи миллист. Хуршеди Атовулло, журналист ва мударриси ин Донишгоҳ мегӯяд, «Дар тӯли беш аз 15 соли истиқлол шогирдон бо маҳзи набуди адабиёт таърихи журнаилстикаи русиро меомӯзанд».

Маҳмудхон Шоев, мударриси дигари риштаи рӯзноманигории ДДМТ меафзояд: «Доир ба таърихи журналистикаи тоҷик мо адабиёти лозима надорем. Лекин адабиёт оид ба журналистикаи рус ниҳоят зиёд аст ва дастрас кардани он низ ниҳоят осонтар аст»

Дар ҳамин маврид, созмонҳои хайрияи байнулмилалӣ кӯшишҳо кардаанд, ки норасоии адабиёти дарсиро рафъ кунанд. Ва аммо Хуршеди Атовулло мегӯяд, талоши ин созмонҳо ба масали маъруфи тоҷикӣ «ба ҳован обкӯбист». Зеро кӯмаки ин созмонҳо иборат аз адабиёти русӣ ва таърихи журналистикаи ғарб аст:

«Масалан, бунёди Сорос китоби журналисти рустабори қазоқ Эдуард Политаевро тарҷума, нашр ва пешкаши донишҷӯёни факултаи рӯзноманигории тоҷик кардааст. Муаллифи номбурда аз заминаҳои пайдоиши жанри тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон тамоман бехабар аст ва ин асар, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардид, дархӯрди журналистикаи тоҷик нест. »

Маҳмудхон Шоев меафзояд, мушкили дигар барои пажӯҳишгарони журналистикаи тоҷик набуди маблағ аст:

«Пажӯҳишгарони таърихи журналистикаи тоҷик ба сарпараст ва маблағгузор ниёз доранд. Китобҳое, ки чоп мешаванд аз ҳисоби худи муаллиф нашр мешаванд ва маблағи зиёд талаб мекунанд. Маъоши муаллим (аслан пажӯҳишгарон мударрисони макотиби олианд) кӯчак аст ва дар баробари зиндагониро пеш бурдан нашри китоб низ аз гиребони ҳамин ҳамёни нопурра мегирад.»

Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Искандари Хатлонӣ... ва беш аз 70 тан аз рӯзномнигорони касбии дигар, ки дар солҳои ваҳими ҷанги шаҳрвандӣ қурбон шудаанд, барои журналистони ҷавон ошно нестанд. Зеро то ҳанӯз ба иттилоъи Хуршеди Атовулло, муҳассилини риштаи рӯзноманигории тоҷик бо ҷурми набуди адабиёти дарсӣ таърихи зиндагиномаи Эдуард Политаев, Влад Листев ва даҳҳо журналистони дигари русиро меомӯзанд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG