Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ зидди HIV/AIDS


Ин ҳамоишро Созмони Милали Муттаҳид омода карда ва Русия мизбонии онро бар дӯш гирифтааст. Ба гузориши СММ шумораи гирифторони бемории AIDS ва ангали HIV дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ босуръат рӯ ба афзоиш дошта, мавридҳои сабтшуда ба 1 миллиону 600 000 адад мерасад. Аксарияти онҳое, ки бо ин беморӣ ва ангал ба сар мебаранд, аз 30-сола поён буда, шумори занон дар миёни онҳо то рафт зиёдтар мешавад. Афзоиши муҳоҷират ба яке аз сабабҳои зуд паҳн шудани ангал ва бемории марговар дар Тоҷикистон шудааст.
XS
SM
MD
LG