Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$: Рӯ ба пойин


Бо вуҷуди боло рафтани фоизи баргаҳои қарза аз сӯи Бонки федеролии Амрико ва бо вуҷуди як андоза манъ шудани раванди пастравии қурби доллар бозорҳои ҷаҳонӣ дар тӯли ҳафтаи гузашта ҳамчунон шоҳиди коҳиш ёфтани қимати саҳом будаанд. Як иллати аслии чунин пойинрафти арзиши саҳом изҳори нигарониҳои Волстрит дар бораи мизони таваррум дар Амрико ва ҳамин тавр, нархҳои ҳангуфти нафт ва идомиа танишҳо дар Ховари Миёна гуфта мешавад.

Ба ҳар сурат, доллари амрикоӣ тайи тақрибан 2 моҳи ахир ба шикастҳои пайдарпайе дар бозори асъор рӯбарӯ буд ва танҳо аз аввали моҳи апрел ба ин сӯ қурбаш дар муқобили соъир асъори муҳими хориҷӣ 8 дарсад коҳиш ёфтааст. Ба назари таҳлилгарон, мақомоти дороии кишварҳои ҷаҳон гӯиё бо чунин раванд мувофиқанд ва мехоҳанд авоқиби сӯъитавозунҳоеро, ки дар тиҷорати байни кишварҳое, ба мисли Амрикову Чин ба вуҷуд омадааст, аз ҳамин роҳ рафъ кунанд.

Андерс Аслунд, коршиноси Пажӯҳишгоҳи иқтисоди байналмилалӣ мегӯяд, як ҳадаф аз коҳиши қурби доллар таҳияи шароити муносибтар барои афзоиши мизони содироти Амрико ва ба ин тариқ ислоҳи тансуби манфии тиҷорати хориҷии он кишвар низ ҳаст, ки маъмурияти Ҷорҷ Буш пеш гирифтааст, вале ин кор набояд ба чунин минвол идома ёбад. Бо ин вуҷуд, оқои Аслунд мӯътақид аст, ки: "Дар ҳар сурат, бозори асъор як бозори озод аст, ва онҳо ба ҷуз аз пахши баёнияҳо бо ягон василаи дигар дар умури ин бозор дахолат намекунанд. Интизороти аксар ин аст, ки қурби доллар дар оянда боз ҳам пойин хоҳад рафт. Аз сӯи дигар, соли гузашта низ ин чизро интизор доштанд, вале рух надод. Ин шояд натиҷаи хеле бештар аз интизорот ба Амрико ворид шудани долларҳое буд, ки аз ҳисоби тиҷорати нафт ба даст омаданд."

Андерс Аслунд дар бораи авоқибе, ки пойинрафти қурби доллари амрикоӣ метавонад, барои иқтисоди кишварҳои шарқи Аврупо ва ба хусус Русияву Украина ба бор оварад, гуфт: "Се чизе ҳаст, ки таҳти таъсири мустақим қарор мегиранд. Якум ба нархи маҳсулот, ба вижа дар чаҳорчӯби он қарордодҳое, ки қаблан имзо шудаанд. Ва ин чунин маъно дорад, ки Русия, масалан. аз содироти молҳояш назар ба он чи ки мехоҳад, маблағи камтар ба даст хоҳад овард. Аз ҷумла аз ҳисоби қарордодҳои нафту газ, ки Русия барои як ё ду соли наздик бастааст, Русия як қисми фоидаи фаровонеро, ки бояд мегирифт, аз даст медиҳад. Дуввуман, мардум пасандозҳои худро бо доллар ҷамъ меоваранд ва ин ба қишри миёнаи мардум таъсир мерасонад.Ба ин тартиб, қишри миёна хеле аз дороии худро бой медиҳад. Ҳам аз ҳисоби таваррум ва ҳам аз ҳисоби коҳиш ёфтани қурби доллар. Ва севвумин чизи таъсирпазир маошҳоест, ки бахши аъзамаш бо доллар таъйин шудаанд. Ин маошҳо бояд тағйир дода шаванд. Ин маоши бахши хусусист ва дар натиҷа осебаш ба мардум мерасад. Ва боз ҳам қишри миёна зиён мебинад. Ба назари ман, осеби бузургтарин дар натиҷаи коҳиши қурби доллар ба маошу пасандозҳо мерасанд ва дар натиҷа маошу пасандози мардум хеле коҳиш хоҳанд ёфт."

Андерс Аслунд, коршиноси Пажӯҳишгоҳи иқтисоди байналмилалӣ мегӯяд, чунин пойинравии қурби доллар таъсири чандоне ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ нахоҳад дошт, албатта, ба истиснои мардумаш, ки низ бахши аъзами пасандозҳои худро бо доллар ҷамъ кардаанд: "Тиҷорати онҳо бо Аврупо хеле кам аст. Барои Қазоқистон, ин раванд каме таъчсир дорад, аммо начандон. Барои Туркманистон низ. Туркманистон асосан аз ҳисоби газ зиндагӣ мекунад, ки нархаш бо доллар муқаррар шудааст, аммо дар ҳар сурат нархҳо босуръат боло мераванд."

Аммо дар ҳамин ҳол, арзиши доллари амрикоӣ дар бозори асъори Тоҷикистон ва дар дӯконҳои саррофии ин кишвар коҳиш наёфта, балки баръакс як каме боло рафтааст. Таварруми пули миллӣ, ки дар семоҳаи аввал 3,4 дарсадро ташкил додааст, ва боло рафтани нархи маҳсулот ва амволи манқулу ғайриманқулро таҳлилгарон як далели аслии тақрибан бетағйир боқӣ мондани қурби доллар дар бозори арзи Тоҷикистон медонанд. Коршиноси барномаи мо Тоҳири Абдуҷаббор аммо мегӯяд: "Бозори асъори Тоҷикистон як бозори содда аст ва ба он чи ки дар бозори ҷаҳонӣ иттифоқ меуфтад, хеле бо кундӣ вокуниш нишон медиҳад. Аз сӯи дигар, пули муҳоҷирон аст, ки асосан бо доллар вориди кишвар мешавад, ва аз ҳисоби ҳамин пул, давлат таносуби манфии мавҷуда дар тиҷорати хориҷашро ҷуброн мекунад. Агар пули муҳоҷирин набуд, қурби пули миллии сомонӣ дар баробари доллар хеле пойинтар мерафт."


Бо ин ҳол, Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, дигар дар биржаи байнибонкии асъор дахолати мустақим надорад ва қурби ҳамарӯзаи доллару евро ва соъир асъори хориҷиро дар ин биржа бар асоси мубодилаи байни бонкҳо муайян мекунанд. Аммо ба назари коршиносон, тақрибан бидуни тағйир боқӣ мондани арзиши доллар дар бозори арзи Т , аз як сӯ, натиҷаи интервенсияҳои арзии Бонки Миллӣ низ ҳаст, ки асъори барзиёди аз ҳисоби афзоиши нархи ҷаҳонии пахтаву алюминиум, ду маҳусулоти умдаи содироти Тоҷикистон бадастовардаи давлатро ба сурати фаровон вориди ин бозор мекунад.
XS
SM
MD
LG