Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дави байнулмилалӣ дар Прага


Дар Дави байнулмилали Прага ҳама ҳақ дорад, ширкат кунад. Марафон аз Хиёбони Ватслав шурӯъ шуда, бахши бузурге аз қисмати қадимии шаҳрро мепечад ва дар Майдони Шарҳи Кӯҳна ба поён мерасад.Дар Марафони байнулмилалии Прага хонаводаҳо низ як сабқати махсус доранд.
Имсол омӯзгорон ва хонандагони мактаби байнулмилалии ҷопонии Прага тасмим гирифтанд, ҳама якҷоя дар марафон ширкат кунанд.
Сабқати варзишгарон хеле пуршиддат мегузарад ва шабакаҳои телевизион тамоми ҷараёни онро нишон медиҳанд.
Нишонҳои хотиравии Марафони байнулмилалии Прага ба ҳамаи ширкаткунандагони он тақдим карда мешаванд. Аммо ба ғолибони асосӣ аз 7 то 16 000 евро мукофот мегиранд.
Имсол Ҳасан Муборак Шамъӣ аз Қатар барандаи Марафони байнулмилалии Прага гардид ва Давид Кебмой ҷои дуюмро гирифту Йозеф Кипрович Нгени ҷои саввумро. Дар байни занон Алина Иванова аз Русия ҷойи аввалро ишғол кард. Дар дави байнулмилалӣ зиёда аз 4 ҳазор нафар ширкат варзид.
XS
SM
MD
LG