Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи Қулма дубора боз шуд


Гузаргоҳи марзии Қулма дар марзи байни Тоҷикистону Чин дубора барои равуои мусофирин ва ҳаракати нақлиёт боз шудааст. Муҳиддин Ҷумъаев, намояндаи идораи гумруки вилояти Бадахшон ба Родиёи Озодӣ гуфт, тайи 6 рӯзе, ки аз боз шудани роҳи ағбаи Қулма мегузарад, дидбонгоҳи гумрукии Қулма то кунун ҳаракати ҳеҷ навъ василаи нақлияро аз ин масир мушоҳида накардааст ва танҳо афроданд, ки аз ин ағба аз ин сӯ ба қасди Чин ва аз он ҷониб ба қасди Тоҷикистон убуру мурур мекунанд.

Роҳи Кӯлоб - Қулма расман дар моҳи майи соли 2004 боз шуда буд, вале то кунун ҳаракат аз ин масир танҳо дар 10 рӯзи охири ҳар моҳ ва он ҳам аз баҳор то тирамоҳ сурат мегирифт ва аз моҳи ноябр то моҳи май ба маҳзи номусоидии обу ҳаво ва боришоти барф ағбаи Қулма барои равуо баста мешуд. Акнун қарор шуда, ки роҳи Қулма тамоми нимаи дуввуми моҳҳои май - ноябр фаъол бошад.

Намояндаи идораи гумруки вилояти Бадахшон мегӯяд, ҳарду ҷониби Тоҷикистону Чин тарафдори ба як масири доимӣ табдил додани роҳи Хоруғ -Қулма -Қошғар мебошанд, вале адами маболиғ ва шароити номусоиди ин минтақа, ки кӯҳистониву душворгузар аст, монеъи иҷрои ин барнома шудааст.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG