Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари нав ба амнияти миллии Тоҷикистон


Ин нукта дар суханронии Шавкат Бозоров - роҳбари Гурӯҳи татбиқи лоиҳа оид ба ҳалли қарзҳои воҳидҳои пахтапарвар рӯзи 17 май дар шаҳри Душанбе садо дод:

"Ин қадар қарзе, ки ҳаст, дар ҳақиқат ба амнияти миллӣ низ таъсир дорад, зеро афзоиши қарзҳо на танҳо худи соҳаро, зери бори гарони қарз мемонад. Хосияти қарз ин аст, ки рушди соҳибкориро бозмедорад ва як қисми зиёди деҳқонони мо роҳи пардохтани қарзҳоро наёфта ва кор дар заминро раҳо карда истодаанд ва муҳоҷирони кории мо дар дигар давлатҳо зиёд шуда истодаанд. Ин ҳам яке аз проблемаҳоест, ки ба амнияти миллии мо ҳам таъсири худро мерасонад."

Шавкат Бозоров гуфт, бар асоси омори муқаддамотии Гурӯҳи татбиқи лоиҳа оид ба ҳалли қарзҳои воҳидҳои пахтапарвари Тоҷикистон то январи соли равон воҳидҳои кишоварзии машғул ба парвариши пахта бештар аз 280 миллион доллари амрикоӣ аз сармоягузорон бидеҳкор шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар панҷ соли қабл ин рақам 112 миллион долларро ташкил медод ва ба таъйиди ҳамин манбаъ баъид ба назар мерасад, ки кишоварзон битавонанд, дар даҳ соли баъдӣ низ онро пардохт кунанд. Оқои Бозоров афзуд, қарзи воҳидҳои кишоварзӣ бештар марбути бахшӣ хусусии ин соҳа будааст. Вай афзуд, бо ин вуҷуд ҳукумат роҳҳои муносиб ва мувофиқи коҳиши ин қарзҳоро ҷустуҷӯ мекунад, вале чунин ақида, ки имкон дорад, ин қарзҳо барои хоҷагиҳо бахшида мешавад, асос надорад.

Ин дар ҳолест, ки ба ақидаи Саидраҳмон Раҳмонов яке аз роҳбарони воҳидҳои кишоварзи панбапарвар дар ноҳияи Шаҳринав иллати аслии ба қарз ғӯтидани воҳидҳои кишоварзӣ сармоягузорон мебошанд. Оқои Раҳмонов гуфт, давлат фаъолияти сармоягузоронро назорат намебарад ва ҳамин беназоратӣ боис шудааст, ки дар бозори дохилӣ нархро онҳо муаяйн мекунанд. Оқои Раҳмонов афзуд, ки худи ӯ мустақим бидуни кӯмаки сармоягузор аз Бонки Ҷаҳонӣ қарз гирифта муваффақ шудааст,ки аз ҳар гектари замин ҳудуди ду ҳазор доллар фоида ба даст оварад.

Саидраҳмон Раҳмоновро бишнавед

Аммо Шавкат Бозоров - роҳбари Гурӯҳи татбиқи лоиҳа оид ба ҳалли қарзҳои воҳидҳоди пахтапарвар бар ин ақида аст, ки на танҳо сармоягузорон боиси қарздор шудани кишоварзон шудаанд.

Идомаи сӯҳбати Шавкат Бозоров инҷост

Аммо ба ақидаи бархе аз коршиносон дар бештари маворид деҳқонон ва раҳбарони воҳидҳои кишоварзӣ ҳангоми бастани қарордоди ҳамкорӣ бо сармоягузорон моҳияти ҳуқуқии ин аснодро хуб намефаҳманд. Ин коршиносон мегӯянд, дар панҷ соли ахир, ки марҳалаи хусусисозии замини кишт дар саросари кишвар ҷараён дошт, афроде соҳиби замин шуданд, ки маблағҳои дарёфтӣ аз сармоягузоронро ба самти дигар истифода карданд. Аз сӯи дигар ин коршиносон мӯътақиданд, ки хоҷагиҳои деҳқонии ташкилшуда дар кишвар имконот ва тавоноии харидории мустақими тухмӣ, сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои мошинҳои кишоварзиро надоранд ва аз ин рӯ маҷбур мешаванд, ба шароити пешниҳодии сармоягузорон розӣ бишаванд.

Масъуд Собиров як иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, то солҳои наздик кишоварзи тоҷик ризқу рӯзии хонаводаашро аз замин таъмин мекард, вале ҳоло вай роҳи гурез ва тарки заминро ихтиёр кардааст.

Мушоҳидаҳои Масъуд Собиров

Оқои Собиров афзуд деҳқоне, ки ба кишт ва парвариши панба машғул аст, маблағи кофӣ ба даст намеорад. Вай афзуд, дар ҳоле сармоягузор як тоннаи пахтаро дар бозори ҷаҳонӣ аз 1400 то 1800 доллар ба фурӯш мерасонанд, воҳидҳои кишоварзӣ аз ин миқдори маблағ аз 150 то 400 доллар ҳаққ ба даст меоваранд. Ба ақидаи коршиносон, бо таваҷҷӯҳ ба инки қимати пахта дар бозори ҷаҳонӣ дар ҳоли пойин омадан аст ва аз тарафи дигар иқлими Тоҷикистон барои парвариши дигар навъи сабзиҷот мусоид аст, коҳиши майдони кишти пахта яке аз роҳҳои ҳалли масъала мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки барои харидории сабзиҷот дар хориҷ аз кишвар низ ниёзмандон кам нестанд.

Бар пояи иттиллои мақомоти кишвар, ҷиҳати пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилоти қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ як коммисиюни мустақил ташкил шудааст. Шавкат Бозоров-роҳбари Гурӯҳи татбиқи лоиҳа оид ба ҳалли қарзҳои воҳидҳоди пахтапарвар гуфт, ин комиссиюн бояд мизони қарзҳоро мушаххас карда ва бо сармоягузорон роҳҳои пардохти онро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG