Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қадам пеш, ду қадам қафо?


Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи зимни суханронӣ дар Страсбург, яъне дар ҳоле, ки барномаҳои Маскавро барои раёсати шашмоҳаи Шӯрои Кумитаи Вазирони Аврупо шарҳ медод, гуфт, Русия мехоҳад ваколати Шӯроро дуртар аз марзҳои дифоъи ҳуқуқи башар ва таблиғи демократия густариш диҳад:

Мо бовар дорем, ки мо на танҳо дар самти ҳифз ва рушди масоили анъанавии барномаи Шӯрои Аврупо ҳамкорӣ мекунем, мо ҳамчунин ҳамкориҳоро дар бахшҳои нав, ба вижа дар заминаи ҷустуҷӯи роҳҳои муассир дар муқобили хатарҳои терроризм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноёти муташаккил ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи куштори дастаҷамъӣ густариш медиҳем.

Вазири умури хориҷаи Русия ҳамчунин ишора намуд, ки Маскав давраи раёсати худро барои мубориза бар зидди, ба гуфтаи ӯ, меъёрҳои дугонаи Ғарб нисбати Русия ва дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ истифода хоҳад кард.
Чунин изҳори назарҳо аз ҷониби Маскав боиси нигарониҳои Ғарб аз раёсати даврагии Русия шудааст. Шӯрои номбурда аз вазирони умури хориҷа ва намояндагони доимии дипломатии тамоми кишварҳои узв иборат аст.
Ҳафтаи гузашта Коммисиони Шӯрои Аврупо Маскавро дар робита ба нажодпарастӣ ва адами таҳаммул танқид карда буд, ки алайҳи ҷиноятҳои афзоянда дар заминаи нафрати нажодиву мазҳабӣ иқдоми ҷиддӣ нагирифтааст.
Ҳамчунин ҳафтаи гузашта Федератсиони Байналмилалии Ҳуқуқи Башари Ҳелсинки Русияро барои таъсиси зиндонҳои махфӣ дар Чеченистон интиқод намуд ва аз Шӯрои Аврупо тақозо кард, ки ин масъаларо тафтиш кунад.
Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, Русия ба ҷои густариш додани ваколати Шӯрои Аврупо бояд ба баробар кардани худ ба меёърҳои таъинкардаи Шӯрои Аврупо талош кунад.
Диедерик Лоҳман, аз гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ки дар тӯли даҳ соли узвият дар Шӯрои Аврупо, Русия дар бахшҳои муҳими озодиҳои демократӣ, баръакс, ақиб рафтааст:

Русия дақиқан, дар муқоиса бо соли 1996 хеле камтар демократӣ аст. Озодии баён, озодии васоили ахбор дар тӯли 10 соли ахир шадидан маҳдуд шуданд. Илова ба он, дар Чеченистон ҳамоно низоъи мусаллаҳона давом дорад ва он ҷо одамон ҳамвора дар дасти нируҳои Русия ва ё нируҳои чечени ҷонибдори Маскав, нопадид мешаванд. Вале Русия дар барои қатъи чунин табъйизҳо ва ё ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон қадами муассире нагузошааст.

Лоҳман афзуд, ки Русия барои ислоҳоти бисёр бахшҳо, ба шумули ислоҳоти додситонӣ ва хадамоти амният ниёз дорад ва ҳамчунин бояд ҳукми эъдомро лағв намуда, аз ҳуқуқҳои оддитарини башар, аз қабили озодии баён ҳимоят кунад.
XS
SM
MD
LG