Тарҳи Қарори нави Вазорати фарҳанг дар бораи қоидаҳои сабти номи воситаҳои табъу нашр дар маҳфилҳои хабарнигорон ва коршиносон баҳсҳои зиёдеро дар пай овардааст. Ба назари аксари коршиносон, муқаррароти ҷадиди сабти ном дар Вазорати фарҳанг марҳилаи шурӯъ ба фаъолияти ҳама воситаҳои навтаъсиси табъу нашр, ба хусус расонаҳои чопиро печида ва душвортар хоҳад кард. Вале Одина Ҳомидов, муовини сардори бахши табъу нашр дар Вазорати фарҳанг дар шарҳи Қарори мазкур мегӯяд, он масъалаи сабти номи воситаҳои табъу нашр, аз ҷумла нашрияҳоро танзим хоҳад кард: «Дар Вазорати фарҳанг беш аз 80 нашриёт, наздики 90 чопхона вабеш аз 300 нашрия сабти ном шудааст. Лекин бархе аз онҳо дар ҳоли кунунӣ ба сабаби мушкилоти молӣ бархе аз ин чопхонаву нашриёт ва нашрияҳо сари фаъолит нест. Ин Қарор бо Вазорати адлия низ мувофиқа карда шудааст ва баъди тасвиби он тамоми воситаҳои табъу нашр азнав сабти ном мешавад ва он гоҳ маълум хоҳад гашт кадоме аз онҳо амалан сари фаъолият аст.»
Аз Одина Ҳомидов пурсидам, Вазорати фарҳанг чи гуна қоидаҳои навро барои сабти васоити табъу нашр муқаррар кардааст?
«Масалан, ҳар як нашриёт бояд рӯйхати дастгоҳҳои чоп, иқтидор ва имконоти молии худро пешниҳод намояд. Инчунин инро ки бо кадом ҳадаф фаъолият хоҳад кард.Барои рӯзномаву маҷалла ва нашрия ҳатмӣ нест матбааи худро дошта бошад, метавонад дар чопхонаҳои дигар ба нашр бирасад. Вале бояд манбаъҳои маблағи худро нишон диҳад. Масалан, оё як нашрия баъди гузаштан аз қайди Вазорати фарҳанг метавонад ба таври доимӣ фаъолияти худро ба роҳ монад, агар рӯзнома аст, ҳар рӯз, ҳафтанома ҳар ҳафта ва моҳнома ҳар моҳ ба дасти нашр бирасад. Оё маблағгузор пайдо карда ва хонанда пайдо карда метавонад? Ин чизҳо ба таври мушаххас дар Қарор сабт шудааст.»
Ба ҳамин тариқ, муқаррароти нав шумораи дақиқи воситаҳои табъу нашри кишварро дар Вазорати фарҳанг ба қайд хоҳад гирифт.
Аммо ба назари коршиносони маҳаллӣ Қарори нави Вазорати фарҳанг эҷоди монеъагузорӣ дар пешорӯи воситаҳои табъу нашр, ба хусус расонаҳои навтаъсиси мустақил аст. Нуридин Қаршибоев, сарвари Иттиҳоди расонаҳои мустақили Тоҷикистон -- Нансмит: «Ба андешаи ман, тарҳи Қарори навро Вазорати фарҳанг баъди ба тасвиб расидани Низомнома дар бораи иҷозаномаи фаъолият таҳия кардаанд. Зеро он Низомнома ҳуқуқи додани иҷозанома ба расонаҳои электрониро дар ихтиёри кумитаи давлатии телевизион ва радио гузоштааст, ки ин як монеа эҷод кардан дар роҳи рушди расонаҳои электронӣ аст. То ин муддат низ Вазорати адлия зимни додани иҷозаномаи фаъолият ба воситаҳои табъу нашр хулосаи вазорати фарҳангро ба ҳисоб мегирифт. Аммо ин нукта, ки акнун вазорати фарҳанг мехоҳад барои додани хулоса аз воситаҳои табъу нашр, нашрияву чопхонаҳо маълумоти дақиқ дар бораи вазъ ва манбаъҳои молӣ, ҳолати фанниву техникӣ, рӯйхати кормандонро талаб кунад, ин ба назарам аз доираи ваколатҳои ин вазорат берун аст. Ин як кӯшиши таҳти назорат гирифтани корхонаҳои табъу нашр аст.»
Ба ақидаи Наҷмидини Шоҳинбод, коршиноси Суғд дар умури расонаҳои чопӣ, Қарори нави Вазорати фарҳанг сабти номи ба хусус расонаҳои навтаъсиси мустақилро хеле душвор мегардонад. Зеро аксари онҳо пойгоҳи моливу фаннии мустаҳкам зери пой надорад ва танҳо бо умеди ин ки бо шурӯъи фаъолият вазъи молиявии худро беҳбуд хоҳад бахшид, таъсис шудааст.