Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навъҳои ошнову ноошнои варзиш дар Тоҷикистон


Дар назари аввал голф як бозии ғайримуқаррарӣ ва дилгиркунандаи тӯлонӣ менамояд, вале чунин нест. Дар майдонҳои васеъи зебо, ки дорои ҳаджаҳ ва нӯҳ сӯрохии хурд аст, бозигарон саъй мекунанд, бо зарбаҳои ҳарчӣ камтар тӯбро ба он сӯрохиҳо ворид намоянд ва аз оғози марра тӯбро ба сӯрохии майдони ниҳоӣ, яъне сӯрохии "паттинг грин" ворид созанд.

Бозигарони голфро дар майдонҳо монеаҳои зиёд интизор аст, аз қабили қитъаҳои регӣ, дорои сабзазорҳои баланд ва ҳамчунин кӯлҳо. Барои сохтани майдонҳои зебову ҳамвор ва либосҳои махсусу тамрини ин бозӣ пули зиёд сарф мешавад. Шояд аз ин аст, ки иддае голфро бозии шоҳону раиси ҷумҳурон мехонанд. Аммо Васлав Янушек - намояндаи Федератсияи Голфи Ҷумҳурии Чех ба ин гуфта розӣ нест:

"Роҷеъ ба голф мегӯянд, ки ин як навъ бозӣ барои ашрофзодаҳову сарватмандон аст, аммо ин гуфта воқеият надорад, зеро ин навъи варзиш барои бисёриҳо ва ҷавонон низ бисёр муносиб аст ва онҳо бисёр голф бозӣ мекунанд. Вале агар ҳар касе ба хотири тафреҳ ва хушҳолӣ голф бозӣ мекунад, чун дар дигар навъҳои варзиш ба мисли теннис ва ё лижаронӣ бояд пуле пардозад ва ин рӯшан аст."

Дар саросари ҷаҳон тибқи омор 60 миллион нафар ба бозии голф шуғл меварзанд, чӣ пир ва чӣ ҷавон. Воқеан яке аз тафовути амиқи голф аз дигар навъҳои варзиш дар он аст, ки синну сол дар он муҳим нест, тавре ки дар дигар навъҳои варзиш синни варзишгар аҳамияти зиёд дорад. Ватани голфро Шотландия меноманд ва умри онро бештар аз 150 сол. Дар Шотландия Бритониё, Амрико ва кишварҳои зиёди дигар мухлисони голф бениҳоят зиёданд.

Бен Эванс сухангӯи Бунёди рушди Голф дар Бритониё сабабҳои маҳбубияти голфро дар кишвараш ва умуман дар ҷаҳон чунин шарҳ дод:

"Ба андешаи ман инҷо сабабҳои мухталиф аст. Яъне голф бозии бисёр хуб ва он машқи хуб дар давоми вақти тӯлонист. Он як тамрини бисёр олӣ ва чаҳор соат кор дар табиати зебост. Ин аст яке аз омилҳои маҳбубият ва ҷаззобияти голф. Дигар ин ки гол як бозиест, ки ҳар инсонро ба чолиш мекашад, он барои мутахассисаш ҳам як бозии бисёр мушкил аст. Голф ҳамчунин як бозие шинохта шудааст, ки самимият ва ваҳдатро миёни бозигаронаш тавлид мекунад, зеро бозигар бояд довари худ бошад ва ба ҳисобу бозии худ назорат барад."

Як навъи дигари варзиш ҳаст, ки дар он ҳам мисли бозии голф аз чавгон ва тӯб истифода мебаранд ва майдони бозии он низ сабзазор аст. Аммо ин навъи бозӣ, ки чавгонаш меномем мисли голф ба мардуми Тоҷикистон ноошно нест.

Чавгонбозӣ аз бозиҳои қадимаи варзишии мардуми форсизабон аст, ва замони шӯравӣ низ дар Тоҷикистон бисёр роиҷ буд. Агарчӣ дастаи Тоҷикистон дар лигаи олии иттиҳоди шӯравии собиқ низ бозӣ кардааст, аммо ин навъи варзишро тайи 13 сол дар Тоҷикистон тақрибан ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт ва аз ёдҳо низ зудуда шуд. Алимаҳмад Мирзоев, раиси кумитаи варзиши шаҳри Душанбе гуфт, бо мусоидати ҳукумати пойтахти Тоҷикистон ин навъи варзиши қадимаро аз нав эҳӣ карданд. Акнун мусобиқоти шаҳрӣ баргузор мегардад, Федератсияи чавгонбозон ташкил ёфтааст. Аммо бо вуҷуди ин шикояту дардҳои чавгонбозону бозии чавгон дар Тоҷикистон зиёд аст.

