Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фурӯғ ҳасратҳоро зинда кард."


Номае дар ҳошияи барномаҳои гузашта Вақте мо ин ё он матнеро ба сомонаи интернетӣ мегузорем, албатта, умедворем, ки касе дар ҷое онҳоро хоҳад дид ва хоҳад хонд. Аммо гоҳе шубҳа низ ба дил роҳ меёбад, ки оё ин кори мо "ба ҳован об кӯбидан" набошад? Хушбахтона, аз дӯстони хонанда номаҳое мерасанд, ки ин шубҳаро аз байн мебаранд. Сипос мегузорем ба чунин хонандаҳо ва мегӯем, ки ҳамеша интизори номаи онҳоем. Бубинед, чи номаи самимона ва дилншине гирифтем.

"Салом акои Салим!

Ман ростӣ, родиои шуморо "мехонам" (дар интернет, албатта) ва матни барномаҳои "Корномаи Фурӯғи Фаррухзод" ва "Ф.Ф. -- "Таваллуди дигар"-ро хондам. Дар ҳақиқат, нашри ин китоб миёни дӯстдорони шеър дар Тоҷикистон инқилоберо ба вуҷуд оварда буд.

Солҳои 80-ум, ки давраи донишҷӯии мо низ ба охири он рост меояд, ман шоҳид шудам, ки чӣ хел духтарон ва ҷавонписарон ин китобро мепурсиданд. Дар хоҷагие, ки аз маркази шаҳр 60 километр дурӣ дошт, хушбахтона китобхонае арзи ҳастӣ карда буд. Рӯзе гузорам ба он мағоза афтоду китобчаи сурхи "Таваллуди дигар"-ро харидам. Сипас ба Донишгоҳ омадам. Китобро дидан замон гӯё қиёмат қойим шуда бошад, ҳамкурсон ба ман дарафтоданд. Шарикдарсон маро дар ҳамон гармои тобистон аз нав ба ҷониби Ёвон фиристонданд. Аз он ҷо 50 дона китоби Фурӯғ дар даст омадам боз ба Донишгоҳ. Донишҷӯёни курсҳои болоӣ аз ин огоҳ шуданд ва маро илтимос мекарданд, ки чанд баробаре ки хоҳӣ пул гиру ба мо ҳам аз ин китоб дастрас намо. Чун ин мартаба ба он ҷо рафтам, духтари зебои китобфурӯш, ки ӯву духтарони мо ҳам бо Фурӯғ ошно гашта буданд гуфт: "Таваллуди дигар"- тавонист як шӯру мағалеро бедор сохтааст. Он солхо ман шоҳид шудам, ки агар дар даст ин китобро медоштӣ, ҳатман аз касе хоҳиш мешуд, ки китобро аққалан барои варақ задан диҳед. Ҳамин хел бори дигар ба дунёи шеъру шоир, дунёи беғамиву беғашӣ ва билохира ба олами афсункору нотакрори шеъри Фурӯғ ворид гаштам. Ин барномаҳо як носталжӣ ва ё ҳасрати он давраҳои акнун дурро дар ман бедор карданд.Ташаккур барои ин, акои Салим."

Абдураҳмон Раҳмонов
XS
SM
MD
LG