Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши пайомадҳои иҷтимоъии муҳоҷирати корӣ


Созмони байналмилалии кор дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барномаи наверо таҳти унвони «коҳиши пайомадҳои иҷтимоии муҳоҷират дар хонаводаи муҳоҷирин тавассути рушди иқтисоди маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ» амалӣ созад. Ҷамшед Қуддусов-ҳамоҳангсози барномаҳои созмони байналмилалии кор дар Тоҷикистон гуфт, ҳадафи асосии ин барнома муайян намудани таъсири муҳоҷирати корӣ ба оилаҳои тоҷик ва ҳамзамон дар миқиёси як ноҳия таҳия намудани роҳҳои кумак ва дастгирии пайвандони муҳоҷирин мебошад:

«Аллакай мо медонем, ки дар бисёр ҳолатҳо муҳоҷирон мераванду бар намегарданд, оилаҳо парастор ва фарзандон бепадар мемонанд. Сабаб, давомнокӣ, то чи андоза таъсир расонидани ин омилҳо имрӯз дар ҷомеаи мо омӯхта нашудааст. Ҳамчунин вобаста ба минтақаи маҳалли зист, водӣ, шаҳр ва деҳот таъсири он метавонад гуногун бошад. Шояд таъсири мусбати ин раванд ҳам бошад ва ин чиз як омӯзиши пурра металабад, ки мо гӯем ин омилҳо ҳастанд ва барои қисмати манфии онро камтар кардан чӣ чораҳо лозим аст. Дар натиҷа мо метавонем маълумоти муфассале ба даст орем».

Ҷаноби Қуддусов афзуд, бар асоси муқаррароти байналмилалии муҳоҷират, муҳоҷирати корӣ яке аз фаъолиятҳои хатарнок ба шумор мерафтааст ва созмони байналмилалии кор солҳои ахир барномаҳои мухталифро барои кумак ба оилаҳои муҳоҷирини кории ин кишвар амалӣ месозад:


«Созмони байналмилалии кор ягона ташкилоти махсусгардонидаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили кор аст. Муҳоҷирати корӣ аз нигоҳи ташкилоти байналмилалии кор пеш аз ҳама дар доираи ҳалли масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ зарур аст, зеро муҳоҷират равандҳои гуногун дорад ва маҳз муносибатҳои меҳнатӣ, ки дар байни муҳоҷир ва корфармои хориҷӣ ба миён меояд, он қисматест, ки созмони байналмилалии кор дар соҳаи муҳоҷирати корӣ сарукор дорад».

Коршиносони масоили муҳоҷират мегӯянд, раванди муҳоҷират ба беҳбуди рӯзгори мардум мусоидат мекардааст, Масъуд Собиров-коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, солҳои ахир аз ҳисоби даромади муҳоҷирин вазъи зисти хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистон беҳбуд дидааст.

«...Аз назари иқтисодӣ ҳам пули хуб меоранд. Ба деҳот вақте меравед, мебинед, ки аллакай сатҳи зиндагӣ дигар шудааст, тарзи нави хонасозӣ ба назар мерасад. Ман аз як тараф хурсанд мешавам, ки мардум соҳиби пул ва манзили хуб шудаанд, вале дар ҷумҳурӣ ҳам бояд саҳмдор бошанд, биёянд кор кунанд. Ин кишварро ҳам обод кардан даркор аст. Масалан, аксари ҷавононе, ки мераванд, зану кудак доранд ва ҳамаи онҳо ҷои кор ёфта наметавонанд, мераванд дигар барнамегарданд. Хонааш бесоҳиб, тарбияш бесоҳиб. Бубинед, як зане, ки ҷои кор надорад чор-панҷ кудакро чӣ гуна тарбия мекунад? Масалан, маблағе надорад, ки ба ӯ либос бигирад. Вазнин аст охир, на ҳама ҷои кор меёбанд ва на ҳама муҳоҷир пулдор мешавад. Инашро ҳам фаҳмидан даркор.»

Дар ҳамин ҳол, тарафҳои манфии муҳоҷират, яъне ба зодгоҳ барнагаштан ва ташкил додани оилаҳои мустақил низ ба назар мерасад. Гузашта аз ин, дар кишварҳои дигар марги муҳоҷирин бар асари ҳодисаҳои мухталиф мушоҳида шудааст. Хонводаҳо ва аъзои оилаи баъзе муҳоҷирин дар кишвари муҳоҷират бесарпаноҳ ва бепарастор мемонанд. Руслан Кароматов як ҷавони тоҷик, ки дар Русия 8-сол ба муҳоҷирати корӣ машғул буд, мегӯяд, барои дарёфти пул ва ҷои кор аксари муҳоҷирини корӣ дучори бемориҳои мухталиф мешаванд. Ба қавли вай, бештари муҳоҷирин дар сармои зимистон манзили зист надоранд, аз ин ру ба бемориҳои сармохурдагӣ гирифтор мешаванд:

«Мардуми мо вақте аз ин су ба Русия раҳакӣ мешаванд, баъзеяшон хонаеро иҷора мегиранд, аммо баъзеи дигарашонро мебинӣ, ки дар таҳхонаву хоктудаҳо хоб мекунанд. Гуруҳи дигар дар ҷои корашон, яъне дар ҳамон бинои сохтмонӣ шабро мегузаронанд ва бо азобу машаққати зиёд дучор мешаванд».

Дар авоили ҳамин сол барои ҷилавгирӣ аз чунин душвориҳо созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар мустақар дар Тоҷикистон роҷеъ ба ҳуқуқи инсон ҳангоми фаъолият ҳамчун муҳоҷири корӣ бо номи «мубориза бар зидди қочоқи инсон ва оқибатҳои он ҳамчун кори маҷбурӣ» дар навоҳӣ ва вилоятҳои Тоҷикистон давраҳои омузишӣ баргузор карданд.
XS
SM
MD
LG