Дабири Федератсияи Чавгонбозони Тоҷикистон ва мураббии чавгонбозӣ Екатерина Юсупова аз ҳоли чавгони Тоҷикистон шиква мекунад:

"Пеш аз ҳама ба мо васоили чавгонбозӣ ва варзишгоҳ ниёз дорем. Моро ба варзишгоҳҳо роҳ намедиҳанд. Баъзан бозигарони мо бо раҳбарони варзишгоҳҳо ба мувофиқа мерасанд ва мо аз варзишгоҳҳо мувақаттан истифода мебарем, вале баъдан талаб мекунанд, ки варзишгоҳро холӣ кунед ва шумо иҷозаи бозӣ дар ин ҷоро надоред. Дар маҷмӯъ барои мо бисйор сахт аст. Чун мо ин навъи варзишро дӯст медорем, барои ҳамин меоем ва машқ мекунем."

Албатта бозиҳои азёдрафта мухлисони кам доранд, аммо Екатерина Юсуфова мегӯяд, ин навъи варзиш на аз хоккей, на футбол ва дигар анвоъи варзиш ҳеҷ камие надорад ва дидани як бозӣ кофист, то мухлиси чавгон шавӣ. Мусоҳиби аз мусобиқаи чавгонбозони шаҳри Душанбе ёдоварӣ мекунад:

"Мухлисон агар мусобиқаи моро тамошо мекарданд, лаззат мебурданд. Барои сабти мусобиқаи мо аз телевизиони Сафина ва телевизиони давлатии Тоҷикистон омаданд. Яке аз онҳо дар назди ман меистод ва бозиро назора мекард, чун ҳиллаҳои бозигарон ва ҳамлаҳои онҳоро дид, гуфт, бозии зӯр бозии хуб будааст."

Екатерина Юсуфова аз мураббиёни камшумори чавгонбозӣ дар Тоҷикистон бо вуҷуди ҳама мушкилот хушбин аст ва мегӯяд ин бозии қадима, ки ҳазорсолаҳо боз фаромӯш нашудааст, боз ҳам мухлису ҳаводори зиёд пайдо хоҳад кард, ва на камтар аз бозии хоккей, ки дар Тоҷикистон дӯсташ медоранд.

Яке аз бозиҳои дӯстдоштаи дигар дар ҷаҳон, бозии регбӣ аст, ки он ҳам барои сокинони Тоҷикистон ноошност. Регбиро метавон яке аз бародарони футбол ва ё писари футбол номид. Сарчашмаи ин бозӣ маҳз футбол аст ва ҳамингуна ватани регбӣ Инглистон. Ба тасвири мукаммали ин бозӣ намепардозем, чун аксарияти сокинони Тоҷикистон равиши ин бозиро дидаанд, ки чӣ гуна бозигарони зиёд саъй мекунанд, тӯби тухмшаклеро ба майдони рақиб чӣ бо даст ва ё по ворид намоянд.
Бархӯрдҳои сахт ва часпу талошҳои варзишгарон барои ситонидани тӯб аз дасти рақиб дар назари аввал ин бозиро ба чашми бинанда бисёр бераҳмона ҷилва медиҳад.

Аммо Павел Берйин бозигари дастаи Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва намояндаи Федератсияи Регбии Русия мегӯяд, регбиро ҳеҷ гоҳ наметавон бозии пурхушунат ва бераҳмона номид:

"Регбӣ бозии пуршиддат аст, аммо бераҳмона нест. Дар бозиҳои бераҳмона ҳадафи бозигарон зарбу лат ва озор додани рақиб ва қоидаҳои бозӣ ба ин иҷоза медиҳанд. Аммо дар бозии регбӣ ин чиз мушоҳида намешавад, дар регбӣ бархӯрди сахти физикии рақибон вуҷуд дорад, аммо тибқи қоида озор додани рақибро қатъиян манъ аст."

Дастаҳои регбибозон 15 нафарӣ мешаванд ва дар ин бозӣ пирӯз ҳамон дастае мешавад, ки тӯбро ҳар қадар зиёд аз хатти дарвозаи рақиб мегузаронад. Бозии регбӣ чун футбол низ ду қисмат дорад, аммо на 45 балки чил дақиқаӣ. Мухлисони регбӣ дар Бритониё, Фаронса, Австралия, Зеландияи Нав, Африқои Ҷанубӣ зиёд ҳастанд. Ҳар навъи варзишро барои хосиятҳои вижаи он дӯст медоранд. Регбиро барои кадом хусусиятҳояш?

Павел Берйин намояндаи Федератсияи Регбии Русия:
"Ба андешаи ман сабаби маҳбубияти регбӣ на сахтии бозӣ аст, балки ин як навъи варзиш барои мардон аст, ки дар ҷараёни он метавонӣ нерӯву эҳсоси манфии худро хориҷ кунӣ ва пас аз он ҳолати оддӣ дошта бошӣ. Ва баъдан ин яке аз сабабҳои дигари маҳбубияти регбӣ қадимӣ будани ин бозӣ аст, ки 150 сол умр дорад ва фарҳангу анъанот яке дигар аз сабабҳои маҳбубияти регбӣ аст."

Қаҳрамони феълии ҷаҳон оид ба регбӣ Инглистон аст ва мусобиқот барои дарёфти ҷоми ҷаҳонии регбӣ соли оянда баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG